Мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва волейбол барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» ҷамъбаст шуданд
ДУШАНБЕ, 08.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 декабр дар шаҳри Душанбе маросими қадрдонӣ ва ҷамъбасти мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва волейбол барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаҳо бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди фарҳанги варзишӣ байни кормандони сохторҳои давлатӣ баргузор карда шуданд.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби кормандон ба фаъолияти ҷисмонӣ ёдовар гардид.
Баъди ҷамъбасти натиҷаҳо ғолибон ва ҷоизадорони ҳар намуди варзиш бо Ҷом, Диплом, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Зимни чорабинӣ таъкид шуд, ки ҳамасола баргузор намудани чунин мусобиқаҳо на танҳо аҳамияти варзишӣ, балки арзиши баланди тарбиявӣ ва иҷтимоӣ дошта, ба ҷалби бештари кормандон ба варзиш, таҳкими ҳамкории фарҳангӣ ва ташаккули муҳити солими корӣ мусоидат мекунад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид






