Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Рияз Минзарипов вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо президенти Донишгоҳи федералии Қазон Рияз Минзарипов вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба омода кардани мутахассисони баландпоя, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, зиёд намудани бурсияҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор карданд.
Инчунин дар вохӯрӣ масоили марбут ба таълими донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар ин муассиса, аз ҷумла вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо матраҳ гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз вохӯрии Рияз Минзарипов ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯён, ҷавонон, роҳбарони ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон, диаспораҳо ва варзишгарони Тоҷикистон, ки дар бозиҳои варзишии кишварҳои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) иштирок менамоянд, доир гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли Дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
Дар Риёз ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Комиссияи синамои Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Вена баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои дохилии Миср мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири адлияи Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Ҷопон Эри Арфия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар вохӯрии муовини Котиби давлатии ИМА бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи илму фарҳанг баррасӣ шуд
Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд






