Дар шаҳри Риёз бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон доир ба Конфронси оби Душанбе брифинг баргузор шуд

Июнь 7, 2024 18:26

ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ бахшида ба Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, брифинг доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо дафтари ҳамоҳангсози муқими Созмони Милали Муттаҳид ва намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Арабистони Саудӣ доир карда шуд.

Дар брифинг сафирон ва кормандони корпуси дипломатии муқими Риёз ва намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат иштирок намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ зимни суханронӣ доир ба «Раванди оби Душанбе», корҳои тадорукотӣ ба Конфронсии оби Душанбе ва ҳадафҳои он тавассути рӯнамо маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Бо таъкид ба нақши калидии Тоҷикистон дар пешбурди масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, дар бораи аҳаммияти ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафҳои марбут ба обу иқлим изҳори андеша карда шуд.

Инчунин дар брифинг ҳамоҳангсози муқими Созмони Милали Муттаҳид Муҳаммад Аз-Зарқонӣ ва муовини намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) дар Арабистони Саудӣ Маргарет Виллиамс дар бораи аҳаммияти Конфронси оби Душанбе ва нақши муассири Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои марбут ба об дар доираи татбиқи ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор (2030) суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни брифинг муҳокимаи озод дар бораи ҳадафҳо ва аҳаммияти Конфронси оби Душанбе анҷом дода шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Июнь 7, 2024 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд