Нур Ҷазлон Муҳаммад: «Тоҷикистон бисёр мамлакати муттаҳид аст ва мардуми он дар фазои ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ ба сар мебаранд»

Июнь 11, 2024 19:59

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /НИАТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд.

Пас аз Нур Ҷазлон Муҳаммад барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ доир намуда, барои даъват ба Конфронси оби Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.

«Мо мушоҳида намудем, ки Тоҷикистон бисёр мамлакати муттаҳид аст ва мардуми он дар фазои ваҳдату ягонагӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагӣ ба сар мебаранд», — таъкид намуд Нур Ҷазлон Муҳаммад.

Ба гуфти ӯ, Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим ҳавасмандии Малайзияро барои таҳкими равобити дуҷонибаи байни парлумонҳои Тоҷикистон ва  Малайзия иброз намудааст.

«Ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни Тоҷикистон ва Малайзия хеле муҳим аст. Малайзия метавонад борои ҷавонони тоҷик бурсияҳо ҷудо намояд, то онҳо тавонанд таҷрибаи худро дар соҳаи фаннӣ ва технологя такмил диҳанд.  Масъалаи рушди касбомӯзиро барои ҷавонони тоҷик дар Малайзия низ баррасӣ намудем», — таъкид кард Нур Ҷазлон Муҳаммад.

Иттиллоъ дод шуд, ки дар мулоқот инчунин имконияти рушди ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва роҳандозии иртиботи мустақими ҳавоӣ байни Малайзия ва Тоҷикистон баррасӣ гардид, ки метавонад барои муаррифии ҳар ду давлат мусоидат намояд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба Душанбе ташриф овардааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 11, 2024 19:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд