Дар кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ҷашн гирифтанд

Июнь 1, 2024 16:24

КӮЛОБ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба хотири таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар ҳамоиш таълимгирандагони муассисаро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, чорабиниро бо ин иқтибос аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшиданд: «Барои давлат миллати солим ва мардуми солим зарур аст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо, ҳифзи саломатӣ, рушди солимию ҷисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар баробари дигар ҳуқуқҳои дар қонун нисбат ба кӯдакон муқарраршуда яке аз он ҳуқуқи кӯдак ба ҳифзи саломатӣ мебошад».

Иброз гардид, ки Рӯзи кӯдакон на танҳо ҷашни фароғатӣ барои худи кӯдакон аст, балки он инчунин ба ҷомеа дар бораи зарурати ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ёдрас мекунад, то ҳамаи кӯдакон хушбахтона ба воя расанд, омӯзанд, то дар оянда шаҳрвандони сазовори давлати худ шаванд.

Сипас, аз ҷониби тарбиятгирандагони кӯдакистон барномаи ҷолиби консертӣ, аз қабили рақсу бозиҳои диловез, суруду таронаҳои бачагона пешниҳод гардид.

Дар охир ба тарбиятгирандагони кӯдакистон, ки аз соли нави таҳсил ба муассисаҳои миёна барои таҳсил фаро гирифта мешаванд, ифтихорномаю туҳфаҳои роҳбарияти кӯдакистон тақдим карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 1, 2024 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад