ОБОДИИ ВАТАН. Соҳибкор пули барои ҳаҷ омодакардаашро барои навсозии пули мошингузари деҳаи Тӯдаи ноҳияи Айнӣ сарф кард

Июнь 16, 2024 14:04

ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ пули мошингузар мавриди истифода қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Пули мошингузари солҳои пешин, ки кӯҳнаю фарсуда шуда буд, аз ҷониби соҳибкор Муллоҳомид Содиқов бар ивази пули барои ҳаҷ омодакарда ва маблағҳои шахсиаш ба маблағи 782 ҳазор сомонӣ навсозӣ гардид, ки ба ин васила кори хайр анҷом дода шуд.

Зимни баистифодадиҳии пули мошингузар ба соҳибкор аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия изҳори сипос карда шуд.

Иброз гардид, ки имрӯзҳо саҳми соҳибкорон дар ободонии Ватан назаррас буда, ҳар яке кӯшиш ба харҷ медиҳад дар ободии диёри худ саҳми босазо гузошта, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастоварди арзанда пешвоз гирад.

АКС: Хадамоти матуботи Раиси вилояти Суғд

Июнь 16, 2024 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад