Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Июнь 26, 2024 20:32

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд, шартномаи ҳамкорӣ  25 июн зимни мулоқоти раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Ирина Лазаренко ба имзо расид.

Тибқи созишномаи ҳамкорӣ,  дар соҳаи омодасозии барномаҳои таълимии муштарак, сафарбарии академӣ, ташкили таҷрибаомӯзии кутоҳмуддат, дарозмуддат ва курсҳои бозомӯзӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар мулоқот Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ба меҳмонон дар бораи фаъолияти кумита, коллеҷҳо ва литсейҳои касбию техникӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумита бо як қатор муассисаҳои таҳсилоти олию ибтидоӣ ва миёнаи касбии Федератсияи Русия ҳамкорӣ менамояд.

Дар идомаи вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Ирина Лазаренко барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона изҳори миннатдорӣ намуда, аз ҳамкории  судманди  Тоҷикистону Русия дар соҳаи маориф ва илм ёдовар гардид.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 20:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд