Эмомалӣ Раҳмон: «Об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт сазовори эҳтиёт ва эҳтирому арҷгузории шоиста аст»

Июнь 12, 2024 16:58

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мо кӯшиш менамоем, ки ҳар ҳамоиши об дар Душанбе ба ҷамъомади идона табдил ёбад, чунки об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт сазовори эҳтиёт ва эҳтирому арҷгузории шоиста аст. Онро бояд оқилона ва сарфакорона истифода барем, қадр намоем ва барои наслҳои оянда ҳифз кунем. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои конфронс ба ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим таъсири назаррас хоҳанд гузошт.

Пешвои миллат изҳори умед намуданд, ки паёмҳои муҳим аз муколамаҳои интерактивӣ, ҳамоишҳо ва чорабиниҳои канории он дар раванди татбиқи уҳдадориҳои Рӯзномаи амали оби Конфронси Ню-Йорк, ҳамчунин  дар қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав нақши муҳим хоҳанд дошт.

Июнь 12, 2024 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд