Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ беш аз 2 километр роҳи байнидеҳавӣ дар шаҳри Ҳисор пурра мумфарш мегардад
ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо пайравӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси сокинон ва соҳибкорон аз деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор тасмим гирифтанд, ки роҳҳои дохили деҳаро ба масофаи беш аз 2 километр мумфарш ва таъмири ҷорӣ намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор итттилоъ медиҳад.
Ҳоло корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилидеҳавӣ ба таври шабонарӯзӣ бомаром идома дошта, рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешаванд.
Инчунин сокинон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и деҳаи Дурбат чоҳи об кофта, ин муассисаро бо об таъмин намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






