Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 7, 2024 18:01

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 июни соли 2024 №350
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Собирзода П.О.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Собирзода Парвиз Одинахон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 июни соли 2024 №351
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Мавлодод А.М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Мавлодод Абдулқодир Мавлодод бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 июни соли 2024 №352
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Раҳмонзода Л.Ш.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 июни соли 2024 №353
ш. Душанбе

Дар бораи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва
варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Шокирзода М.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шокирзода Муҳаммадтолиб муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 июни соли 2024 №354
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои
ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар
намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод намудани Фаттозода А.А.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 июни соли 2024 №355
ш. Душанбе

Дар бораи намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза
алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои
хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди
Давлатҳои Мустақил таъин намудани Шарифзода Ф.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ намояндаи ваколатдор дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона ва дигар намудҳои ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Июнь 7, 2024 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия