Нақши Бонки Осиёии рушд дар таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон назаррас аст

Декабрь 8, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 3 то 5 декабри соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди марҳилаи нави ҳамкории густурда бо Бонки Осиёии рушд дар соҳаи таҷдид ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамаи чорабиниҳое, ки дар Ҷумҳурии Филиппин баргузор шуданд, раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ иштирок намуда, ба сифати намояндаи расмии ҷумҳурӣ масъалаҳои стратегии ислоҳоти низоми касбомӯзиро пешниҳод намуд.

3 декабр вохӯрии кории раиси кумита бо ҳайати масъулони Департаменти рушди иҷтимоии Бонки Осиёии рушд баргузор гардид. Дар мулоқот директор София Шакил, роҳбари воҳиди идоракунии лоиҳаҳо Ваҳю Вижаянто, Син Лонг, мутахассиси пешбари бахши иҷтимоӣ, роҳбари гуруҳи лоиҳаҳои SEEP ва STEMP, ҳамоҳангсози маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷонибҳо вазъи кунунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро таҳлил намуда, зарурати таҷдиди инфрасохтори таълимӣ, гузариш ба стандартҳои салоҳиятнок, рушди малакаҳои касбӣ ва рақамӣ, инчунин рақамикунонии пурраи раванди касбомӯзиро ҳамчун самтҳои афзалиятнок таъкид намуданд.

Дар ҷараёни музокирот Фарҳод Раҳимӣ бастаи ташаббусҳои сармоягузориро барои дастгирии Бонки Осиёии рушд пешниҳод намуд, ки ҳамчун барномаи ягонаи ислоҳоти соҳа баррасӣ шуд.

Идомаи мантиқии ин музокирот 4 декабр бо баргузории вохӯрии муҳим ва хеле судманд бо Ёнг Йе, муовини директори генералии минтақавии Бонки Осиёии рушд барои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шарқӣ буд.

Дар мулоқот масъалаҳои мубрами рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд. Махсусан, зарурати дастгирии молиявии васеи Бонки Осиёии рушд барои навсозии инфрасохтори муассисаҳои касбомӯзӣ, воридсозии технологияҳои рақамӣ ба тамоми марҳилаҳои таълим, ҷорӣ намудани низоми омӯзиши салоҳиятнок, рушди технологияи энергияи «сабз» бо такя ба манбаъҳои офтобӣ ва таъмини шароити устувори иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмин намудани муассисаҳо бо оби тозаи нӯшокӣ ва инфрасохтори санитарӣ мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Ҷониби Бонки Осиёии рушд ҳама ташаббусҳои пешниҳодшудаи Тоҷикистонро ҳамчун иқдоми муҳими стратегӣ арзёбӣ намуда, пурра ҷонибдорӣ намуд ва изҳори омодагӣ намуд, ки марҳилаи таҳияи техникиву молиявии лоиҳаҳо ва ҳамоҳангсозии онҳоро бо Ҳукумати мамлакат оғоз намояд.

Дар натиҷаи ин музокирот аз ҷониби раиси кумита се лоиҳаи афзалиятнок бо унвонҳои такмилёфта пешниҳод гардиданд. Аз ҷумла, «Муосиргардонии инфрасохтори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва рушди муҳити рақамии таълим», ки таҷдиди пойгоҳи моддиву техникӣ, таъсиси синфхонаҳои рақамӣ, ҷорӣ намудани платформаҳои электронӣ ва рақамикунонии равандҳои касбомӯзиро дар бар мегирад; «Татбиқи технологияҳои «сабз» ва истифодаи мақсадноки энергияи офтобӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», ки ба насби панелҳои офтобӣ, ташкил намудани манбаъҳои мустақили барқ ва рушди малакаҳои амалии ҷавонон дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда нигаронида шудааст ва «Таъмини устувори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва инфрасохтори санитарӣ», ки сохтмон ва таҷдиди шабакаҳои обтаъминкунӣ, нуқтаҳои филтркунонӣ ва муҳити санитарии таълимро дар бар мегирад.

4–5 декабр раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Форуми 11-уми байналмилалии рушди маориф ва малакаҳо иштирок намуда, дар ҷаласаҳо ва мубоҳисаҳои касбӣ масъалаҳои рушди таҳсилоти мутобиқ ба иқтисоди рақамӣ, зарурати иртиботи устувори таълим бо бозори меҳнат, таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти таълим ва аҳамияти тавсеаи ҳамкорӣ бо шарикони рушдро муаррифӣ намуд. Ҳузури Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форум ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор дар самти рушди таҳсилоти амалгаро, рақамӣ ва «сабз» баҳои мусбат гирифт.

Дар маҷмуъ, мулоқотҳои сатҳи баланд, инчунин иштироки фаъол дар форум дар Филиппин бори дигар нишон дод, ки Бонки Осиёии рушд яке аз шарикони калидии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошад. Дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои пешниҳодгардида, аз ҷумла муосиргардонии инфрасохтор ва рақамикунонии касбомӯзӣ то истифодаи энергияи офтобӣ ва таъмини муассисаҳо бо оби тозаи нӯшокӣ барои баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир заминаи воқеӣ фароҳам оварда, ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар фазои омӯзишии минтақавию ҷаҳонӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

АКС аз бойгонӣ ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 8, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Дӯстии ҷавонон» баргузор мегардад
Доир ба татбиқи грантҳои Хазинаи пандемикӣ дар Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
Роҳҳои муассири мубориза бо чангу ғубор кадомҳоянд?
Оид ба саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод
Чангу ғубор сабаби авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо намояндагони Кумитаи СММ бар зидди шиканҷа вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе намоиш — фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ то 31 май идома меёбад
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд