ДАР ТОБИСТОН ИСТЕЪМОЛИ КАДОМ МАҲСУЛОТ МУФИД АСТ? Назари мутахассис дар ин мавзуъ
ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои мутахассисон, яке аз омилҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ, рӯдаю меъда, ки дар фасли тобистон бештар хуруҷ менамоянд, ин истеъмоли ғизои солим ва аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Ин матлабро директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тарзи ҳаётии солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Рабиева дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз намуд.Номбурда барои дар фасли тобистон солим нигоҳ доштани бадан ба хонандагони сомона дар мавриди истеъмоли ғизо чанд тавсияи муфид дод, ки дар зер манзур мегардад.
— Ғизои солим асосии тандурустӣ дониста шуда, масунияти баданро баланд бардошта, инсонро аз гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад. Чун мо дар фасли тобистон қарор дорем, эътибори ҷиддӣ додан ба истеъмоли хӯроки аз ҷиҳати экологӣ тоза ниҳоят муҳим аст. Зеро гармӣ боиси зуд вайрон гаштани баъзе аз маҳсулоти истеъмолӣ мегардад.
Ҳар инсон бояд тарзи дуруст истеъмол намудани ғизоро донад, ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Пеш аз истеъмоли хӯрок инсон бояд аввал таркиби онро донад, ки аз чӣ иборат аст, санаи истеҳсол ва муҳлати истифодаи маҳсулотро пеш аз харидан ҳатман аз назар гузаронад. Зеро истеъмоли маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта ба саломатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Набояд фаромӯш кард, ки саломатии инсон пеш аз ҳама аз истеъмоли ғизои солим вобаста аст.
Он ғизое, ки инсон дар давоми рӯз истеъмол мекунад, ҷисмро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин менамояд. Ғизои носолим (нокифоя, на чандон ғанӣ) ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад. Инчунин ғизоҳое ҳастанд, ки дар фасли тобистон истеъмол накарданашон беҳтар аст, зеро хӯрок бо таъсири гармии аз 30 дараҷа боло дар муддати кӯтоҳ вайрон шуда, ба заҳр табдил меёбад.
Тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва дар назди мактабҳо дӯконҳои пухтупази «тезтайёр» фаъолият мекунанд. Дар онҳо бештар хӯрокҳои бирёну серравған фурӯхта мешаванд, ки ба саломатии инсон зарар доранд. Аз ин намуд хӯрокҳо бештар кӯдакону наврасон ва ҷавонон истеъмол мекунанд. Барои пешгирии ин ҳолат бояд дар муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва солимгардонӣ гузаронида шавад. Бо таъмини ғизои солим мо метавонем ба инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ ва баланд бардоштани масунияти кӯдак таъсир расонем.
Тадқиқоти илмие, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронида шудаанд, нишон медиҳанд, ки мутаассифона имрӯз дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан кӯдакон ва наврасон шумораи зиёди бемориҳои камхунӣ, қадпастӣ, камвазнӣ ва ҷоғар мушоҳида карда мешавад.
Маҳсулотҳое, ки дар фасли тобистон зуд вайрон мешавад, махсусан хӯришҳое, ки аз майонез омода мешаванд, дар ин фасл набояд аз 6 соат зиёд нигоҳдорӣ шаванд. Бонувон ин навъҳои хӯришро дар хона омода намоянд. Таомҳои дуюм, гӯшти бирён, мурғ ё кабоб ва дигар намуди он низ қобилияти зуд вайроншавӣ доранд. Дар гармо меъдаи мо ба таоми обдор ва зудҳазмшаванд ниёз дорад. Кӯшиш намоед ин навъи таомро камтар истеъмол кунед. Дар фасли тобистон он маҳсулоте, ки аз шир омода мешавад, ба монанди йогурт ва шириниҳои дигар зудвайроншаванда мебошад. Аз ин рӯ, чунин маҳсулотро дар хона тайёр кардану зуд истеъмол кардан беҳтар аст. Агар шумо яхмос истеъмол кардан хоҳед, дар вақти харидорӣ ба сифат ва таркиби он аҳамияти ҷиддӣ диҳед. Тухм яке аз маҳсулоти зудвайроншаванда буда, метавонад боиси бемориҳои шадиди рӯда шавад. Фаромӯш накунед, ки пеш аз истеъмол тухмро бо оби гарм шустан лозим аст.
Барои ташнагиро аз байн бурдан баъзе нафарон бештар нӯшокиҳои газдорро менӯшанд. Бояд гуфт, ки истифодаи нӯшокии газдор дар меъдаи холӣ тавсия дода намешавад. Барои ташнагиро аз байн бурдан бештар нӯшидани оби ҷӯшонидашуда ва чойи сабз тавсия дода мешавад. Агар ҳар нӯшокиеро, ки менӯшед, набояд бо нӯшокии дигар омехта намуд.
Сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар шахс муфид аст. Зеро дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуд ҳастанд, ки саломатии инсонро нигоҳ медоранд. Истеъмоли мева, сабзавот ва маҳсулоти шириву донагӣ масунияти одамро баланд намуда, аз гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад. Ғизои солим бақои миллати солим аст.
Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат барои бехатарии ғизо соҳаҳои ба ҳам пайванди мухталиф, яъне соҳаи тандурустӣ, хоҷагии қишлоқ, савдо, саноат, Тоҷикстандарт вобастагии зиёд дорад.
Маҳсулоте, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва муҳлати истифодабариашон гузаштааст, метавонанд инсонро ба ҳар гуна беморӣ, аз ҷумла мубталои бемории дилу рагҳои хунгард гардад.
Инчунин шахсоне, ки ба омода намудани ғизо сару кор доранд, масъулияти бештар бар дӯши онҳо мебошад. Кадбонуҳо пеш аз омода намудани ғизо, сараввал бояд ба нохунҳо ва тоза шӯстани дастонашон аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд. Инчунин нафароне, ки ба пӯхтани хӯрок сару кор доранд, бояд он маҳсулотҳоеро, ки барои омода намудани ғизо мегиранд, пас аз шӯста ва тоза намудан ғизо омода намоянд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Устувонаи Куруши Бузург ва Конститутсияи Тоҷикистон ду сутуни як бинои бошукӯҳи давлатдории миллӣ мебошанд
КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН КАФИЛИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон дар ин маврид
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад






