ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. Эътироф гардидани Тоҷикистон ба ҳайси давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим дастоварди бузург аст

Июнь 5, 2024 09:41

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии СММ (WMO) ва ЮНЕСКО дар ҳоли таҳия мебошад». Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, ки ҳамасола 5 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.

Дар Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз вазъи кунунии муҳити зист ва хатарҳои зиёновари экологии давлати худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд.

Барои таҳияи лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» гуруҳҳои кории байниидоравӣ ва техникӣ таъсис дода шудааст

Баҳодур Шерализода илова намуд, ки бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амалигардонии қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» гуруҳҳои кории байниидоравӣ ва техникӣ аз ҳисоби мутахассиони ботаҷрибаи вазорату идораҳои марбута таъсис ёфтааст.

Ҳамзамон, тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз ҷониби WMO ва ЮНЕСКО Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун аъзо аз ҷониби Тоҷикистон ба он шомил мебошад.

Ҳамаи чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ҷаласаи Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалӣ баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул ва мавриди амал қарор мегиранд.

Соли 2022 СММ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро қабул намуд

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист афзуд, ки соли 2022 барои мардуми тоҷик соли фаромӯшнашаванда буд, зеро 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатънома дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо дастгирии аксарияти давлатҳои ҷаҳон қабул кард.

Дар қатънома ба ғайр аз эълон гаштани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, баргузор гардидани конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025 дар шаҳри Душанбе, Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо 21 март пешбинӣ гардид.

Ҷонибдории иқдоми панҷуми глобалии Президенти мамлакат аз ҷониби СММ барои Тоҷикистон ифтихори бузург аст

Ба андешаи Баҳодур Шерализода, ҷонибории иқдоми панҷуми глобалии Президенти мамлакат аз ҷониби СММ барои Тоҷикистон ифтихори бузург аст.

Дар радифи ин, Тоҷикистон масъулияти азимро дар пешбурди масъалаҳои иқлим, ҳифзи муҳити зист ва вусъати ҳамкории байналмилалӣ ба зимма гирифтааст.

Инчунин бо мақсади фаъолсозии Фонди байналмилалии мақсадноки СММ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва саҳми аввалини молиявии Тоҷикистон моҳи апрели соли 2024 маблағи муайян ба суратҳисоби Фонди мазкур гузаронида шуд.

Душанбе ба «шаҳри сабз» табдил дода мешавад

Бо дахли доир намудани чорабиниҳои гуногун дар иртибот ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Баҳодур Шерализода афзуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе моҳи марти соли 2024 Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе»-ро доир намуд, ки дар он масъалаҳои раванди обшавии босуръати пиряхҳои минтақа, рушди амалҳои «сабз», хусусан иқдоми ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат баррасӣ гардиданд.

Барои муайян намудани захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳо мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида шуд

Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ҷиҳати муайян намудани захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Обихингоб, Сурхоб, Камароб ва минтақаи Канаски ҳавзаи дарёи Кофарниҳон мушоҳидаҳои аэровизуалӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи он ҳисоботи муфассал ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардид.

Китоби «Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим» ба нашр расид

Аз ҷониби ходимони илмии марказу муассисаҳои давлатии Кумита беш аз 15 мақолаҳои илмӣ таҳия гардида, ба маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ барои нашр пешниҳод гардиданд. Мақолаҳои илмии «Нақши экосистемаҳои куҳии Тоҷикистон дар барқароркунии захираҳои табиат», «Зарурияти ҳифзи пиряхҳо дар экосистемаҳои табиӣ», «Вариантҳои паст фаровардани хатари рахнашавии кӯли Сарез», «Арзёбии хатарҳои геологӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистон», «Роҳҳои барқароркунии ландшафтҳои табиӣ дар заминҳои таназзулёфта ва мутобиқсозии он ба раванди тағйирёбии иқлим», «Наботот ва гуногунии растаниҳои чарогоҳи водии Файзобод»,инчунин, китоби «Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим» аз ҳамин қабил аст.


Тоҷикистон Барномаи «Мамлакати сабз»-ро қабул намуд

Тоҷикистон яке аз ҷонибҳои фаъоли қатъномаи Париж буда, Барномаи «Мамлакати сабз»-ро барои солҳои 2023-2027 қабул кард.

Дар қатънома омадааст, тағйирёбии иқлим ҳолати фавқулодаи глобалӣ аст.

Ин мушкилот ҳалли ҳамоҳангшуда дар ҳамаи сатҳҳо ва ҳамкориҳои байналмилалиро талаб мекунад, то ба кишварҳо дар гузариш ба иқтисодиёти камкарбон кумак расонад. 194 давлат ба қатъномаи Париж ҳамроҳ шудаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон то охири соли 2027 дар доираи Барномаи «Мамлакати сабз» дар ҳазорҳо гектар замин ниҳолу буттаҳо мешинонад.

Дар давраи аввали Барнома 65 миллион дарахту бутта шинонда мешавад

Барномаи «Мамлакати сабз» коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, гузариш ба иқтисодиёти сабз, таъмини нигоҳдории устувории низоми табиӣ, васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғу токзор, минтақаҳои сабз, ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва таъмини рушди устувор ва амнияти экологии аҳолиро дар бар мегирад.

Барнома дар ду давра амалӣ хоҳад шуд. Тибқи нақша дар давраи аввал-солҳои 2023-2025 дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар 65 миллион дарахту бутта шинонда мешавад. Инчунин дар ҷумҳурӣ Барномаи нави давлатии кабудизоркунӣ то соли 2040 таҳия гардид, ки татбиқи он беҳдошти вазъи муҳити зист, коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ва пешгирӣ аз гармшавии иқлим ба назар гирифта шудааст.

Ҳифзи муҳити зист муносибати оқилонаро тақозо менамояд

Ба андешаи Баҳодур Шерализода, муносибати оқилона бо табиат ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намудан, вазифаи ҳар як сокини мамлакат буда, мақомоти ҳифзи муҳити зист, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ҳар як коллективи меҳнатӣ уҳдадор аст, ки баҳри тарбияи маърифати экологии аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонону наврасон тадбирҳои муассир андешанд. Ҳамасола дар ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, садҳо гектар боғҳои наву гулгаштҳо бунёд мегарданд, ки ин амали неки мардумамон барои озодагию хуррамгардонии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

«Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем мушкилоти ҳифзи муҳити зистро, ки ҳаёти орому солимии аҳли башар бо он иртиботи қавӣ дорад,ҳаллу фасл намоем», — гуфт дар анҷоми суҳбат раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Июнь 5, 2024 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ. Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи технологии мамлакат дар ин мавзуъ
ҲАМКОРИИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Назари коршинос дар бораи равобити ду мамлакат дар шароити нави рушди минтақа ва ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад
ТИРГОН ҶАШНИ ТОБИСТОН АСТ. Ин ҷашни миллии мо асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Сулҳи тоҷиконро ҳамчун нодиртарин роҳи хотима гузоштан ба мухолифатҳои мусаллаҳона эътироф кардаанд»
МАРДУМИ ТОҶИК БА АМАЛҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАД. Андешаҳои директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо дар ин маврид
САМАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУНЁДИ САДҲО МУАССИСАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ! Маълумот дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
Пешвои миллат: «Хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ гузошта шуда буд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои халқи Тоҷикистон пайки шодӣ, паёми оромӣ ва номаи иқболу саодат гардид»
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода: «Ягона омили муассири ҳаёти осоишта ва рӯзгори равшану босаодат ваҳдат ва сулҳу ҳамдилӣ мебошад»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ БОСУБОТ ВА ШОИСТА. Андешаҳои профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ