«Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия гардид

Июнь 29, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 июн дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, масъалаи қабули «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ёдовар мешавем,  ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш  доданд, ки  бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии  мамлакат  барои давраи то соли 2040 –ро қабул ва амалӣ намоянд.

28 июн дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни  баррасии масъалаи мазкур, таъкид гардид, ки «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  яке аз иқдомҳои муҳимми  мамлакати  мо дар самти ҳалли мушкилоти  обу иқлим  арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон  чун минтақаи камҷангалтарини Осиёи Марказӣ маҳсуб шуда, масоҳати умумии фонди давлатии ҷангал ба 1,8 миллион гектар баробар аст ва аз ин заминҳои ҷангалпӯш 422,7 ҳазор гектар мебошанд. Бинобар ин, ҷангалҳои Тоҷикистон ба қатори ҷангалҳои дорои аҳамияти муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ мансуб мебошанд. Вазифаи дар назди кормандони соҳаи ҷангал, сохторҳои дигари соҳа ва аҳолии мамлакат вогузошта низ, пеш аз ҳама, бунёд ва барқарор сохтани ҷангалҳои нав, нигоҳубин ва ҳифзи онҳо мебошад, ки имрӯз яке аз масъалаҳои ҳалталаб ба ҳисоб меравад.

Дар мамлакати  мо, манбаъҳои бузурги табиӣ, аз ҷумла манбаъҳои обӣ зиёд буда, ҳифзи манбаъҳои обӣ аз ҳифзи ҷангалзорҳо сарчашма мегирад. Аз байн рафтани баъзе намудҳои олами набототу ҳайвонот, зиёд шудани миқдори гази карбон дар атмосфера, ба амал омадани эрозияи хок, ки боиси ба вуҷуд омадани биёбон мегардад, албатта, ба фаъолият ва устувории ҷангалзорҳо вобастагӣ дорад.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 29, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад