ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН. Андешаҳо дар ҳошияи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи даҳсолаи об дар шаҳри Душанбе

Июнь 11, 2024 17:46

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 июн дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз 2 ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок доранд.

Маълум аст, ки бе рушди ҳамкорӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонем мушкилоти мураккаби вобаста ба обро ҳал намоем. Дар зер мақолае оид ба пайдоиши дипломатияи об ҳамчун заминаи табиӣ барои ҳамкории байни давлатҳо дар сатҳи дуҷониба, бисёрҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ манзур мешавад.

 Дар шароити афзоиши аҳолӣ, рушди иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши норасоии об, ифлосшавии об, ки боиси афзоиши рақобат барои об байни бахшҳо, ҷомеаҳо ва кишварҳо гардидааст, зарурати ташаккули ҳамаҷонибаи ҳамгироӣ ба миён омадааст. Обро дар аҳамияти бисёрҷанбаи худ ҳамчун манбаи фаромарзӣ, байнисоҳавӣ ва фароҳаётӣ барои рушди устувор муҳим баррасӣ кардан зарур аст. Барои ноил шудан ба ин, пажуҳиши сиёсии масъалаҳои вобаста ба обро дақиқан ба роҳ монда, бехатарӣ ва амнияти обро беш аз ҳар масъалаи дигар дар ҷомеа таъмин намудан зарур мебошад.

Об ҳамчун воситаи тавонои бунёди сулҳ мебошад. Аз ин рӯ, гидродипломатия ҳамчун воситаи муҳими таъмини идоракунии самаранок, устувор ва одилонаи захираҳои муштараки об, таъмини мувозинати манфиатҳои марбут ба истиқлолияти миллӣ ва ҳамзамон таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ фаҳмида мешавад. Маҷмуи васеи воситаҳои гидродипломатия аз таъсиси платформаҳои муштарак ё ташкили гурӯҳҳои кории муштарак, ки ба муколама, мубодилаи маълумот ва иттилоот имкон медиҳанд ва дар ниҳоят ба созиш дар бораи идоракунии муштараки захираҳои ягонаи обӣ оварда мерасонанд, иборат ҳастанд.[1]

Мафҳуми «дипломатияи об» шаклан падидаи нав, вале мазмунан падидаи таърихӣ буда, дар ҳамаи давраҳои таърихӣ дар муносибатҳои ҷонибҳои гуногунарсаи дорои вобастагиҳо ва умумияти обӣ ба таври васеъ истифода гардидааст. Бо назардошти воқеияти таърихӣ ва ҳолати кунунии муносибатҳо дар соҳаи об дипломатияи обро ба ду қисм ҷудо менамоем:

Шакли классикии дипломатияи об.

Шакли муосири дипломатияи об.

Шакли классикии дипломатияи об раванди тӯлонии таърихиро дар бар гирифта, ибтидои он ба фаъолияти дастҷамъонаи сокинони маскуни ҳудуди ягонаи ҷуғрофӣ барои муштаракан бунёд намудани инфрасохтори мухталифи обрасонӣ рост омада, он раванди наҳрсозӣ, бунёди ҷӯю хатҳои обрасонӣ, ҳавзу дарғот, обёрии заминҳои кишт ва маҳаллаҳои иқомат, идоракунӣ ва тағйир додани маҷрои дарёҳо ва дигар амалкардҳои муштаракро дар соҳаи об дар бар мегирад. Он аз ҷомеаи феодалӣ ва давраи тамаддуни кишоварзӣ сарчашма гирифта, марҳилаи нахустини аз худ кардани малакаи идоракунии захираҳои об аз ҷониби инсоният мебошад. Тавре маълум аст, барои бунёди ҷӯю наҳрҳо, дигар инфрасохтори обрасонӣ, обёрии заминҳои кишт ва маҳалҳои иқомат қувваи фардҳо ва қавму қабилаҳои алоҳида басанда набуд ва ҷиҳати бунёди чунин объектҳо фаъолияти дастҷамъӣ зарур буд. Чунин ҳолат фаъолияти муштаракро дар соҳаи об ба вуҷуд оварда, боиси ба вуҷуд омадани ҳамкорӣ дар ин соҳа гардидааст.

Ин раванд дар марҳилаҳои таърихӣ мунтазам ташаккул ёфта, бо пайдоиши халқу миллатҳо ва давлатҳои алоҳида ба ҳамкории фаромиллӣ ва байнидавлатӣ дар соҳаи об табдил меёбад. Бо пайдоиши давлатҳои миллӣ ҳамкорӣ дар соҳаи об аз шакли ҷамъиятӣ ба расмӣ даромада, боиси ба вуҷуд омадани санадҳои муайян, аз ҷумла шартномаҳои нахустини байнидавлатӣ гардидааст, ки муносибатҳои байнидавлатиро дар ҳавзаи ягонаи обӣ ба танзим медарорад.

Тавре маълум аст, қисми мутлақи давлатҳои ҷаҳон дар ҳудуди фарогири ҳавзаҳои ягонаи обӣ ба вуҷуд омадаанд ва дорои дарёҳо ва дигар объектҳои оби умумӣ ё муштарак мебошанд. Чунин воқеияти ҷуғрофӣ дар раванди зиёдшавии бамаротиби талабот ба об ва шиддатёбии рақобат барои дастрасӣ, идоракунӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ болои он давлатҳои дорои ҳавзаи ягонаи обиро водор намудааст, ки шартномаҳои зиёдеро ба имзо расонанд ва миёни ҳам ба тавофуқот расанд. Дар ин замина, кишварҳо ба категорияҳои «болооб», «миёнаоб» ва «поёноб» ҷудо гардида, давлатҳои поёноб бо миёнаобу болооб ва давлатҳои миёнаоб бо давлатҳои болооб ба таври ногузир ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд. Маҳз ҳамин раванд боиси пайдоиш ва марҳила ба марҳила ташаккул ёфтани шакли классикии дипломатияи об гардида, он аз фаъолияти дастҷамъонаи одамон ҷиҳати бунёди инфрасохтори гуногуни обрасонӣ то шакли муосири ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи обро фаро мегирад.

Шакли муосири дипломатияи об бо ҷалби тарафҳо ва ҷонибҳои мухталиф ва гуногунарса аз шакли классикии дипломатияи об тафовут дошта, он аз сатҳи ҳамбастагии ҷуғрофии давлатҳои алоҳида дар соҳаи об ба сатҳи умумият ва ягонагии ҷаҳон дар соҳаи об гузашта, фароҷаҳонӣ будани масъалаҳои вобаста ба об, ҳамшарикӣ, вобастагии мутақобилаи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обро фаро мегирад. Шакли муосири дипломатияи об аз пайдоиши институтҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ сарчашма гирифта, дар доираи фаълолияти ниҳодҳои байналмилалии соҳаи об заминаҳои сиёсию ҳуқуқии он таҳким бахшида шудаанд. Он фарогири рӯзномаи ҷаҳонии об буда, консепсияҳои муосири идоракунии захираҳои обро дар бар мегирад.

Бо тафовут аз шакли классикии дипломатияи об пойгоҳи сиёсию ҳуқуқии шакли муосири онро санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ташкил дода, онҳо дар заминаи фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ ва фаъолияти муштараки тамоми кишварҳои ҷаҳон дар доираи онҳо қабул карда шуда, уҳдадориҳои ҳамаи давлатҳоро дар маҷмуъ дар соҳаи об муайяну мушаххас месозанд ва платформаи ҳамкорӣ ба вуҷуд меоранд.

Дар ин баробар пайдоиши дипломатияи об дар маҷмуъ аз хусусияти хоси худи об, ҳолати ҷойгиршавии ҷуғрофии давлатҳо ва захираҳои об, зарурат ва ниёзҳои иқтисодию иҷтимоии халқу миллатҳо ва давлатҳо, ҳамбастагии манфиатҳои умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ сарчашма гирифта, ба омили муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Об дар асл хусусияти муттаҳидкунанда дошта, ҳамбастагии кулли ҷомеаи ҷаҳониро ба вуҷуд овардааст ва онро ҳифз менамояд. Он ҳамеша дар маҷрои худ ва дар шаклҳои гуногуни худ дар ҳаракат ва гардиш қарор дорад ва бо ин хусусият сарҳадҳои маъмурию сиёсии давлатҳо ва фазои онро эътироф намекунад. Яъне он новобаста аз давлат, миллат, мавқеи ҷуғрофӣ ва дигар тафовутҳо ягонагии тамоми ҷаҳонро таъмин намудааст. Чун давлатҳои миллӣ дар заминаи принсипи соҳибихтиёрӣ амал менамоянд, чунин ҳамбастагӣ дар масъалаҳои вобаста ба об ба таври ногузир зарурати ҳамкориро миёни онҳо ба вуҷуд меорад. Ҳамкорӣ вобаста ба об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ амалӣ мешавад.

Ҳамкории обӣ дар сатҳҳои гуногун дорои мазмуни мухталиф мебошад. Ҳамкории маҳаллӣ бештар байни фардҳои алоҳида, оилаҳо, ҳамсояҳо, хоҷагиҳо, маҳалҳо, деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба истифодаи объект ва ё манбаи оби дорои аҳамияти фаромаҳаллӣ амалӣ мешавад.

Ҳамкории миллӣ доир ба идоракунӣ, истифода ва ё дигар масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ин ё он давлат доир мешавад, ки мазмуни он ба тамоми аҳолии он кишвар рабт дорад. Қисми таркибии чунин ҳамкориро – ҳамкории байнисоҳавӣ дар соҳаи об ташкил медиҳад.

Ҳамкории байнидавлатӣ асоси ҳамкориро дар соҳаи об ташкил дода, байни давлатҳои ҳамҷавор доир ба истифодаи муштараки объектҳо ва манбаъҳои оби фаромарзӣ, ки барои ҳамаи ҷонибҳо аҳамияти зарурӣ доранд, дар асоси шартномаҳои дуҷониба ба роҳ монда мешаванд. Асоси онро дарёҳои фаромарзӣ ва ҳавзаҳои ягонаи обӣ ташкил дода, ҳамкорӣ ба истифодаи оқилона ва одилонаи чунин захираҳои об равона карда мешавад.

Ҳамкории минтақавӣ байни давлатҳои минтақаи муайян, ки онҳоро ҳавзаи ягонаи обӣ муттаҳид мекунад, ба роҳ монда мешавад. Асоси чунин ҳамкориро низ дарёҳои фаромарзие ташкил менамоянд, ки онҳо ҳудуди ду ва зиёда давлатҳоро убур намуда, ҳавзаи ягонаи минтақавиро ба вуҷуд меоранд. Ҳамкории мазкур бештар дар доираи шартномаҳои бисёрҷониба ва ниҳодҳои минтақавии муштараки танзимкунандаи муносибатҳои обии минтақавӣ, ки муассиси он тамоми давлатҳои дар ҳудуди ҳавзаи обии минтақавӣ ҷойгир мебошанд, ба роҳ монда мешавад.

Ҳамкории байналмилалӣ байни давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилоти байналмилалӣ доир ба дарёфти роҳҳои ҳали мушкилоти ҷаҳонии об ва дигар мушкилоти вобаста ба он ба роҳ монда шудааст. Ҳамкории мазкур бештар дар доираи санадҳои қабулнамудаи ниҳодҳои байналмилалӣ, ки тибқи онҳо давлатҳои ҷаҳон уҳдадориҳои муайянро ба зимма мегиранд, ба роҳ монда мешавад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои гуфташуда таърихи дароз дошта, соҳаи об аз аввалин соҳаҳое аст, ки дар таърих вобаста ба он созишномаҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расидаанд. Ин шартномаҳо дар даҳсолаи охири асри XX ва давоми қарни ҷорӣ ба маротиб зиёд гардида, ҳамкорӣ на танҳо байни давлатҳои алоҳида, инчунин дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ дар шакл ва мазмуну муҳтавои фарогири тамоми масъалаҳои вобаста ба об амалӣ мешаванд.

Аз рӯйи мазмун ва моҳият созишномаҳои мазкурро шартан метавон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намуд:

Созишномаҳо доир ба истифодаи роҳҳои обӣ ва бандарҳои обӣ.

Созишномаҳо доир ба истифодаи муштараки ҳавзаҳои ягонаи обӣ.

Созишномаҳо доир ба масъалаҳои гидроэкологӣ.

Созишномаҳо доир ба уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об ва беҳдошт.

Созишномаҳо доир ба сарҳадҳои обӣ.

Мазмуни асосии қисми мутлақи созишномаҳои мазкурро ҳамкорӣ дар самти истифодаи муштараки захираҳои об, алалхусус истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ ва ҳавзаҳои дигари ягонаи обӣ ташкил менамоянд. Тибқи маълумоти мавҷуда, дар дунё зиёда аз 276 дарёҳои фаромарзӣ ва зиёда аз 270 ҳавзаҳои зеризаминии обии фаромарзӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон 261 ҳавзаҳои обӣ дар ҳудудҳои ду ва зиёда давлат ҷойгир шудаанд, ки аз ин шумора 70 ҳавзаи обӣ дар Аврупо, 53 ҳавзаи обӣ дар Осиё, 39 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Марказӣ ва Шимолӣ, 38 ҳавзаи обӣ дар Америкаи Ҷанубӣ ва 60 ҳавзаи обӣ дар Африка ҷойгир мебошанд. Аз ин нишондиҳанда 155 ҳавзаи обӣ байни ду давлат ва зиёда аз 100 ҳавзаи дигар байни зиёда аз се давлат тақсим мегарданд. Ҳамзамон 75 фоизи масоҳати 50 давлати дунё дар ҳудудҳои дарёҳои фаромарзӣ ва ё сарҳадгузар ҷойгир мебошанд.[2]

Тибқи маълумоти абзори Оби Созмони Милали Муттаҳид, ки дар натиҷаи санҷиши марҳилавӣ доир ба татбиқи ҳадафи 6-уми ҲРУ дар 62 кишвар гузаронида шудааст, танҳо 59 дарсади ҳавзаҳои фаромарзии онҳо тибқи созишномаҳои амалкунанда фаро гирифта шудаанд ва танҳо 17 кишвар барои фаро гирифтани ҳамаи ҳавзаҳои фаромарзии дахлдор тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.

Ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об яке аз шартҳои асосии рушди устувор ва таъмину ҳифзи сулҳу амният мебошад. Обҳои фаромарзӣ вобастагии мутақобилаи кишварҳоро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд меоранд. Онҳо на танҳо некӯаҳволии сокинонро, сарфи назар аз сарҳади давлатӣ таъмин мекунанд, балки бахшҳои иқтисодӣ ва экосистемаҳоро дар сатҳи ҳавза ба ҳам мепайванданд. Ҳамкорӣ доир ба истифодаи муштараки ҳавзаҳои обҳои фаромарзӣ дар заминаҳои мушаххаси таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ шакл мегирад ва созишномаҳои мавҷуда аз ҷиҳати ҳаҷм ва шиддатнокии ҳамкорӣ ба таври назаррас фарқ мекунанд. Ҳамаи онҳо манфиати воқеии кишварҳоеро, ки ба идоракунии захираҳои об дар сатҳи фаромарзӣ машғул ҳастанд, инъикос намуда, ба принсипҳои ҳуқуқи анъанавии байналмилалӣ асос ёфтаанд.

Дар айни замон муҳаққиқон чор доктринаи сиёсӣ-ҳуқуқиро оид ба истифодаи муштараки захираҳои об дар ҳавзаҳои обҳои фаромарзӣ муайян мекунанд. Доктринаи якум ба ғояи соҳибихтиёрии мутлақи давлат бар захираҳои обе, ки дар ҳудуди маъмурии он ҷорӣ мешаванд, асос ёфтааст. Моҳияти доктринаи дуюм аз он иборат аст, ки захираҳои оби фаромарзӣ ба ҳамаи давлатҳои ҳавза тааллуқ доранд. Доктринаи сеюм ҳавзаро воҳиди ягонаи гидрологӣ медонанд. Аз нуқтаи назари намояндагони доктринаи чорум давлатҳо ҳуқуқ доранд сохибихтиёрии худро дар сарҳадҳои ҳудуди худ эҳтиром кунанд, аммо истифодаи об бояд бо талаботи оқилона барои истифодаи захираҳои об аз ҷониби дигар давлатҳои ҳавзаи обӣ маҳдуд карда шавад.[3]

Ҳавзаи оби фаромарзӣ аз рӯйи табиати худ метавонад танҳо хусусияти байналмилалӣ дошта бошад, зеро ҳудуди он метавонад чун қоида танҳо аз ҳудуди ду ва зиёда давлатҳо иборат бошад. Бинобар ин, танзими самарабахши муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои обҳои фаромарзӣ танҳо аз рӯйи ҳуқуқи байналмилалӣ муайян кардан мумкин аст, аммо дар айни замон он аз иродаи давлат ва муносибати он ба муайян намудани ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии худ ба захираҳои оби фаромарзӣ вобаста аст.

Созишномаҳои байнидавлатии идоракунии ҳавзаҳои ягонаи обӣ бояд на танҳо муқаррароти қонунгузории миллӣ, балки муқарарроти созишномаҳои байнидавлатӣ ва минтақавиро низ дар худ инъикос намоянд.

Яке аз заминаҳои асосии ташаккули муносибатҳои байнидавлатӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар самти истифодаи муштараки захираҳои оби фаромарзӣ Конвенсия оид ба ҳифз ва истифодаи дарёҳо ва кӯлҳои фаромарзӣ мебошад. Конвенсияи Комиссияи Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо оид ба ҳифз ва истифодаи обҳои фаромарзӣ ва кӯлҳои байналмилалӣ (Конвенсияи об) шартномаи байниҳукуматӣ буда, заминаи ҳуқуқии ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи захираҳои муштараки об (дарёҳо, кӯлҳо ва обҳои зеризаминиро) фароҳам меорад. Конвенсия соли 1992 қабул шуда, соли 1996 эътибори ҳуқуқӣ пайдо менамояд.

Ин конвенсия заминаеро барои ҳамкории 56 кишвари аъзои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо барои ҷилавгирӣ ва назорати ифлосшавии маҷрои обҳои фаромарзӣ фароҳам оварда, он аз се принсипи асосӣ таркиб ёфтааст:

  1. Принсипи пешгирӣ: фаъолияте, ки ба пешгирии партоби моддаҳои ифлоскунанда нигаронида шудааст, сарфи назар аз набудани робитаи собитшудаи байни ин моддаҳо ва таъсири фаромарзӣ набояд таъхир карда шавад.
  2. Принсипи «ифлоскунанда пардохт мекунад»: хароҷоти чораҳои пешгирӣ, назорат ва кам карданро бояд ифлоскунанда бар дӯш гирад.
  3. Захираҳои об бояд тавре идора карда шаванд, ки эҳтиёҷи насли имрӯза бе осеб расонидан ба эҳтиёҷи наслҳои оянда ба об қонеъ карда шавад.

Конвенсияи мазкур давлатҳои аъзоро уҳдадор менамояд, ки фаъолиятро тавре ба роҳ монанд, ки обҳои фаромарзӣ:

— бе зарар ба муҳити зист оқилона идора карда шаванд;

— оқилона ва одилона истифода бурда шаванд;

— экосистемаҳо муҳофизат ва барқарор карда шаванд.

Конвенсия ба ҳамкории кишварҳои ҳамсоя дар самти ҳамоҳангсозии сиёсатҳо, барномаҳо ва стратегияҳо оид ба ҳифзи обҳои фаромарзӣ мусоидат мекунад. Дар конвенсияи мазкур масъалаи сифати обҳои ҳавзаҳои фаромарзӣ ҷойгоҳи махсус дошта, барои пешгирии ифлосшавии ҳавзаҳои обҳои фаромарзӣ меъёрҳои алоҳидаро пешбинӣ намудааст.

Заминаи дигар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи истифодаи ғайринавигатсионӣ аз обҳои фаромарзӣ[4] мебошад. Принсипҳои ин конвенсия дар таҳияи созишномаҳои минтақавӣ ё ҳавзавӣ оид ба захираҳои об ба таври васеъ истифода мешаванд ва дар рушди муносибатҳои давлатҳои ҳамсояи ҳавзаӣ нақши муҳим доранд. Тибқи он давлатҳои дорои ҳавзаи ягонаи обӣ дар асоси баробарии соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нафъи мутақобила ва софдилона бо мақсади ноил шудан ба истифодаи беҳтарин ва ҳифзи муносиби маҷрои ҳавзаи фаромарзӣ ҳамкорӣ мекунанд. Онҳо ҳангоми муайян кардани усулҳои чунин ҳамкорӣ метавонанд аз таҷрибаи ҳамкории дар доираи механизмҳо ва комиссияҳои муштараки дар минтақаҳои гуногун мавҷуда истифода намуда, механизмҳо ё комиссияҳои муштараки худро, ки онҳо зарур мешуморанд, таъсис диҳанд.

Конвенсия ду принсипи асосии истифодаи муштараки обро муайян мекунад: «истифодаи одилона ва оқилона» ва «уҳдадорӣ барои расонидани зарари ҷиддӣ» ба кишварҳои ҳамсоя. Бо вуҷуди ин, ҳуқуқи муайян кардани он ки ин муқаррарот чӣ маъно дорад, ба худи давлатҳо вобаста аст.

Коршиносон ба он назаранд, ки созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии муштараки захираҳои об бояд мушаххастар бошанд. Онҳо бояд механизмҳои иҷрои қарорҳои қабулшударо муфассал тавсиф намуда, дар мавридҳои зарурӣ роҳҳои бартараф намудани ихтилофҳоро пешбинӣ кунанд. Ҳамкории беҳтар дар ин самт инчунин маънои муайян кардани стандартҳои возеҳ ва чандири сифати об ва усулҳои тақсимоти обро дорад, ки гидрологияи маҳаллӣ, динамикаи ҳавзаи дарёҳо ва арзишҳои ҷамъиятии минтақавиро ба назар мегиранд. Ниҳоят, таҳаввулоти идоракунии захираҳои байналмилалии об метавонад таъсиси баъзе механизмҳои ҷубронро, ба монанди пардохтҳо барои ҳуқуқи интиқоли об талаб кунад.

Ҳолати воқеӣ нишон медиҳад, ки талаботи афзояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои об густариши боз ҳам бештари фаъолияти дуҷонибаю бисёрҷонибаи давлатҳоро дар ҳавзаҳои муштараки обӣ тақозо менамояд. Захираҳои муштараки обӣ на танҳо барои қонеъ гардонидани талаботи бевоситаи аҳолӣ бо об, инчунин барои қонеъ кардани талаботи рақобати миллиардҳо одамон ба маводи озуқаворӣ, энергетика ва истеҳсолоти саноатӣ зарур мебошанд.

Омили об ба хусусияти муносибатҳои байни давлатҳо торафт бештар таъсир мерасонад. Об сарҳади сиёсию давлатиро эътироф намекунад, ки ин давлатҳоро аз ҷиҳати истифодаи об вобастаи ҳамдигар месозад. Мавқеи ҷуғрофӣ ба якчанд кишварҳо имкон медиҳад, ки захираҳои обро назорат кунанд ва аз ин имконот барои ҳадафҳои сиёсӣ истифода намоянд.[5]

Тавре дар боло оварда шуд, дар дунё танҳо як гурӯҳи хурди давлатҳо дорои захираҳои бойи об мебошанд, аммо қисми захираҳои оби онҳо низ аз маҷрои дарёҳои фаромарзӣ срчашма мегирад. Дар байни онҳо Бразилия бо 8233 км3 (ҳиссаи маҷрои фаромарзӣ 34,2 фоиз); Федератсияи Русия бо 4508 км3, (4,3 фоиз); ИМА бо 3051 км3, (8,2 фоиз); Канада бо 2902 км3, (1,8 фоиз); Индонезия бо 2838 км3, (0 фоиз); Чин бо 2830 км3, (0,6 фоиз); Колумбия бо 2,132 км3, (0,9 фоиз); Перу бо 1913 км3, (15,5 фоиз); Ҳиндустон бо 1880 км3, (33,4 фоиз); Ҷумҳурии Демократии Конго бо 1283 км3, (29,9 фоиз) мавқеи асосиро касб намудаанд.

Тавре рақамҳо нишон медиҳанд, кишварҳои дорои захираҳои басандаи обӣ низ қисми муайяни онро аз дарёҳои фаромарзӣ мегиранд, ки он аз кадом як кишвари дигар сарчашма мегирад. Ҳолати мазкур нишони он аст, ки кулли давлатҳои дунё, новобаста аз ҳаҷми доштаи захираҳои об ба ҳамдигар пайвандии ногусастанӣ доранд ва ин зарурати ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба ва минтақавию байналмилалиро тақозо намуда, заминаи табиӣ барои ташаккули ҳамгироии байналхалқӣ мегардад.

Дар ин баробар, қисми дигари кишварҳо аз ҷиҳати дастрасӣ ба захираҳои об вобастаи давлатҳои дигар ҳастанд. Вобастагии бештар ба об аз қаламрави кишварҳои ҳамсоя Кувайт (100 фоиз), Туркманистон (97,1 фоиз), Миср (96,9 фоиз), Мавритания (96,5 фоиз), Маҷористон (94,2 фоиз), Молдова (91,4 фоиз), Бангладеш (91,3 фоиз), Нигер (89,6 фоиз), Нидерланд (87,9 фоиз) Узбекистон (77,4 фоиз), Озарбойҷон (76,6 фоиз), Украина (62 фоиз), Латвия (52,8 фоиз), Беларус (35,9 фоиз), Литва (37,5 фоиз), Қазоқистон (31,2 фоиз), Тоҷикистон (16,7 фоиз), Арманистон (11,7 фоиз), Гурҷистон (8,2 фоиз), Русия (4,3 фоиз), Эстония (0,8 фоиз) доранд.[6]

Ҳолати вобастагии зиёди байнидавлатӣ аз ҳавзаҳои ягонаи обӣ боиси дар ин замина густариш пайдо кардани ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ гардида, дар пайи он заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ эҷод гардидаанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар муддати аз соли 1951 то имрӯз 1800 ҳолати гуногун вобаста ба истифодаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ сабт шудааст, ки 67,1 фоизи онро ҳамкорӣ байни давлатҳо ташкил медиҳад. Ҳолатҳои дигар вобаста ба сифати об, миқдор ва инфрасохтори обрасонӣ, тақсимоти об мебошанд, ки байни давлатҳо гуногунандешӣ ва ихтилофи муътадил ба бор овардаанд.[7]

Имрӯз масъалаи идоракунӣ ва истифодаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ аз масъалаҳои муҳимтарини баррасишавандаи сатҳҳои олии сиёсӣ маҳсуб мешавад. Барои ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш ва ташаккули ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва дар доираи принсипҳои дипломатӣ арзёбӣ намудани масъалаҳои идоракунӣ ва истифодаи захираҳои оби фаромарзӣ то кунун байни аксари давлатҳои дунё, ки дорои дарёҳои фаромарзӣ мебошанд, созишномаю шартномаҳо дар ин самт баста шудаанд.

Коршиносон ба аҳамияти ин созишномаҳо баҳои баланд медиҳанд, зеро онҳо устуворӣ ва пешгӯйии муносибатҳои байналхалқиро баланд мебардоранд. Созишномаҳои вобаста ба идоракунӣ ва истифодаи обҳои фаромарзӣ таърихи дароз доранд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҳанӯз 2500 пеш аз милод байни давлатҳои Шумери Лагаш ва Умма созишнома ба тасвиб мерасад, ки ба баҳси истифодаи об дар дарёи Даҷла хотима гузошта мешавад. Созишнома ҳамчун аввалин созишномаи байналмилалии маълум дар таърихи инсоният номида мешавад. Аз он вақт инҷониб маҷмуи васеи созишномаҳои марбут ба захираҳои об баста шудаанд. То асри XX мазмуни асосии аксари созишномаҳоро интиқол ва аломатгузории сарҳади давлатҳо, ки онҳо аз ҳавзаҳо ва фазои обӣ вобаста буданд, ташкил медиҳад. Ҳамзамон, мазмуни қисми дигари шартномаҳоро масъалаи боркашонӣ тавассути роҳҳои баҳрӣ ва заминаҳои сиёсию ҳуқуқии онҳо ташкил менамояд. Аз нимаи дуюми қарни XX бо назардошти мураккабшавии масъалаҳои вобаста ба об ва пайдоиши якчанд мушкилоти об мазмуни созишномаҳо низ тағйир ёфта, таркиби онҳоро асосан масъалаҳои идоракунӣ ва ҳифзи захираҳои об, таъмини дастрасии ҷомеа ба миқдори зарурии оби тозаи нӯшокӣ, пешгирии коҳишёбии захираҳои оби тозаи нӯшокӣ дар раванди тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологии марбут ба об, пешгирӣ ва паст кардани таъсири манфии офатҳои табиии марбут ба об, гузариш ба идоракунии ҳамгироёна ва ҳавзавии захираҳои об, истифодаи оқилона ва одилонаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ ва рушди устувор ташкил менамояд.

Як қисми асосии созишномаҳо бо фарогирии ҳамаи ҷузъиёти таркиби онҳо ба масъалаҳои байнидавлатии идоракунӣ ва истифодаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ равона гардидаанд. Дар баробари ба роҳ мондани идоракунӣ ва истифодаи оқилонаю одилонаи захираҳои обҳои дарёҳои фаромарзӣ зарурати асосии бастани чунин шартномаҳо дар дарёҳои фаромарзӣ дар пешгирӣ ва ҳалли мухолифатҳо ва низоъҳои вобаста ба об байни ҷонибҳои дар ҳавзаи ягонаи обӣ ҷойгир мебошад.

Таҳлилҳо доир ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ ва дар шароиту ҳолатҳои мухталиф бо шартҳои гуногун баста шудани созишҳо аҳамияти ду унсури ҳамкории байналмилалиро оид ба масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ нишон медиҳанд: зарурати сохторе, ки ба раванди пешрафтаи шабакавӣ мусоидат мекунад ва мавҷудияти ҷониби сеюм, ки ба ҳамаи ҷонибҳои дигар таъсир расонида метавонад ва аз ҷониби онҳо ба хубӣ эътироф мегардад.

Масъалаи дигар дар он ифода меёбад, ки бастани созишномаҳо ва ба тавофуқ расидани давлатҳо доир ба истифодаи муштарак ва оқилонаю одилонаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ бисёр мушкилу мураккаб буда, баъзан муддати дарозро тақозо менамояд.

Раванди гуфтушунидҳо аксар маврид вақти зиёдро мегирад. Масалан, барои ба даст овардани созиш доир ба истифодаи муштараки оби дарёи Ҳинд 10 сол, дарёи Ганга 30 сол ва барои дарёи Урдун 40 сол вақт лозим гардидааст, ки давлатҳои дар ҳавзаи ин дарёҳо ҷойгирбуда ба тавофуқ расанд.[8]

Тавре таъкид гардид, коршиносон бар он ақидаанд, ки созишномаҳо дар бораи маҷрои обҳои байналмилалӣ бояд мушаххастар бошанд ва чораҳои таъмини иҷрои ҳатмии созишномаҳои басташударо дар бар гиранд ва инчунин механизмҳои муфассали ҳалли низоъҳо дар мавриди баҳсҳоро дар худ инъикос созанд. Такмили ҳамкорӣ  инчунин тақсимоти дақиқ ва чандирии об ва муайян кардани стандартҳои сифати обро бо назардошти падидаҳои гидрологӣ, тағйирёбии параметрҳои динамикии ҳавза ва арзишҳои иҷтимоӣ тақозо мекунад. Ниҳоят, дар раванди рушди рӯдҳои байналмилалии обӣ шояд зарур бошад, ки баъзе механизмҳои ҷубронпулӣ, масалан, хариди ҳуқуқи об таъмин карда шаванд.[9]

Захираҳои байналмилалии обҳои фаромарзӣ муҳимтарин захираи табиӣ мебошанд. Истифодаи оқилона ва одилонаи об метавонад шукуфоӣ ва амнияти давлатҳои алоҳида ва тамоми минтақаҳоро таъмин намояд. Аз ин рӯ, имрӯз истифодаи самараноки обҳои фаромарзӣ махсусан муҳим аст. Ин ба он далел аст, ки захираҳои об на танҳо ба ҳамкории минтақавӣ ва таҳкими равандҳои ҳамгироӣ мусоидат мекунанд, балки ҳамчун манбаи муноқишаҳои эҳтимолӣ низ шуда метавонанд.[10]

Таҳлил нишон медиҳад, ки дарёҳои фаромарзӣ дар ташаккули муносибатҳои байнидавлатию минтақавӣ ва дар маҷмуъ муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳим дошта, қисми таркибии онро ташкил менамоянд. Имрӯз бо назардошти мураккабшавии тамоми масъалаҳои вобаста ба об, махсусан тағйирёбии иқлим, коҳишёбии захираҳои оби тозаи нӯшокӣ ва дар ин баробар рушди демографию саноатии ҷаҳон, густариш бахшидани ҳамкории вобаста ба истифодаи оқилонаю одилонаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ ва ҳифзи онҳоро тақозо месозад. Мавҷудияти созиш ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд байни давлатҳо дар доираи ҳавзаҳои ягонаи обии дарёҳои фаромарзӣ шарти зарурии ҳифз, нигоҳдошт ва таҳкими анияту суботи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Захираҳои об ягона сарвати табиие мебошанд, ки аз ҳама бештар байни давлатҳо ба таври муштарак тақсим гардидаанд. Ҳеҷ сарвати табиии дигар ба мисли об ба таври муътадил ва дар доираи принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми тарафайн байни давлатҳо муштаракан истифода намегардад. Ин ҳолат аз хусусияти хоси об, ки сарҳадҳоро эътироф намекунад ва доим дар ҳаракат ва гардиш мебошад, бар меояд. Дар ин маврид ҳеҷ фарди алоҳида ва ё давлату ниҳоди дигаре қудрати пешгирӣ намудани ҳаракат ва гардиши обро, махсусан дарёҳои фаромарзиро надорад. Аммо, ҳамагон ва алалхусус тамоми давлатҳо дар ин самт имконияти ҳамкории боз ҳам бештар доранд.

Ҳамкории байналмилалӣ дар самти истифодаи обҳои дарёҳои фаромарзӣ аллакай ба қисми таркибии муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд ва бо назардошти тамоюли рушд доштани тамоми мушкилоти соҳаи об ин ҳамкорӣ бояд густариш дода шаванд ва заминаҳои сиёсию ҳуқуқии онҳо тақвият бахшида шаванд.

Тақвияти ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар соҳаи об, ба тасвиб расидани шумораи зиёди шартномаҳо, торафт мубрам гардидани мавзуи об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ, мураккабшавии мушкилоти вобаста ба об ва дар заминаи он густариш пайдо кардани зарурати беш аз пеши таҳким бахшидани ҳамкории вобаста ба об дар ҳамаи сатҳҳо заминаи пайдоиши самти нави муносибатҳои дипломатӣ – муносибатҳои дипломатии вобаста ба об, яъне дипломатияи об гардидааст.

Дар шароити муосир дипломатияи об ҳамчун нақши муайянкунандаи омили об дар сиёсати хориҷии кишварҳои дорои ҳавзаи ягонаи обӣ ё гуфтушунидҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва дигар воситаҳои ҳалли мусолиматомези ихтилофот оид ба масъалаҳои об байни ин кишварҳо фаҳмида мешавад.

Тавре маълум аст, вазифа ва мазмуни асосии дипломатия аз он иборат аст, ки давлатҳо бо усулу воситаҳои дипломатӣ ба мақсадҳои сиёсати берунии худ ноил шаванд. Истилоҳи «дипломатия» низ метавонад ҳамчун синоними мафҳуми «сиёсати хориҷӣ» истифода шавад. Дипломатия воситаи ба амал баровардани сиёсати берунии давлатҳо, ки маҷмуи тадбирҳои амалӣ, усулҳо ва воситаҳои бо назардошти шароити мушаххас ва характери вазифаҳои ҳалшаванда татбиқшаванда мебошад.

Ҳамзамон зери мафҳуми дипломатия фаъолияти расмии сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, мақомоти махсус ё намояндагони давлат дар татбиқи сиёсати хориҷии он ва ё фаъолияти касбии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба ифода ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони он дар муносибатҳо бо дигар давлатҳо фаҳмида мешавад.

Маълум мегардад, ки дипломатияи об воситаи амалигардонии сиёсати хориҷии давлатҳо оид ба масъалаҳои об, ки маҷмуи тадбирҳои амалӣ, усулҳои бо назардошти шароити мушаххас ва хусусияти вазифаҳои ҳалшаванда, татбиқшаванда, инчунин фаъолияти расмии сарони давлатҳо, ҳукуматҳо, ниҳодҳои махсус ё намояндагони давлат дар татбиқи сиёсати берунӣ оид ба масъалаҳои об ва ё фаъолияти касбии мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба ифода намудан ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандони он оид ба масъалаҳои об дар муносибат бо дигар давлатҳо мебошад.

Бо назардошти таҳлили боло ва арзёбиҳои илмӣ доир ба дипломатияи об метавон гуфт, ки дипломатияи об гуфта, ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои дорои дарёҳои фаромарзиро доир ба ҳалли мусолиҳатомези масъалаҳои обӣ, идоракунӣ ва истифодаи босамари захираҳои обӣ ва ҷойгоҳи захираҳои обӣ дар низоми сиёсати хориҷии давлат меноманд.

Қоидаи гуфташудаи «дипломатияи об» аз қоидаи муосири он ба куллӣ фарқ менамояд. Имрӯз зери мафҳуми «дипломатияи об» муносибати байниҳамдигарии ҷонибҳои манфиатдор – давлатҳо ва созмону ташкилотро меноманд, ки дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минатқавӣ ва ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти обӣ фаъолият менамоянд.[11] Аммо бо таъсири афзояндаи ҷаҳонишавӣ, вобастагии мутақобила ва мураккабии масъалаҳои об, мафҳуми дипломатияи об васеъ гардида, фаҳмиши нави дипломатияи об аз муносибатҳои одилонаи кишварҳои дорои ҳавзаи ягонгаи об ба ҷалби кишварҳои сеюм ва созмонҳои байналмилалӣ мегузарад.

Ҳамин тавр, дар заминаи қоидаҳои нишондода метавон хулоса намуд, ки дипломатияи об – ин маҳорати баргузор намудани гуфтушунидҳо, ҳамгироиҳо ва ҳамбастагиҳоро доир ба ҳалли мусолиҳатомези гуногунандешиҳо, ихтилофҳо ва низоъҳо, ҷиҳати идоракунӣ, истифода ва истеъмоли захираҳои об ва тақвияти ҳамкориро дар сатҳи байнидавлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ меноманд.

Гидродипломатия ё дипломатияи об яке аз омилҳои марказӣ дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи дохилидавлатӣ, минтақавӣ ва албатта, дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб шуда, он асосан заминаи табиии пайдоиш дорад, чунки захираҳои об, махсусан дарёҳои фаромарзӣ сарҳадҳои якчанд давлатро убур менамоянд, ки бевосита омили пайвандии ногусастании байнидавлатӣ мегардад. Ин зарурати табиӣ ба бор меорад, ки давлатҳо барои оқилонаю самаранок истифода намудани захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ бо ҳам ҳамкории зич намоянд.

Рушди ҳамаҷонибаи дипломатияи об дар шароити муосир ба соли 2013 рост меояд, ки дар заминаи ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон 20 декабри соли 2010 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи № 65/154-ро дар бораи эълон намудани соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» қабул менамояд. Дар доираи ин ташаббус заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва институтсионалии рушди дипломатияи об дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам оварда шуда, шакли муосири дипломатияи об мавриди арзёбии гуногунарсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад. Дар Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об маҷмуи нақшаи чорабиниҳои амал таҳия ва дар сатҳи байналмилалӣ татбиқ гардиданд, ки ҷойгоҳи дипломатияи обро дар муносибатҳои байналхалқӣ таҳким бахшид ва моҳияту зарурати онро дар шароити муосир инъикос сохт. Фароҳам овардани имконият барои ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии об дар байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва беҳбуди дарки чолишҳо ва манфиатҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об метавонад ба таҳкими эҳтироми мутақобила, ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод байни кишварҳо мусоидат намуда, сулҳ, амният ва рушди устувори сиёсию иқтисодии тамоми давлатҳоро таъмин созад.

Дар ин раванд, дар заминаи ин ташаббус ҷониби Тоҷикистон консепсияи муосири идоракунии захираҳои обро дар пояи шакли муосири дипломатияи об мавриди таҳлили илмии ҷомеаи ҷаҳонӣ намуда, онро дар шакл ва муҳтавои нав вориди муносибатҳои байналхалқӣ намуд. Консепсияҳои мазкур ҷавҳари асосии шакли муосири дипломатияи обро ташкил намуда, муносибатҳои байналхалқӣ дар соҳаи об аз рӯйи ҳамин равишҳо доир мешаванд.

Аз таҳлил ва нишондодҳо бар меояд, ки дипломатияи об заминаи таърихӣ дошта, об ҳамчун сарвати табиии дорои хусусияти муттаҳидкунанда ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳониро ба таври ногузир таъмин менамояд. Рисолати олии сиёсии тамоми ҷонибҳо, махсусан ҷониби давлатҳои миллӣ дар он нуҳуфтааст, ки дар заминаи ин хусусияти об рушди дипломатияи обро ҳамаҷониба тақвият бахшида, дар раванди мураккабшавии масъалаҳои вобаста ба об аз низову ихтилофҳо ва бархурдҳои вобаста ба об, ки оқибати харобиовар доранд, пешгирӣ намоянд.

Гидродипломатия ҳамчун самти нави фаъолияти дипломатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ акнун ворид гардида, боиси омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи илмӣ мебошад.

Бо инобати ин, зарур аст, ки барои ҳалли самарабахши мушкилоти вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ, махсусан барои дарёфти роҳу воситаҳои ҳалли он дар сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар доираи ихтисосҳои ба омода кардани мутахассисони соҳаи дпломатия нигаронида омӯзиши моҳият, зарурат ва хусусияти хоси гидродипломатия низ ба роҳ монда шавад ва дар ин самт мутахассисони касбӣ тайёр карда шаванд. Бо назардошти ҳолати кунунии масъалаҳои вобаста ба об дар муносибатҳои байнидавлатию минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври эътимоднок пешгӯйӣ карда метавонем, ки гидродипломатия дар дурнамои муносибатҳои дипломатӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста ва махсус хоҳад дошт. Аз ин рӯ, тақвияти омӯзиш ва тарҳрезии заминаҳои илмию таълимии он ҳамаҷониба зарур ва саривақтӣ мебошад.

Сайдулло ҚУВВАТЗОДА,
сиёсатшинос

 

________

[1] Ниг.: Что такое водная дипломатия и почему она актуальна сегодня? [Электроный ресурс]//  Источник: http://bluepeace-centralasia.ch/ru/about/hydrodiplomacy/ (дата посящения: 21.06.2022).

[2] Ниг.: Рысбеков Ю.Х. «Трансграничное сотрудничество на международных реках: проблемы, опыт, уроки, прогнозы экспертов» [Электроный ресурс]// Ташкент, 2009, — С.15. Источник: http://www.cawater-info.net. (дата посящения: 18.03.2021).

[3] Ниг.: Махкамбоев С. Д. Концепция экологического районирования при использовании трансграничных водных ресурсов [Текст]// Паёми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. — Душанбе: “Сино”, 2010. C. 173–182.

[4] Ниг.: Қатъномаи Маҷмааи СММ №51/229. 1997, 21 май. ».[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: https://mfa.tj/tg/main/view/4264/tashabbushoi-jahonii-tojikiston-dar-doirai-smm (санаи воридшавӣ: 11.03.2020).

[5] Ниг.: Акунова Г. Ч. Особенности водной дипломатии в Центральной Азии. Проблемы постсоветского пространства [Текст]// Акунова Гулбара Ч.. – М., 2021,  Post-Soviet Issues 2021;8(2):229-241. С -230.

[6] Ниг.: Форуми ҷаҳонии об. Сарчашма: https://www.worldwatercouncil.org. (санаи воридшавӣ 18.02.2020).

[7] НИг.: Рысбеков Ю.Х. Трансграничное сотрудничество на международных реках: проблемы, опыт, уроки, прогнозы экспертов [Текст]. — Ташкент, 2009. – С.14

[8] Ниг.: Трансграничное сотрудничество на международных реках: проблемы, опыт, уроки, прогнозы экспертов [Электроный ресурс]// Источник: http://www.cawater-info.net/bk/water_law/part5.htm(дата обращения: 13.01.2022)

[9] Дар ҳамон ҷо.

[10] Ниг.: Юнусов Х. Трансграничное водное сотрудничество в Центральной Азии: помогает ли европейский опыт решить проблему? [Электронный ресурс]// Источник: www.seneca-eu.net/ru/blog_ru (дата посещения: 11.01.2022).

[11] Ниг.: Зиганшина Д.Р. Роль водной дипломатии в обеспечении водной безопасности: обзор современной практики (2013) [Электроный ресурс]// . Источник: www.cawater-info.net. (дата посящения 18.03.21).

Июнь 11, 2024 17:46

Хабарҳои дигари ин бахш

НАЗАРИ ҲУҚУҚШИНОС. Идораҳои нотариалӣ дар низоми механизми ташаккули маърифати ҳуқуқӣ соҳиби мақоми арзандаанд
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо НБО-и «Норак» шинос шуд
Байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ангола Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба «Истифодаи оқилонаи захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» ҳамоиш баргузор шуд
Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид
Дар Душанбе оид ба ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамоиш доир шуд