Мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби байналмилалии президентӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси ҷаҳонии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими кушодашави мусобиқаи варзишӣ аз намуди футболи хурд дар байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряҳо сухан гуфта, ташаббуси ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро, ки Созмони Милали Муттаҳид тариқи Қатъномаи махсус 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд, давоми мантиқии ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат номид.
Таъкид гардид, ки мамлакати мо ташаббускори пешниҳоди эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол тариқи Қатъномаи СММ буда, дар асоси дастури раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамовозӣ аз ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила муттаҳид намудани ҷавонони минтақаҳои гуноногуни ҷумҳурӣ байни кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси Кумита ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, ки мусобиқа бори аввал бо сарпарастии Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мақсади он ташвиқу тарғиби футбол дар байни омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муайян кардани чеҳраҳои нави варзишгарон аз намуди бозии футбол, интихоби варзишгарони беҳтарин ба дастаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Иттилоъ дода шуд, ки даври якум ва дуюми мусобиқа то 6 июни соли 2024 дар минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида, даври нимниҳоӣ ва ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе доир шуда, беҳтаринҳо бо Ҷом ва туҳфаҳо сарфароз мегарданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






