Дар Донишкадаи кӯҳию металлургӣ оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир гардид

Ноябрь 16, 2026 19:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии  Пешвои миллат дар масири обу иқлим ва истифодаи захираҳои табиӣ, экологӣ ва рушди устувор» конфронси дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иштирокчиёни конфронс доир ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим, таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ибрози андеша намуданд.

Иброз гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлати Тоҷикистон дар самти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист барои ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ аҳамияти бузург доранд. Ин пешниҳодҳо дар арсаи байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкории давлатҳо, ҳалли мушкилоти экологӣ, таъмини амнияти обӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамоянд.

«Аз ин рӯ густариши таҳқиқоти илмӣ, татбиқи технологияҳои муосири экологӣ ва истифодаи дастовардҳои илму инноватсия дар самти идоракунии захираҳои табиӣ муҳим мебошад»,–гуфта шуд зимни конфронс.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор гардида, ба таҳлилу баррасии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор равона карда шудааст.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2026 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият