Дониш одамонро ба ҳам наздик мекунад: сокинони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оператори алоқаи худро хубтар мефаҳманд

Июнь 3, 2024 15:33

ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ман зуд-зуд ба ширкат муроҷиат  намуда, фикр мекардам, ки  чаро  баъзан пешниҳоди  ҷавоб якчанд дақиқа вақт мегирад? Акнун ман фаҳмидам, ки тамоми система чӣ гуна кор мекунад ва ба оператор ҳар рӯз чанд ҳазор муроҷиат  ворид мегардад.   Дигар хавотир намешавам, ки каме интизор шудам”, — мегӯяд муштарии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Соҳиб Раҳматов.

Соҳиб ягона сокини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нест, ки дар мулоқот бо роҳбарияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бозёфтҳои хурде кардааст. Муштариёни фаъол аз шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ҳисор, ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ ва Шаҳринав аз фурсат истифода бурда, бо кори оператор шинос шуданд. Ба онҳо гуфта шуд, ки хадамоти мизоҷон  ва шабакаи мобилии ширкат чӣ гуна кор мекунанд ва муҳимтар аз ҳама, чаро ҳеҷ як муроҷиати мизоҷ   бе назорат намемонад.

Чуноне  таҷрибаи муошират  бо муштариён  нишон медиҳад, на ҳама хуб дарк мекунанд,   ки кори мутахассисони алоқа   чй гуна аст. Вохӯрӣ бо роҳбарият  ва кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба мо имкон дод, ки ба матлаби  сифати муошират ва хизматрасонӣ ба мизоҷон ба таври  нав нигоҳ кунем.

«Шояд   ягон ширкат дар кишвар чунин вохӯриҳо байни роҳбарият ва мизоҷон ташкил накунад. Имрӯз хамаи таклифҳои мо шунида шуданд. Ман чанд сол боз аз хизматрасониҳои ширкати “Мегафон Тоҷикистон”  истифода мебарам. Хушҳолам, ки агар камбудӣ бошад, ширкат  онро дарҳол  бартараф мекунад”, — мегӯяд Фируза Ҳасанова.

«Сабабҳо барои  занг вуҷуд доранд, аммо дар маҷмӯъ ба ман алоқаи  оператор  писанд    аст. Ман ҳар рӯз бо фарзандонам, ки дар Русия истиқомат доранд,  суҳбат мекунам. Дар мулоқоти имрӯза ман ба ҳамаи саволҳоям ҷавоб гирифтам, ташаккур!” — илова кард  сокини шаҳри Вахдат — Ҳайдар Назаров.

Дар муколама бо мизоҷон  кормандони якчанд зерсохтор,  аз ҷумла департаментҳои   техникӣ ва тиҷоратӣ, намояндагони маркетинг, Хадамоти мизоҷон  ва  департаменти   ҳайати кормандони   ширкати «МегаФон Тоҷикистон»,  иштирок намуданд.

«Таклифҳо, хоҳишҳо ва шикоятҳои муштариён ба мо кӯмак мекунанд, ки корҳоро оид ба такмили  минбаъдаи   хизматрасонӣ ва сифати алоқа ба нақша гирем. Муштариён беҳтарин ёварони мо ҳастанд,   санҷиши нақшавии шабака дар ин ё он ҷо ҳар рӯз гузаронида намешавад ва муштариён дар бораи мушкилот фавран хабар медиҳанд.  Ин   имкон медиҳад, ки   чораҳо  ба зудӣ андешида шаванд ва   истифодабарандагони хизматрасониҳои   мо аз сифати онҳо қаноатманд бошанд. Дар маҷлис ҳамаи дархостҳо қайд гардида,   ба назар гирифта шуданд. Ташаккур ба муштариён барои фаъолнокӣ  ва тафоҳуми онҳо! » – иброз дошт  директори раёсати  минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон »   дар  ш. Душанбе ва НТМ Далер Наимов.

Мулоқотҳои  ҳайати роҳбарикунандаи   ширкат бо муштариён  мувофиқи  навбат дар    Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон идома меёбанд.

АКС: ширкати «Мегафон Тоҷикистон»        

Июнь 3, 2024 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд