Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор мегардад

Июнь 1, 2024 16:03

ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши бошукуҳи идона баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар барнома аз ҷониби тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту идораҳо гӯшаҳои гуногун ташкил карда шуда, бозиҳои гуногун ва барномаи фарҳангӣ пешниҳод карда мешавад.

Шаҳрвандон метавонанд ҳамроҳ бо фарзандонашон дар чорабинии идона иштирок намоянд.

Бояд гуфт, ки ғамхорӣ намудан ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои солиму бардам ба камол расидани онҳо, соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд гаштани онҳо дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Таҷлили ин ҷашн моро водор месозад, то ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии ояндаро ба дӯши худ бигирем.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июнь 1, 2024 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад