Имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар Олмон муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ин чорабинӣ Сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторов доир ба муҳимтарин тасмимҳои Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ маъруза намуда, имконияти фаровони сайёҳӣ, таърихи куҳан ва фарҳанги бойи тоҷиконро ба хабарнигорон муаррифӣ намуд.
Роҳбари Иттиҳодияи хабарнигорони соҳаи сайёҳии Олмон — CTOUR Ҳанс-Петер Гаул иброз намуд, ки баргузории чунин чорабинии муштарак ба афзоиш ёфтани таваҷҷуҳи доираҳои иттилоотии кишвари Олмон ба зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Дар ҳамоиш Сафири Тоҷикистон дар Олмон ба саволҳои иштирокчиён оид ба паҳлуҳои гуногуни рушди соҳаи саёҳии мамлакат, бахусус сода гардидани раванди сафар ба Тоҷикистон посух дод.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд






