Дар Душанбе дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 июн Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ бо муовини Раиси Кумитаи доимоамалкунандаи Маҷлиси намояндагони халқи музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин хонум Ли Сяоин, ки ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши занони Тоҷикистону Чин дар шаҳри Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи мамлакатҳоро баррасӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон ва Чин ҳамчун ҳамсояи ҷуғрофӣ ва шарикони стратегӣ муносибатҳои дӯстонаи худро дар асоси эҳтиром, хамфикрӣ ва дастгирии ҳамдигар таҳким мебахшанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла рушди ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг ва маориф мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд






