Дар Палатаи ҳисоб ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид

Июнь 27, 2024 11:16

ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона баргузор шуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоб хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш раиси Палатаи ҳисоб  Қарахон Чиллазода иброз дошт, ки нақши Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарҷамъии миллат ва пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол арзишмандтарин ва беназиртарин туҳфаи таърих буда, дар эъмори давлатдории миллӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Гуфта шуд, ки воқеан Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ барои ҳар як халқу миллат арзандатарин неъмат ва бузургтарин сармоя ба ҳисоб меравад. Ин падидаи писандида танҳо ба халқу миллате сазовор мешавад, ки дарки дорои ҳувияти баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва хештандустӣ буда, якдиливу ягонагӣ ва сарҷамъиро дар замири худ мепарварад.

Иштирокдорони ҳамоиш  оид ба эҳтирому арҷгузорӣ ва пос доштани сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ, тарғиби ғояҳои миллӣ ва урфу оддатҳои аҷдодӣ, инчунин ҳифзи арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ва дар ин замина ба ҷо овардани ҳамдигарфаҳмию эҳтироми якдигар, ки ба ваҳдати миллӣ оварда мерасонад, андешаронӣ намуданд.

АКС: Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2024 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад