Дар Душанбе таваққуфгоҳҳои автомотикунонидашудаи пулакӣ ба фаъолият оғоз мекунанд

Июнь 20, 2024 16:32

ДУШАНБЕ,20.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таваққуфгоҳҳои автоматикунонидашудаи пулакӣ барои автомобилҳо (паркинг/parking) ба кор шуруъ мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани таваққуфгоҳҳои автоматикунонидашудаи пулакӣ ба тартиб даровардани ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва кам кардани  тамбашавӣ дар роҳҳо мебошад, онро аксар вақт мошинҳои нодуруст таваққуфшуда ба вуҷуд меоранд.                                             

Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакиро Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳдорӣ» ба танзим медарорад

Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакиро Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи роҳҳои автомобилӣ ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2021 тасдиқ гардидааст, пешбинӣ намудааст. Дар моддаи 43 Қонуни мазкур чунин омадааст:

  1. Ташкили таваққуфгоҳҳои музднок ва баҳисобгирии вақти таваққуфи воситаҳои нақлиёт тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
  2. Фаъолияти таваққуфгоҳҳои музднок дар асоси қоидаҳои ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднок, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти роҳдорӣ ё консессиядор тасдиқ карда мешаванд, амалӣ мегардад.
  3. Консессиядор метавонад дар роҳҳои автомобилгарди ба идоракунии ӯ супоридашуда бо тартиби муқарраргардида қоидаҳои ташкил ва истифодабарии таваққуфгоҳҳои музднокро тасдиқ кунад ва дар ҳудуди ҳамшафати роҳ нуқтаҳои таваққуфгоҳҳои музднокро ташкил намояд».

Мутобиқи ин ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (NERU) таҳия ва роҳандозӣ гардид, ки ба татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2028» нигаронида шудааст.

Лоиҳаи таваққуфгоҳҳои пулакӣ як иқдоми навоварона (инноватсионӣ) мебошад, ки ба низоми ташкили фазои таваққуфгоҳҳои шаҳри Душанбе тағйирот ворид мекунад. Он ба ҳалли мушкилоти таваққуфгоҳҳо, таъмини ҳаракати бароҳат ва бемамониати автомобилҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

Ҷорӣ намудани низоми таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе ҳанӯз тобистони соли 2020 оғоз гардида, ҳамон вақт дар канори кӯчаҳо аломатҳое гузошта шуданд, ки таваққуфгоҳҳои пулакиро нишон медиҳанд.


Аввалин паркоматҳо (дастгоҳи автоматие, ки ҳисоб ва қабули маблағҳоро дар муддати дар таваққуфгоҳ будани автомобил таъмин мекунад) ва камераҳои назоратӣ дар роҳ дар муқобили бинои асосии ширкати Tcell ва дар кӯчаи Мирзо Турсунзода (дар наздикии Боғи «Куруши Кабир») насб карда шудаанд.  Баъдтар, соли 2023 дар дигар қисматҳои маркази шаҳри Душанбе  аломатҳои таваққуфгоҳи пулакӣ гузошта шуданд. Дар кӯчаҳо ихтиёриён (волонтёрҳо)  мегаштанд ва ронандагонро аз пардохти маблағи таваққуфгоҳи мошин огоҳ мекарданд.  Моҳи ноябри соли гузашта Парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нет Солюшенс» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Душанбе Сити Банк» дар бораи татбиқи Лоиҳаи «Ташкили таваққуфгоҳҳои пулакӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ ва низоми автоматикунонидашудаи бақайдгирии  вайронкунии  Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ кард. Гуфта шуд, ки барои татбиқи лоиҳа то 10 миллион доллар сармоя ҷалб карда мешавад.

Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар куҷо ҷойгир мешаванд?

Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар якчанд нуқтаҳои шаҳр, дар он ҷойҳое, ки  қаблан таваққуфи бетартиб ва бесарусомони мошинҳо бештар ба назар мерасид, ҷойгир карда мешаванд. Масалан, дар хиёбони Рӯдакӣ аз меҳмонхонаи «Душанбе» то истгоҳи роҳи оҳан дар ду тарафи роҳ.  Инчунин дар муқобили  «Олами китоб» (мағозаи «Гелос»), дар кӯчаи Мирзо Турсунзода дар шафати Боғи «Куруши Кабир», дар кӯчаи Ғаффор Валаматзода аз бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимиятми давлатии ноҳияи Шоҳмансур то корхонаи «Ёқут – 2000» ва дигар  ҷойҳо, ки бо аломатҳои дахлдор нишон дода, бо таблои иттилоотӣ  ва паркомат таъмин карда мешаванд. Ронандагон имкон доранд бо ҳамаи мавзеъҳои дорои таваққуфгоҳи пулакӣ дар сомонаи neru.dc.tj ва дар барномаи мобилии Neru шинос шаванд.                  

Чӣ қадар маблағ бояд пардохт кард?

Дар шаҳри Душанбе як соати истифода аз таваққуфгоҳи автоматии пулакӣ барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ 3 сомониро ташкил медиҳад. Шахсони маъюби гурӯҳи 1-2, инчунин мошинҳои хадамоти фавқулода бо нишонаҳои махсус (сӯхторхомӯшкунӣ, милитсия, ёрии таъҷилӣ ва ғайра), ки дорои чароғҳои кабуд ва сурхи дурахшон мебошанд, метавонанд аз таваққуфгоҳҳои пулакӣ ройгон истифода баранд. Аммо одамони маъюб танҳо дар ҷойҳои махсуси таваққуфгоҳ, ки бо аломати таваққуфгоҳ якҷоягӣ бо аломати 7.17 ҷудо карда шудаанд, таваққуф карда метавонанд. Чунин ҷойҳо дар ҳар як таваққуфгоҳи пулакӣ на камтар аз 10 фоиз ҷудо карда шудаанд.

Муҳлати истифодаи ройгон чӣ қадар аст?

Давомнокии ҷойгиркунии воситаи нақлиёт дар таваққуфгоҳи пулакӣ аз лаҳзаи ворид шудан ба истиснои 10 (даҳ) дақиқаи ройгон ҳисоб карда мешавад. Баъд аз 10 дақиқаи ройгон ронанда бояд барои истифодаи он пардохт намояд ва муҳлатро дароз кунад. Дар таваққуфгоҳи пулакӣ ҳисоб кардани маблағ (тариф) аз лаҳзаи ворид шудани воситаи нақлиёт дар таваққуфгоҳ оғоз меёбад (ба истиснои давомнокии вақти ройгон) ва ба итмом расонидани он барои ҳар 1 (як) соат ҳисоб карда мешавад. Истифодаи таваққуфгоҳ камтар аз 60 дақиқа як соати пурра ҳисоб карда мешавад.            

Тартиби пардохти истифодаи таваққуфгоҳҳо  чӣ гуна аст ?

Дар дафтари шахсии Барномаи CityParking ва ё дар сомонаи www.cityparking.tj, ки дар он ҷо пешакӣ сабти ном шудааст, низоми  пардохт комилан автоматӣ аст. Ба ҳисоби шахсӣ ворид шавед; Бахши «Таваққуфгоҳ» -ро боз намоед; Рақами таваққуфгоҳро ворид кунед; Рақами бақайдгири давлатии воситаи нақлиётро нишон диҳед; Давомнокии истифодаи таваққуфгоҳро муайян кунед; «Пардохти таваққуфгоҳ» — ро клик кунед. Шумо метавонед паркоматро барои пардохт истифода баред: Опсияи «Пардохти таваққуфгоҳ» — ро интихоб кунед; Рақами мошинро дар формати 0000АА01 ворид кунед; Рақами таваққуфгоҳро тасдиқ кунед ё рақами дигарро ворид намоед; Вақти таваққуфро муайян кунед ва онро бо корти бонкӣ пардохт  намоед; Паёми SMS-ро интизор шавед.

Барои напардохтани  ҳаққи истифодаи таваққуфгоҳҳо ҷарима ситонида мешавад

Соҳиби воситаи нақлиёт метавонад дар ҳолатҳои зерин ҷарима карда шавад:

— барои пардохт накардани ҳаққи истифодаи таваққуфгоҳ;

— пардохти ҳаққи истифодаи таваққуфгоҳ ба маблағи камтар;

ҷойгиркунии воситаи нақлиёти автомобилӣ бо вайрон кардани сарҳади ҷойҳои таваққуфгоҳ;

ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар он ҷойҳои таваққуфгоҳ, ки барои воситаҳои муайяни нақлиёт (маъюбон ё электромобилҳо) пешбинӣ шудаанд,  дар сурати мавҷуд будани аломати ин ҷойҳо ва хатҳои уфуқии аломатгузорӣ;

— дар сурати риоя накардани талаботи муқаррарнамудаи аломатгузории роҳ дар ҳудуди таваққуфгоҳҳои пулакӣ;

— ҷойгиркунии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо рақамҳои давлатии хонданашаванда ё эҷоди ягон монеа барои хондани онҳо, рақамҳои давлатии бегона ё ғайристандартӣ;

— таваққуф дар пиёдагард;

— ифлос намудани минтақаи таваққуфгоҳи пулакӣ;

— дар дигар ҳолатҳои вайронкуниҳои Қоидаҳои нақлиёти автомобилӣ оид ба таваққуфгоҳҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Мавҷуд будани ҷаримаро дар ин сомона санҷидан мумкин аст:  www.cityparking.tj

Маблиғи ҷаримаро низ тавассути ин сомона метавон пардохт кард: www.cityparking.tj

Дар сурати пардохт накардани ҷаримаҳо бо ёрии блокиратор метавонад ҳаракати воситаи нақлиёти ҷаримашударо маҳдуд карда ва ё воситаи нақлиёт ба ҷаримагоҳ интиқол дода шавад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 20, 2024 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор дар майдони 210 гектар кишти такрорӣ мегузаронанд
Дар Суғд биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
Дар оянда мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон сарҳадро тавассути «дарвозаи электронӣ» убур менамоянд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
Беш аз 13 ҳазор гектар заминҳои корам дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд
Дар маҳаллаи «Фалакон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт доир ба маърифати хонадорӣ барои духтарони ҷавон чорабинӣ баргузор шуд
Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос гардид
СОЛИМИИ МИЛЛАТ-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Соли равон беш аз 87 ҳазор зан аз ташхиси фаросавтӣ гузашт
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Эълон оид ба пардохти маблағ аз ҷониби вазорат асоси воқеӣ надорад»