Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Шитами ноҳияи Шуғнон чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд
ХОРУҒ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Шитами Ҷамоати деҳоти Сучони Шуғнон Рӯзи Ваҳдати миллиро бо баргузории намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ноҳия таҷлил намуданд. Иштирокдорони чорабинии идона бо номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаҳои саноатии ноҳия шинос шуда, маҳсулоти дилхоҳашонро бо нарҳои дастрас харидорӣ намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки Шуғнон яке аз ноҳияҳои саноатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб рафта, маҳз Неругоҳи барқи обии Помир — 1, корхонаи ордбарорӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ, ки ба тайёр намудани маҳсулоти варидот ивазкунанда ва ба содирот нигаронида шуда машғуланд, дар ҳудуди ин ноҳия қарор доранд.
Раиси Ҷамоати деҳоти Сучон Кайхусрав Асматбеков иброз дошт, ки дар намоишгоҳи ихтисосии идона дар баробари дигар маҳсулотҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин маҳсулоти ниҳоии чор коргоҳи истеҳсоли шир ва маҳсулоти ширии қаламрави ноҳия низ ба намоиш гузошта шудааст.
Соли сеюм аст, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Расим»-и Ҷамоати Поршинев, инчунин коргоҳи истеҳсоли шири Ҷамоати деҳоти Навобод, ки муассиси он Гулнамо Назренова мебошад на танҳо сокинони ноҳияро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунанд, балки дастранҷӣ худро дар бозорҳои шаҳри Хоруғ низ ба фурӯш мегузорад. Айни ҳол дар деҳаи Навобод боз як бинои дуошёна барои коркарди шир бунёд намудаст ва барои ба кор даровардани он раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш дод, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ин корхона бо таҷҳизоти муосири коркарди шир таъмин карда шавад.

Дар намоишгоҳи ноҳияи Шуғнон маҳсулоти Корхонаи «Тути Помир», аз ҷумла ширинию шарбати тут ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо ин гӯшаи намоишгоҳ дар суҳбат бо соҳибкорон иброз дошт, ки маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза сол аз сол дар бозори дохилию ҷаҳонӣ харидорони бештарро пайдо мекунад. Бо ҳамин мақсад пайвандкунии тутҳои хушсифати ноҳияи Ванҷ дар минтақаҳои тутпарварии вилоят ба роҳ монда шудааст.
Раиси вилоят сокинони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуда, иброз намуд, ки расо 27 сол қабл таҳти сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба ҳам омад ва сулҳи деринтизор дар ҷумҳурӣ пойдор гардид.
Баъди чорабинии расмӣ барномаи адабию мусиқӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, аз намуди гӯштини миллӣ ва бозии волейбол баргузор гардид.









Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






