ФОРУМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Он ба таҳкими нақши занону духтарон дар рушди иқтисодию иҷтимоии ду давлат мусоидат менамояд
ДУШАНБЕ, 20.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Форуми занони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд- як роҳ» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба кори худ оғоз намуд, ки дар доираи он тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат баррасӣ гардид.
Дар қисмати дуввум ва сеюми чорабинӣ намояндагони Тоҷикистону Чин дар мавзуи тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду давлат маъруза намуданд.
Форуми мазкур бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории занони Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» доир гардида, барои фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат замина хоҳад гузошт.
Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур дар форум масъалаҳои фароҳамории замина барои табодули таҷриба ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ ва фаъолнокии иҷтимоии занон, таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ», таҳкими робитаҳои фарҳангии занони ду мамлакат ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






