«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-ОЙИНИ ХУДШИНОСӢ». Дар пойтахт даври шаҳри озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13-14 июн дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ» барои хонандагони синфҳои 8-11 баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Даври шаҳрии озмун аз рӯй ду бахш- хаттӣ ва шифоҳӣ доир мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Маърифати ҳуқуқӣ-ойини худшиносӣ» доир ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 баргузор мешавад
Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии хонандагон, ба хонандагон фаҳмонидани мазмуну муҳтавои қонунгузории милливу байналмилалӣ ва таҳкими волоияти қонун мебошад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






