Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд

Июнь 26, 2024 21:00

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он аз саъю талошҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмин ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат  ёдовар шуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода изҳор намуд, ки Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин ба ҳисоб рафта, барои амалӣ гардидани ормонҳои халқи тоҷик заминаи воқеӣ гузошт.

«Имрӯз аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва Ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик дар ҷодаи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ баҳри ободиву осоиштагии ин сарзамин қадам мезананд»,- тазаккур дод ӯ.

Таъкид гардид, ки ваҳдат ба ҳам омадан, поктинату миллатдӯст буданро ифода намуда, он таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди ҷомеа, нумуи даврон, моҳияти ҳастии инсон дар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли мамлакатро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Сармутахассиси шуъбаи байналмилалӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва ташкилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаргули Шамсулло дар мавзӯи «Пешравии давлату миллат аз пойдории Ваҳдат аст» маъруза  намуда, иброз дошт, ки расидан ба Ваҳдати миллӣ ва  ризояту якдилӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик дар баробари  истиқлолияти  давлатӣ аз дастовардҳои бузург ва арзанда ба ҳисоб рафта, яке бе дигаре вуҷуд дошта наметавонанд. Ин ду арзиши олӣ роҳи миллатро барои рушду тараққиёт ҳамвор месозад.

Гуфта шуд, ки ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун омили созандаю таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ эътироф шудааст.

АКС: Хадамоти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 21:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад