ҲАМКОРИИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Назари коршинос дар бораи равобити ду мамлакат дар шароити нави рушди минтақа ва ҷаҳон

Июнь 30, 2024 14:48

ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2013 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин роҳбарони нав ба сари ҳукумат омаданд, ки ин на танҳо сабаби ҷаҳиши босуръати иқтисоди Чин дар ҷаҳон гардид, балки он барои мамлакатҳои минтақа шароити наву мусоиди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро фароҳам овард. Аз ҷумла дар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳаввулоти ҷиддӣ ба амал омад. Ҳиссаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар гардиши савдо ва тиҷорати Тоҷикистон намоён буда, раванди ҳамкориии  ду мамлакат дар доираи беш аз 200 созишнома танзиму таҳия шудааст. Сармутахассиси раёсати  таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҳмадзоир андешаҳои худро оид ба муносибатҳои Тоҷикистону Чин ба унвони АМИТ «Ховар» пешниҳод кард.

— Таҳаввулоти ҷиддӣ дар равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳар ду мамлакати дӯст ва шарики стратегиро дар мисолҳои зерин метавон ифода намуд.

Якум, аз сатҳи робитаҳои муқаррарии расмӣ то ба шарикии стратегӣ баровардани ҳамкориҳои дуҷониба. Си Ҷинпин баъди интихоб шудан ба мансаби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар байни сарварони давлатҳои олам нахустин Президентеро, ки ба ҳузур пазируфт, Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зимни ин мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Роҳбарони ду давлати  дӯст барои тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба Эъломияи муштарак доир ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба имзо расониданд, ки оғози марҳалаи нави ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад.

Мавриди ёдоварист, ки баъди ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои дуҷониба густариши ҳамкории гуногунҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф ва илм, технология, фарҳанг, кишоварзӣ ва амнияти минтақавӣ  тақвият ёфтанд.

Тоҷикистону Чин дар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба якдигарро шарики боэътимод медонанд. Мамлакатҳо дар масоили минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи ҳамсон ё наздик доранд ва аз ташаббусҳои ҳамдигар дар сатҳи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд.

Соли 2014 дар дар ҳошияи Ҳамкории иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Осиё ва уқёнуси Ором мулоқоти навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  Си Ҷинпин баргузор гардид. Зимни мулоқоти мазкур Раиси  Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Ҷинпин се ҳадафи стратегии Тоҷикистон: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро «се ҳадафи стратегии шарикии Тоҷикистону Чин» номид.

Воқеан ҳам,  Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои стратегии худ ҳаҷм ва сифати сармоягузориҳои мустақимро дар бахшҳои иқтисодӣ ва кишоварзии Тоҷикистон бештар ва беҳтар намуд.

Дуюм, афзоиши бесобиқаи гардиши мол. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»  муносибатҳоро вусъат мебахшанд, зеро лоиҳаи мазкур ба рушди иқтисодии минтақа ва ҷаҳон такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ҳоле, ки вазъи созмонҳои молиявӣ ва бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳоли тағйир аст, густариши робитаҳои иқтисодӣ — тиҷоратӣ бо Чин бисёр муҳим ва саривақтӣ аст. Зеро Чин яке аз кишвари дорои иқтисоди қавӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Қобили тазаккур  аст, ки дар густариши робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Чин нақши Комиссияи байниҳукуматӣ, хусусан дар ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратӣ муҳим мебошад. Дар натиҷаи тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни ду мамлакат зеркомиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин таъсис дода шуд, ки ба афзоиши гардиши мол кумак намуд.

Мувофиқи нишондоди омории Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар гардиши савдои хориҷӣ, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи дуюм қарор дорад ва табодули мол сол то сол афзоиш меёбад. Масалан, соли 2021 гардиши мол 13,2%, соли 2022 ум 16,6 % ва соли 2023 аз рӯи фоиз 18 дарсад афзоиш ёфтааст.

Сеюм, сохтмони иншооту инфрасохтори муҳим ва стратегӣ. Дар мамлакат як қатор сохтмонҳо дар ҳамкорӣ бо Чин сохта шудаанд. Аз ҷумла,  Маҷмааи нассоҷии Чунтай, роҳи оҳани Ваҳдат -Ёвон, корхонаи сементбарории Хуаксин Ғайюр — Суғд, корхонаҳои истеҳсоли фторидӣ ва криолит, нақбҳои Шаҳристон, Хатлон, Дӯстӣ, Озодӣ, қитъаи роҳи мошингарди Дарвоз-Ванҷ-Рӯшон ва дигар иншооти муҳими аҳамияти стратегидошта.

Бо маблағгузории ҷониби Чин иншооти энергетикӣ дар Тоҷикистон сохта шуда истодааст. Ширкати чинии «ТВЕА» дар ҳамкорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази гармидиҳии Душанберо сохта ба истифода дод. Инчунин ба маблағи 37 миллион доллар хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи «Хуҷанд — Айнӣ»  сохта шуд. Чандин лоиҳаҳои дигар дар нақша ва қисме дар ҳолати иҷро ҳастанд.

Чи тавре  мебинем робитаҳо дар соҳаи энергетика ба таври густурда тавсеа ёфта, ба манфиати ду мамлакати дӯст ва ҳамсоя мебошад.

Дар баробари ҳамин,  ҷониби Тоҷикистон ва Чин амалӣ кардани лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ доштаро ба иҷро мерасонанд. Аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳани минтақавии Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон- Эрон, роҳи мошингарди Чин-Тоҷикистон-Узбекистон, роҳи мошингарди Чин-Тоҷикистон-Афғонистон ва амсоли инҳо.

Чорум, афзоиёш ёфтани шумораи корхонаҳои Чину Тоҷикистон.

Қобили тазаккур  аст, ки то имрӯз зиёда аз 70 корхона ва корхонаҳои муштараки Тоҷикистон ва Чин бо беш аз 300 лоиҳаҳои гуногун, асосан дар бахшҳои истеҳсоли семент, нақлиёт, маъдан, кишоварзӣ, энергетика ва дигар соҳаҳо фаъолият доранд. Зиёда аз 580 ширкат бо сармоягузории чинӣ дар соҳаҳои гуногун дар Тоҷикистон кор мекунанд. Ин тадбирҳо барои ҳам ба гардиши молии мамлакат кумак мекунад ва ҳам расидан барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноаткунонии босуръати ҷумҳурӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.

Панҷум. Ҳамкорӣ дар доираи С5+1.

Тоҷикистону Чин ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавии бисёрҷонибаро тавсеа додаанд. Аз  ҷумла, дар доираи Созмони Милали Мутаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Ҳамкории иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Осиё ва уқёнуси Ором, формати С5+1 ва дигар ташкилот тақвият дода,  аз дидгоҳҳои якдигар дар доираи созмонҳои мазкур ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар доираи формати  С5+1 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкориро  дар самтҳои таъмини амният, таҳкими дӯстӣ ва рушди устувори иқтисодӣ тавсия доданд. Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи формати С5+1 ба маблағи 3,72 миллиард доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кумаки бебозгашт кард. Инчунин сармоягузории Чин дар иқтисоди кишварҳои минтақа 15 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти кишварҳои минтақа ва Чин  баргузории формати С5+1-ро дар шаҳри Сиан рамзӣ донистанд, зеро Роҳи бузурги Абрешим аз шаҳри мазкур оғоз мешуд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар он ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сиёсатмадори соҳибтаҷриба, хирадманд ва оянданигар ва нақши Сарвари давлати тоҷиконро дар муносибатҳои дуҷониба бисёр баланд арзёбӣ карданд.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳафт маркази зеҳнии Чин санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, доир ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон табодули андеша менамоянд.

Дар маҷмуъ, муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталиф дар ҳолати рушд буда, дар сатҳи стратегии ҳамаҷониба тақвият ёфта истодаанд.

Ҷаҳонгир МАҲМАДЗОИР,
 сармутахассиси раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2024 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Баргузории он асос барои таъмини амнияти миллӣ маҳсуб мешавад