Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад

Июнь 29, 2024 08:22

ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 то 1 июл дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта боқӣ мемонад. Имрӯз дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимолу ғарб ба ҷумҳурӣ ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг) пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ асосан бебориш дар назар буда, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 21+26 дараҷа гарм, рӯзона 36+41 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 дараҷа гарм, рӯзона 38+43 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 23+25 дараҷа ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Июнь 29, 2024 08:22

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад