Дар Роғун ба насли ҷавон аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаҳмонида шуд

Июнь 27, 2024 15:15

РОҒУН, 27.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ  ҷамъомади тантанавӣ  бо пешниҳоди  барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор  шуд, хабар доданд ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун.

Дар ҷамъомади идона гуфта шуд, ки маҳз самараи ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид.

«Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид намуданд: «дар замони ниҳоят пуртазоди ҷаҳонишавӣ инсоният ба мушкилоту таҳдидҳои нав рӯбарӯ шуда истодааст, ки ҳаллу фасли онҳо танҳо тавассути ақлу хирад ва фарҳанги инсонпарварона имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу фардоро зарур аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ҳарчи бештар муттаҳид бошанд ва нагузоранд, ки дар ҷомеа ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони мамлакатро халалдор созанд»,- гуфта шуд дар ҳамоиш.

Сипас дар ҷамъомад собиқадорону меҳмонон сухан намуда, ба насли ҷавон аҳамияти Рӯзи Ваҳдати миллиро фаҳмонида,   роҳи пурмашаққати расидан ба онро  нақл карданд.

Ҳамчунин дар  ин рӯз бо иштироки меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун коргоҳи истеҳсолии маҳсулоти бетонӣ ва коргоҳи истеҳсоли чӯби соҳибкор Файзалӣ Зайдов  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Таъсиси коргоҳҳои мазкур   дар    таъмини аҳолии кӯҳистон бо маҳсулоти босифати сохтмонӣ  муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

Июнь 27, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад