«ЭКО ТАКСӢ». Дар Душанбе боз як ширкати мусофиркашонӣ ба фаъолият оғоз намуд

Июнь 18, 2024 10:17

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат боз як ширкати мусофиркашонӣ — «Эко таксӣ» ба фаъолият шуруъ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ширкати мусофиркашонӣ 400 электромобили муосир ба шаҳри Душанбе ворид намудааст, ки имрӯз рунамоӣ гардиданд. Ин ширкат ҷиҳати гузариш ба «иқтисоди сабз» ва дар асоси консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026 дар пойтахти мамлакат ба фаъолият оғоз намуд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе ҷамъиятҳое, ки ба хизматрасонии нақлиётии мусофиркашонӣ (таксӣ) дар шаҳри Душанбе машғул ҳастанд, муваззаф гардидаанд, ки дар доираи квотаҳои муқарраргардида барои пурра ба низоми нақлиёти барқӣ гузаштан то 1 сентябри соли 2025 тадбир андешанд. Яъне, тибқи қарори дахлдор, ширкатҳои кироякаши таксӣ вазифадор гардидаанд, ки то 1 сентябри соли 2025 пурра ба воситаҳои нақлиёти электромбил гузаранд.

Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 12 ширкати мусофиркашонии таксӣ фаъолият менамоянд, ки 4350 нақлиёти кироякаш доранд. То 6 июни соли 2024 аз 4350 воситаи нақлиёти кироякаш 2451 адади онро электромобил ташкил медиҳад. 1914 адади он воситаи нақлиёти дорои муҳаррики дарунсӯз мебошад, ки намои зоҳирии онҳо зард аст. Таносуби электромобил нисбат ба талабот 56, 3 фоизро ташкил медиҳад.

Тибқи ин қарор, шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе бояд барои пурра ба низоми барқӣ гузаштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятҳои кироякаши таксӣ мусоидат намоянд.


Гуфта мешавад, ки ин қарор бо мақсади иҷрои муқаррароти Консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шудааст. Консепсияи мазкур дар заминаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки 31 октябри соли 2022 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, таҳия ва мавриди амал қарор гирифт.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» изҳор гардид, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои бунёди неругоҳҳои барқӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва то соли 2030 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидори алтернативии истеҳсоли энергияи «сабз», яъне бо истифодаи захираҳои офтобиву бодӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо амалисозии тадбирҳои пешбинишуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо энергияи «сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.

«Яъне Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи иқтисоди «сабз» соли 2037 воқеан ба давлати «сабз» табдил меёбад», -иброз доштанд Президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин Президенти мамлакат чандин маротиба таъкид намудаанд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба мамлакат, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд.

Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакат баҳри тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави мамлакат чораҷӯӣ менамояд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Июнь 18, 2024 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ҳамоиши табибони ҷавони шаҳри Душанбе баргузор шуд
Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад