ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД. Сокинони ноҳияи Деваштич роҳҳои маҳалларо мумфарш мегардонанд

Июнь 5, 2024 18:32

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич  нақша доранд, ки имсол 5 километр роҳи маҳаллиро бо сифати баланд мумфарш намоянд. Соли 2023 сокинони ноҳия 7,5 км роҳи маҳалларо мумфарш намуда буданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Деваштич бо корҳои мумфаршкунии роҳ шинос гардида, ин иқдоми сокинонро истиқбол намуд.

Гуфта шуд, ки ин иқдом аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомъа ва ходимони дин баён шуда буданд, сарчашма мегирад.

Раиси вилоят иброз намуд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ 2,5 км роҳ пурра асфалтпӯш карда мешавад.

Корҳои роҳсозӣ аз тарафи ҶДММ «Роҳи пурфайз» анҷом дода шуда, бо ин мақсад техникаҳои муосири роҳсозӣ истифода мегарданд. То ин марҳила аллакай аз тарафи сокинон корҳои ҳамворкунӣ анҷом ёфта, қубурҳои обгузар кашида шудаанд ва дар оянда чароғон намудани кӯчаҳо низ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бо ҳиммати фарзандони ватандӯсти деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии боз садҳо километр роҳҳо идома дорад. Ин ҳама бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

 

Июнь 5, 2024 18:32

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад