Дар Панҷакент гармхона бо таҷҳизот ва таҷрибаи Кореяи ҷанубӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент 44 гармхона мавҷуд буда, сохтмони 3 гармхона бо масоҳати умумии 5 гектар идома дорад. Яке аз гармхонаҳои дар масоҳати 1 гектар сохташаванда барои парвариши сабазавот бо таҷҳизот ва таҷрибаи Кореяи ҷанубӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси виялоти Суғд иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Панҷакент барои истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.
Инчунин соҳибкорони шаҳр аз дарёи Зарафшон бо кашидани хати об заминҳоро сероб менамоянд. Аз ҷумла, дар ҷамоати Саразм чунин тарҳ амалӣ гардид, ки дар натиҷа ҳолати обёрии 100 гектар замин беҳтар карда шуд.
Раиси вилояти Суғд дар деҳоти шаҳри Панҷакент бо корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти картошка шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони деҳот тибқи нақша имсол дар 3900 гектар картошка кишт менамоянд ва то имрӯз дар 2525 гектар картошка кишт шудааст. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳо аз дигар минтақаҳо 4000 тонна тухмии картошка ворид карда шуда, бо истифода аз имконият масъулин ва деҳқонон ният доранд, ки истеҳсоли картошкаро то ба 100 ҳазор тонна расонанд.
Ҳамчунин ба истиқболи ҷашни 35-солагии Исқлоли давлатӣ дар шаҳри Панҷакент тарабхонаи наву замонавии «Амиршоҳ» ба истифода дода шуд.
Иншоот бо ташаббуси соҳибкор Шавкат Бобоев сохта шуда, зимни ифтитоҳи он барои 40 нафар хурдсолоне, ки бо амри тақдир ятим мондаанд, дастархони идона ороста шуд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ Беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қомат афрохта, тибқи лоиҳа дорои 100 кат мебошад. Бинои қаблии беморхона, ки даҳсолаҳо пеш сохта шудааст, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуд ва бинобар ин бинои нав сохта шуд.
Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани роҳҳо бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз буриши хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаҳои Навободу Деваштич ва то Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба масоҳати 18 000 метри мураббаъ мумфарш карда мешавад.
Дар деҳаи Варзиканди шаҳри Панҷакент ба мумфаршкунии 2,7 км роҳ оғоз бахшида шуд. Ин роҳ бо саҳми сокинону соҳибкорон ва маблағгузории шахсоне, ки бар ивази сафар ба ҳаҷ дар кори хайр саҳм гузоштаанд, навсозӣ карда мешавад.
Чуноне иттилоъ дода шуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, ки имсол дар ҷамоатҳо 26,2 км роҳҳоро мумфарш созад. Аснои муаррифии нақшаи мумфаршкунии роҳҳо маълумот дода шуд, ки дар ҷамоатҳои Рӯдакӣ, Саразм, Косатарош, Вору, Ёрӣ, Моғиён, Хурмӣ ва ғайраҳо роҳҳо обод карда мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






