Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи «Муносибати босалоҳият — асоси арзёбии раванди таълим дар синфҳои ибтидоӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.
Иштирокчиён зимни маърузаҳо таъкид намуданд, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон вобаста ба дастрасии воситаҳои иттилоотӣ (интернет, телевизион ва ғайра) танҳо бо дониш мусаллаҳ намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кифоя набуда, дар амал истифода бурдани донишу малакаҳо муҳимтарин роҳи ба натиҷаҳои дилхоҳ расидан аст. Имрӯз вазифаи маорифи муосир аз он иборат аст, ки насли наврасро барои зиндагӣ дар олами нав омода намояд. Воқеият ин аст, ки донишҳои имрӯз омӯхта фардо бояд ба насли наврас хизмати шоиста карда тавонанд.
Таъкид карда шуд, ки барои ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаи муайян яке аз роҳҳои муфид- ин ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба таълим мебошад. Худи мафҳуми «салоҳиятнокӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, олимон ба моҳияти он хусусияти гуногуни арзишию маъноиро нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, ки салоҳиятнокӣ- ин низоми дониши амалкунанда мебошад, ки фаъолияти амалӣ ва бошуури таълимро инъикос менамояд.
Кори конференсия дар ду бахш: «Саҳми Пешвои миллат дар такмили муносибати босалоҳият дар таълими синфҳои ибтидоӣ» ва «Аҳаммият ва нақши омӯзгор дар муносибати босалоҳият ба таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» бо баррасии мақолаҳои илмии олимону донишмандон баргузор гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






