Дар Хоруғ бо таъмини шароити мусоид мавсими оббозӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон бо оғоз гардидани мавсими оббозӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ барои шаҳрвандон, хосса кӯдакону наврасон дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии «Чорбоғ» шароити хуби фароғату истироҳат фароҳам оварда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Бо фаро расидани тобистон ва гарм шудани ҳаво, сокинон вақти худро бештар дар мавзеъҳои истироҳатӣ, аз ҷумла ҳавзҳо мегузаронанд. Дар ин замина, барои истироҳату фароғати шаҳрвандон, хосса кӯдакону наврасон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Хоруғ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, таъмини бехатарии сокинон дар мавсими оббозӣ дар мадди назари масъулин қарор дорад
Вобаста ба ин, 26 июни соли равон Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва раиси шаҳри Хоруғ бо шароити мавҷуда ва имкониятҳои хизматрасонӣ дар ҳавзи «Чорбоғ» шинос шуда, ба мавсими оббозӣ ифтитоҳ бахшиданд.
Роҳбарияти вилоят зимни суҳбат иброз намуданд, ки бо мақсади истироҳату таъмини фароғати сокинон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр минбаъд низ чораҳои дахлдор меандешад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






