Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ» баргузор шуд

Июнь 26, 2024 19:20

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ»- Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои раёсат, раис, муовини раиси ташкилоти ибтидони ҳизб аз нав интихоб шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома, ҳисоботи раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ» Ҳабибулло Назарзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаьолият дар давраи ҳисоботӣ- аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни соли 2024 ва вазифаҳо барои минбаьда шунида шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ» бахшида ба ҷашнҳои давлатию миллӣ, аз ҷумла Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи забони давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоиш бахшида ба китоби «Тоҷикон», маҷлисҳои умумии ҳизбӣ, соатҳои сиёсӣ, мизҳои мудаввар, конференсияҳои назариявӣ ва вохӯриҳо бо иштироки олимону шахсони баруманди мамлакат баргузор гардиданд.

Инчунин, обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, ки дар маҷмӯъ фаррох нигоҳ доштани доираи иттилоотикунонии ҳизбӣ, холӣ нагузоштани фазои сиёсӣ, ба аъзоён ва хонандагони он расонидани афкори мақсадноки фаъолияти ҳизбӣ мебошад, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ» ба рӯзномаи «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт» сари вақт амалӣ гардид.

Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои ташкилот пурра аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Сипас бо ҷонибдории аъзои ҳизб ва овоздиҳии озод аъзои раёсати Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ» иборат аз 5 нафар интихоб гардиданд. Ҳамзамон Ҳабибулло Назарзода раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ» ва Соҷида Каримӣ муовини раис интихоб гардиданд.

Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Салоҳиддин Абдуллоев сухан гуфта, оид ба расидан ба қадри хизматҳои шоёни Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи мамлакат, тақвият бахшидани фаьолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯсти ва хештаншиносӣ, вусьат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баҳри сазовор ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар охири ҷаласа Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Авиатсияи миллӣ» Ҳабибулло Назарзода ҳозиринро ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 19:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд