НАЗАРИ КОРШИНОС. Баҳри дастгирии рушди инноватсия ва соҳибкории инноватсионӣ мебояд аз кумакпулиҳо истифода бурд

Июнь 9, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 09.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи пасти ҳамкории муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо соҳибкорон, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, ҷорӣ нагардидани механизми тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва навовариҳо аз ҷумлаи камбудиҳо дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Чунин изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи имсол дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат.

Дар ҳошияи суханронии Президенти мамлакат сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амин Одиназода вобаста ба масъалаҳои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар мамлакат ва омилҳои манфие, ки садди роҳи пешравии ин соҳа гардидаанд, ибрози назар намуд.

-Дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»  рушди устувори минбаъдаи мамлакат дар шакли «Индустриалию инноватсионӣ» пешбинӣ гардидааст. Дар ин замина, ҳалли вазифаҳои зерин ҳамчун самтҳои афзалиятноки расидан ба ҳадафи гузошта муайян гардидаанд:

-Инкишофи равандҳои фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ;

-Рушди низоми дастгирии иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории инноватсионӣ;

-Навсозии инфрасохтори инноватсионӣ (паркҳои технологӣ, технополисҳо), бунёди инфрасохторе, ки барои пайдо шудани стартапҳо мусоидат мекунанд;

-Тарғиб намудани бартарият ва мазмуну мантиқи рушди соҳибкории инноватсионӣ;

-Ба манфиати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ мутобиқ намудани мавзуъ (лоиҳаҳои илмию таҳқиқотӣ);

-Ташаккули фарҳанги соҳибкории инноватсионӣ;

-Тақвияти дастгирии давлатии молиявию иқтисодии фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ, бахусус тавассути андозбандии мувофиқ, пешниҳоди қарзу субсидияҳо, содагардонии тарифҳо ва боҷи давлатӣ, инчунин ҳавасмандӣ ба коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ то маҳсулоти ҳадди ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда;

-Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ҷорӣ намудани хатҳои нави технологӣ ва баланд бардошани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, бахусус дар заминаи афзоиши маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот нигаронида.

Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ, бешубҳа, баёнгари нақши муҳим доштани рушди бахши хусусӣ ва соҳибкории инноватсионӣ  дар самти ноил гардидан ба  ҳадафҳои муайянгардида, бахусус гузариш ба модели «Индустриалию инноватсионӣ» мебошад. Бо ин мақсад дар мамлакат якчанд барномаву стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030» мавриди татбиқ қарор дорад. Илова бар ин, Шурои илм, маориф ва инноватсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоотӣ, Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионӣ, Маркази инноватсионии соҳаи биология ва тиб, Маркази инноватсионии тиҷоратӣ РЕАК дар заминаи маблағгузории Барномаи тиҷорат ва инноватсияи Вазорати корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир (FCDO), «Фонди рушди инноватсия ва саноат», Корхонаи воҳиди давлатии «Саноатсодиротбонк» ва Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе»  фаъолият менамоянд, ки ин бешубҳа, далели возеҳи мавҷуд будани замина ё инфрасохтори дастгирии давлатии соҳибкории инноватсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Дар айни замон дар қонунгузории амалкунандаи мамлакат барои таъмини рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ, эҷодкорӣ ва ворид намудани хатҳои нави технологӣ-инноватсионӣ як силсила имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд, ки муҳимтарини онҳоро чунин хулоса намудан мумкин аст:

-Низоми содакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсионию технологӣ. Дар доираи низоми мазкур субъектҳое, ки ба фаъолияти инноватсионию технологӣ машғул ҳастанд, ба истиснои пардохти андози иҷтимоӣ, ки аз пардохти ҳама гуна андозҳо озод мебошанд, инчунин воридоти таҷҳизоти инноватсионию технологӣ, ки бевосита барои эҳтиёҷоти худии чунин субъектҳо истифода карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда низ озод карда мешаванд;

-Аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод будани воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маснуоти такмилии онҳо, ки маҷмуи ягонаи технологиро ташкил медиҳанд.

-Ба муҳлати то 12 сол аз пардохти андози ААИ, боҷи гумрукӣ,  низоми содакардашудаи андозбандӣ ва пардохти андози молу мулки ғайриманқул озод будани корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд;

-Корхонаҳои навтаъсис, ки ба коркарди саноатии пӯст, пашм, абрешими хом ва дигар ашёи хоми соҳаи кишоварзӣ ба маҳсулоти ниҳоӣ машғул мебошанд, ба муҳлати то 5 сол аз пардохти ин андоз озод карда мешаванд;

Агар ҳаҷми сармоягузориҳо дар корхонаҳои нави молистеҳсолкунанда ба чунин меъёрҳо баробар бошад, ба муҳлатҳои зерин аз пардохти андоз аз фоида озоданд:

аз 200 ҳазор то 500 ҳазор доллари ИМА, ба муҳлати 2 сол;

аз 500 ҳазор то 2 миллион доллари ИМА, ба муҳлати 3 сол;

аз 2 то 5 миллион доллари ИМА, ба муҳлати 4 сол;

зиёда аз 5 миллион доллари ИМА, ба муҳлати 5 сол.

Аммо, бо вуҷуди он ки дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ мунтазам тамоюлҳои мусбат ба назар мерасанд, вале сифати рушди он, аз ҷумла тавассути ҷалби ҳарчи бештари бахши хусусӣ ва рушди соҳибкории инноватсионӣ бо назардошти имконияти мавҷуда ҳанӯз қонеъкунанда набуда, дар ин самт ҳоло ҳам мушкилоту масъала ва монеаҳои ҳалталаб ҷой доранд, ки муҳимтарини онҳоро дар маҷмуъ, чунин хулоса намудан мумкин аст:

1.Дар сатҳи зарурӣ фаъолият накардани паркҳои илмӣ–инноватсионӣ–истеҳсолӣ–техникӣ–таҷрибавии дар назди муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ қарордошта. Тибқи маълумот, ҳоло дар назди донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ тақрибан 24 парки технологӣ амал мекунанд. Аммо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла камчинии мутахассисони варзида, сатҳи нокифояи маблағгузорӣ, худмаблағгузор будани онҳо, кӯҳнаву фарсуда гардидани техникаю таҷҳизот, набудани талабот, бахусус фармоишгар ба маҳсулоти истеҳсолгарида паркҳои илмӣ–техникӣ–таҷрибавӣ дар сатҳи зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замон фаъолият надоранд. Ҳол он ки дар ин самт санадҳои меъёриву ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» амал мекунанд.

  1. Тибқи таҳлилҳо, ҳоло дар мамлакат зарфияти хуби рушди соҳибкории инноватсионӣ вуҷуд дорад. Дар ин самт ширкатҳое ҳастанд, ки бо суръати баланд рушд намуда, ҳаҷми сармояашон дар як сол то 20 дарсад арзёбӣ мегардад, вале шумораи онҳо бо назардошти имконияти мавҷуда ва раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашудаи ба содирот нигаронида қонеъкунанда нест.
  2. Ҳарчанд ки дар мамлакат давра ба давра шумораи коргоҳу корхонаҳои дорои аҳаммияти истеҳсоливу хизматрасонӣ мунтазам тамоюл ба зиёдшавӣ дорад, вале маълумоти омории инъикоскунандаи на танҳо ҳаҷми маҳсулоти тавассути инноватсия истеҳсолшуда, балки шумораи корхонаву соҳибкорони дар ин самт фаъолияткунанда ба таври алоҳида чандон дастрас нест. Яъне ҳиссаи коргоҳу корхонаҳои инноватсионии дар шумораи умумии корхонаҳо, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда, инчунин ҳиссаи маҳсулоти инноватсионӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли молу маҳсулот, кор ва хизматрасониро метавон иброз намуд. Ҳол он ки дар Тоҷикистон чунин марказу корхонаҳо фаъолият доранд.
  3. Суръати нисбатан пасти ташаккулёбии низоми муосири тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи фаъолияти инноватсионӣ дар ҳамбастагии шарикии давлат бо бахши хусусӣ, бахусус дар заминаи инкишофи таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.
  4. Норасоии сатҳи маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ин самт. Тибқи маълумот, ҳоло ҳаҷми маблағгузорӣ ба рушди илм дар мамлакат ҳамагӣ 0,1 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Ҳарчанд ки ҳаҷми мабалғгагузорӣ ба рушди соҳаи илм аз 58 ҳазор сомонии соли 1992 то ба 225 миллион сомонӣ дар соли 2024-ум баробар гардида бошад ҳам, вале ин ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ин нишондиҳанда дар Туркманистон мутаносибан ба 3–3,5, Узбекистон 2,0 Федератсияи Русия 1,1, Қазоқистон 0,13, ва Қирғизистон 0,6–0,9 дарсадро дар бар мегирад.

Тибқи таҳлилҳо, алҳол тадбирҳои аввалиндараҷаи сиёсати пешгирифтаи кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта аслан ба дастгирии рушди инноватсия, бахусус тавассути кумакпулиҳо равона карда шудаанд. Масалан, дар ИМА ҳаҷми кумакпулиҳо ба дастгирӣ ва рушду инкишофи фаъолияти инноватсионӣ равона гардида, солона ба ҳисоби миёна 2,8–3 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилии  кишварро ташкил медиҳад. Дар ин мамлакат ҳиссаи хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин самт ба 36,2 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ  баробар аст.  Аммо ин вазъ на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар дигар кишварҳои ҳамсоя низ чандон назаррас нест.

Сатҳи пасти ҳавасмандӣ ба ташкили корхонаҳои хурди инноватсионӣ, мавҷуд набудани фармоишгар, бахусус аз ҷониби бахши хусусӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон ба натиҷаҳои иҷрои корҳои илмӣ–таҳқиқотии воқеан амалишавандаи дорои хусусияти инноватсионӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникӣ дар истеҳсолот, инчунин тиҷоратикунонии сусти коркардҳои илмию техникӣ. Ҳол он ки дар ин самт аз соли 2022 инҷониб Қонун «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ» амал менамояд.

Тибқи таҳлилҳо, ҳоло дар кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта ҳиссаи корхонаҳои хурди инноватсионӣ дар шумораи умумии корхонаҳои хурд ва саноат (80%), бахусус саноати коркард (15%), инчунин ҳаҷми навигариҳои ба вуҷуд овардашуда (30%), корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ (20%) ва таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (60%)-ро  ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатхои Мустақил, аз ҷумла Федератсияи Русия низ чандон назарас нест. Масалан  дар Русия, ки дорои имконияти васеи иқтисодиву молиявӣ мебошад, ин рақамҳо  мутаносибан 5–6, 5-2, 2-3 дарсадро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба кишварҳои Ғарб аслан муқоисанашаванда мебошад.

Дар фарҷом бо назардошти рақамҳои баёнгардида хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳоло сатҳи натиҷаҳои иҷрои корҳои илмӣ–таҳқиқотии дорои хусусияти инноватсионӣ ва татбиқи васеи натиҷаҳои илмӣ, аз ҷумла илмҳои дақиқ ва техникӣ дар истеҳсолот, инчунин масъалаҳои тиҷоратикунонии он ва дар маҷмуъ, фаъолияти инноватсионӣ, бахусус дар бахшҳои истеҳсолӣ бо сабабу омилҳои гуфташуда ҳанӯз ҳам дар марҳилаи рушд қарор дошта, мисли пештара чун масъалаи ҳалношуда боқӣ мемонад.

Ба андешаи мо, чунин омилҳои манфӣ ва дигар сабабҳои ҷойдошта имкон намедиҳанд, ки тиҷорати хурди инноватсионӣ ва корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ ва конструкторӣ дар мамлакат ба таври муассир рушд намуда, раванди робитаи устувори илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ кардани дастовардҳои олимону ихтироъкорон дар истеҳсолот мутобиқ ба талаби замон таъмин карда шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 9, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва ширкати фаромиллиии «FLSmidth» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Корхонаи хурди «Зари тоҷик» дар шаҳри Гулистон аз металлҳои қиматбаҳо маҳсулоти заргарӣ истеҳсол менамояд
Соҳибкори маҳаллӣ дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ месозад
Дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли оксиген, масолеҳи сохтмонӣ ва коркарди гӯшти мурғ ба истифода дода мешавад
РУШДИ САНОАТ. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сохтмони корхонаи коркарди намак, истеҳсоли равған ва набот идома дорад
Дар Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав корхонаи истеҳсоли гулоб ба истифода дода шуд
Дар Риёз рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва саноат баррасӣ гардид
Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «FAS Energy» санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар корхонаи «Атласи Хуҷанд» давоми 4 моҳ ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст
«САНОАТИКУНОНӢ ДАР МАСИРИ РУШД». Таҳти чунин унвон дар Суғд конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориро дар соҳаҳои энергияи «сабз» ва саноати кӯҳӣ тақвият медиҳанд
Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ намуданд