Дар шаҳри Санкт-Петербург вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд

Июнь 8, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дар мулоқоти намояндагони ду давлат  дар шаҳри Санкт-Петербург доир шуд. Зимни он фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия, омода намудани ҳуҷҷатҳои пеш аз сафар, аз ҷумла гузаштани ташхиси тиббӣ ва гирифтани шаҳодатномаи донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории ин давлат ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бо назардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз мавзуъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2019 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Федератсияи Русия мавриди амал қарор дорад.

Бо назардошти вазъи воқеӣ ва зарурати фароҳам овардани шароити ҷолиб барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки тариқи муташаккилона ҷалб мегарданд, ҷонибҳо омодагиашонро барои таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуфташуда ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.

 АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Июнь 8, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд