Дар Хоруғ бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд

Июнь 27, 2024 10:54

ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 27-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллои Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзишӣ ва бозии кӯдакона ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода аз дастгириҳои пайвастаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, бунёди майдончаи варзиширо барои машғул шудан ба варзиш ва дурӣ ҷустан аз ҳар гуна амалҳои носолим муҳим арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки наврасону ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода бурда, ҳарчӣ бештар ба машқу солимии бадан шуғл варзанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди иншооти мазкур ҳамзамон майдонча барои бозии кӯдакон низ сохта шудааст.

Сокинони маҳалла аз ин иқдоми нек изҳори қанотмандӣ намуда, миннатдории худро ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят баён намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июнь 27, 2024 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад