Бори нахуст дар Тоҷикистон биогаз истеҳсол карда шуд

Июнь 9, 2024 09:30

ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон бори нахуст аз ҷониби сокини деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Шавкат Собитов биогаз истеҳсол карда шуд.  Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки Шавкат Собитов аввалин нафаре аст, ки аз Тоҷикистон истеҳсоли гази табиӣ аз поруи чорворо таҷриба намуд. Номбурда дар гузашта барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгори худ асосан ҳезум, ангишт ва дигар намуди маводи сӯхт мехарид. Дар ин хонавода ҳоло бо истеҳсоли гази табиӣ кулли хароҷот барои хариди дигар навъи сӯзишворӣ аз байн рафт.

Дар инҷо гази табиӣ тариқи таҷҳизоти биореактор истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизот поруи бо об омехтаро коркард намуда, биогаз ва бионурӣ истеҳсол мекунад. Биогазро барои пухтани хӯрок ё гарм кардани об истифода бурдан мумкин аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани ин таҷриба бионурӣ низ истеҳсол мешавад, ки ҳосилхезии заминро беҳтар менамояд.

Бояд гуфт, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар ин самт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои заруриро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон амалӣ менамояд, ташкилоти ҷамъиятии «Нексигол Мушовир» бо дастгирии шарикони рушд дар 7 шаҳру ноҳияи мамлакат барои хонаводаҳои деҳот ба таври таҷрибавӣ дастгоҳҳои истеҳсоли биогазро дастрас ва васлу насб намуд.

Зимни ба кор даровардани аввалин дастгоҳи истеҳсоли биогаз дар деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шарикони рушд иштирок намуда, иброз доштанд, ки бо кумаки ин технология хонаводаҳои деҳот ва хоҷагиҳои чорвопарварӣ бар ивази сӯхтани пору акнун метавонанд ҳам дорои манбаи энергияи тоза барои хӯрокпазӣ ва гармкунии хонаҳо шаванд ва ҳам барои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳояшон бионурӣ истеҳсол кунанд. Технологияи биореакории истеҳсоли биогаз дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ маротибаи аввал дар Тоҷикистон истифода шуд.

Мақсад аз он таъмини хонаводаҳои деҳот бо сӯзишвории тоза ва арзон, кам кардани партови метан ба атмосфера ва ҳамин тариқ маҳдуд намудани гармшавии глобалӣ арзёбӣ мешавад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд/манбаъҳои боз

Июнь 9, 2024 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад