ҶОЙГОҲИ «РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ» ДАР ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВӢ ВА ГЛОБАЛӢ. Пешниҳоди андешаҳо дар ин маврид

Июнь 6, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 06.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Равандҳои ҳамгироӣ дар муносибатҳои муосири байналмилалӣ тамоюл ва намунаи рӯзафзуни рушди ҷаҳон буда, омӯзиши онҳо ба ҳалли бисёр мушкилоти нави ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар қарни ҷорӣ, ки ҷаҳон бори аввал бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, мусоидат менамояд. Барои пешбурди раванди ҳамгироӣ, пеш аз ҳама, заминаҳои институтсионалӣ ва сиёсию ҳуқуқие зарур мебошанд, ки ба ҳолат, шароит ва воқеияти зудтағйирёбандаи имрӯз ҷавобгӯй бошанд. Алалхусус масъалаи мазкур дар муносибат бо захираҳои об ва пешбурди дипломатияи муосири об возеҳу равшан намоён мегардад.

Об воситаи тавонои ҳамкорӣ ва муколама барои ноил шудан ба рушди устувор ва суботи комили ҷомеа мебошад. Ҳанӯз ҳам фаъолияти самарабахш, ҳамаҷониба ва мутобиқшуда зарур аст, ки бо иродаи қавии сиёсӣ дастгирӣ карда шавад. Ин раванд бояд тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва гурӯҳҳои фаъоли дигари ҷомеаро дар бар гирад. Дар баробари ин ба шароити зиндагии табақаҳои камбизоат ва осебпазири аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, ҳеҷ кас бояд аз ин раванд дар канор намонад ва ин раванд бояд фароумумӣ бошад, ки ин принсипи асосии шакли муосири дипломатияи об мебошад. Нишондиҳандаҳои мазкур арзиши воқеӣ ва таркибии дипломатияи муосири об буда, паҳно ва арсаи он фарогири маҷмуи умумии масъалаҳои вобаста ба об мебошад.

Бо назардошти ин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи масъалаҳои вобаста ба об дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста дошта, ҳамчун кишвари пешсафи татбиқкунандаи ҳадафҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар роҳи ҳалли мушкилоти соҳаи об шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори муколамаи об дар ҳамаи сатҳҳо мебошад ва бо маром дипломатияи обро пеш мебарад.

Ҳанӯз аз охири қарни XX ва аввали асри XXI Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои илман асоснокшударо барои ҳалли мушкилоти соҳаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ манзур намуда, онро то кунун дар сатҳи баланд идома дода истодааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ташаббускори силсилаи иқдоми ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф гардида, пойтахти он- шаҳри Душанбе ба маркази муколама ва дипломатияи об табдил ёфтааст. Бо назардошти мунтазаму бефосила ва самарабахш баргузор гардидани маҷмуи чорабиниҳои вобаста ба об дар шаҳри Душанбе он ҳамчун «Раванди оби Душанбе» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, фарогири ғояҳои башардӯстона ва ба нафъи кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ нигаронида мебошад.

Раванди оби Душанбе ҳамчун ниҳоди байналмилалии пешбарандаи муколама ва дипломатияи муосири об дар таҳкими заминаҳои сиёсӣ, институтсионалӣ, ҳуқуқӣ ва илмию таълимии масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ нақши воқеъӣ гузошта, раванди мунтазами пешбурди ташаббусҳои ҷаҳониро дар соҳаи об ба вуҷуд оварда, мавзуъҳои оби тоза ва дастрасӣ ба он, об барои ҳаёт, ҳамкорӣ дар соҳаи об, коҳиши офатҳои табиии марбут ба об, об-иқлим, амнияти об ва об барои рушди устуворро бо ҷалби таваҷҷуҳ ва иштироки ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди пайгирӣ қарор додааст.

Раванди оби Душанбе – маҷмуи чорабиниҳои мунтазам баргузоршавандаи сатҳи баланди байналмилалии Тоҷикистон дар доираи ҳамшарикӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, дигар ниҳодҳои байналмилалию минтақавӣ ва кулли кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об ва сиёсати об дар арсаи байналмилалӣ, инчунин платформаи ҳамгироии минтақавию байналмилалӣ дар соҳаи об мебошад.

Ташаббуси нахустини ҷониби Тоҷикистон оид ба масъалаи об 1 октябри соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳиддоир шуда буд, ки дар асоси он 20 сентябри соли 2000 дар иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда мешавад. Дар ин вақт Тоҷикистон дар пайи хомӯшсозии комили низои дохилӣ қарор дошт ва новобаста аз ҳолати вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъсири манфии ҳамаҷонибаи он, ҳолати то ҳанӯз ноустувори сиёсию амниятӣ, Тоҷикистон консепсияи сиёсати хориҷии худро дар соҳаи об мушаххас сохта, ба он замина мегузорад.

Дар доираи эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии оби тоза бо иштироки қариб 500 вакил аз 53 кишвари ҷаҳон ва тақрибан 100 созмони байналмилалӣ доир гардид.[1] Маҳз дар доираи чорабинии мазкур ҷониби Тоҷикистон нишон дод, ки он на танҳо қодир ба ҳалли мушкилоти дохилии худ мебошад, инчунин омода аст дар ҳалли мураккабтарин мушкилоти ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузошта бошад.

Дар доираи кори форум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки вақте  бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо — мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем.

Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои ҷиддӣ, ки Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, дар доираи муносибатҳои ҳамгироӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба проблемаи таъминот бо оби тоза ва ҳифзи муҳити зист, масъалаи зарурати шадиди ҳифзи захираҳои об, истифода ва танзими оқилонаи онҳо мебошад. Сабаби асосии Соли байналмилалии оби тоза эълон шудани соли 2003, ки ташаббускори он Тоҷикистон мебошад, ҳамин аст.[2]

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи суханронӣ  вобаста ба масъалаҳои минтақавии об дар Осиёи Марказӣ иброз  намуданд, ки агар давлатҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба сифату миқдор ва истифодаи захираҳои обро ҳал накунанд, таъмини рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа минбаъд душвор мегардад. Бинобар ин, ҳифзи сифати захираҳои об ва истифодаи сарфакоронаву оқилонаи онҳо бояд аз ҷумлаи вазифаҳои умдатарини ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ бошанд.

Инчунин доир ба истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳамкории судманд дар ин самт Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки ба назари мо, ҳалли ин масъала тарзе бояд ба роҳ монда шавад, ки мушкилоти марбут ба нарасидани об барои халқҳои мо на воситаи тафриқаандозӣ, балки омили муттаҳидкунанда гардад. Масъулият барои ин, пеш аз ҳама, ба зиммаи сарварони кишварҳои минтақа, сиёсатмадорон, мутахассисону коршиносон, аҳли илму фарҳанг қарор дорад, ки бояд роҳи ба низом даровардани ин мушкилотро бо назардошти манфиатҳои тамоми халқҳои таърихан ҳамсоя ҷустуҷӯ ва пайдо намояд. Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки ба хотири таъмини мувозинати тақсимоти об дар Осиёи Марказӣ мо бояд иқдоми якҷоя ва ҳамоҳангро татбиқ созем, муносибатҳои оқилона ва нисбат ба табиат дилсӯзонаро эҷод намоем.[3]

Маҳз дар доираи ин форум масъалаи оби тоза ва дастрасии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он дар сатҳи байналмилалӣ мавриди арзёбии ҷаҳонӣ қарор дода шуд. Бо назардошти он ки танҳо зиёда аз 1 фоизи захираҳои оби мавҷуда дар дунё барои истеъмол қобили қабул мебошанд ва он ҳам дар сатҳи сайёра нобаробар ҷойгир шудааст, қисми муайяни аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд. Тибқи маълумот, ҳамасола шумораи нафароне, ки бо сабаби дастрасӣ надоштан ба оби тозаи нӯшокӣ мефавтанд, аз шумораи нафарони дар натиҷаи амалҳои террористӣ ва тамоми амалҳои дигари ҷиноиву низоъҳо ба ҳалокат мерасида зиёд мебошанд. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола барои мубориза бо терроризм ва дигар амалҳои ҷиноӣ миллиардҳо доллари амрикоӣ сарф менамояд, вале барои таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ амали ҷиддие доир намешавад.

Форуми мазкур аз аввалин чорабинии сатҳи байналмилалӣ буд, ки уҳдадориҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои таъмини дастрасии бештари аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ муайян ва мушаххас намуд. Маҳз дар заминаи чорабинии мазкур мавзуи об ба ҳадафи нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт ва барои дастёбӣ ба амнияти об дар сайёра роҳ мушаххас гардид.

Дар ҷамъбасти форуми мазкур аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки аз соли 2005 то соли 2010 Даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Дар асоси ин пешниҳод Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 58/217 аз 23 декабри соли 2003 солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон менамояд.

Дар пайи ин иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид аз 30 май то 1 июни соли 2005 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзиро баргузор намуд.

Конференсия пайвандгари Форуми III ҷаҳонии об дар соли 2003 дар Киото ва Форуми IV ҷаҳонии об дар соли 2006 дар Мехико гардид.

Ҳадафҳои асосии конференсияро рушди муколама ва таҳкими ҳамкории кишварҳо оид ба идоракунии ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, рушди шарикии об ва дастгирии мутақобила, табодули таҷриба дар соҳаи идоракунии захираҳои об, ташаккул ва татбиқи тадбирҳои амалӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ дар давраи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» ташкил намуд.

Дар конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид сохтанд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» инфрасохтори муассири институтсионалӣ барои таъмини пешрафти воқеии татбиқи рӯзномаи об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул шудааст, бо роҳи муттаҳид намудани саъю кӯшишҳои тамоми шарикони манфиатдор – ҳукуматҳо, ташкилот ва муассисаҳои низоми СММ, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.[4]

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба мушкилоти истифодаи об дар Осиёи Марказӣ дахл намуда, изҳор менамоянд, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ агар проблемаҳои сифат ва миқдори захираҳои об ҳал нашаванд, соҳаи кишоварзӣ муътадил ва самаранок кор карда наметавонад. Проблемаҳои таъмини сифати оби тоза ва таъмини об дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ аз авлавият ба шумор мераванд. Муколамаи ҷонибҳои манфиатдор бояд ба консепсияи идоракунии ҳамгироишудаи захираҳои об асос ёбад ва мубоҳисаҳоро оид ба таҳияи сиёсатҳо ва тадбирҳои мушаххас дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, техникӣ ва экологӣ дар бар гирад. Барои таҳияи роҳҳои ҳалли барои ҳамаи мо қобили қабул, мо — ҳукуматҳо, муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бояд якҷоя кор кунем.

Дар доираи конференсия аҳамият ва мавқеи дарёҳои фаромарзӣ дар ҳамгироии минтақавӣ ва рушди дипломатияи об муайян карда шуд. То ин вақт аксари коршиносон ва муҳаққиқон дарёҳои фаромарзиро ҳамчун сарчашмаи пайдоиши низоъ ва ихтилофҳо миёни кишварҳои дорои ҳавзаҳои ягонаи обӣ арзёбӣ менамуданд. Аммо, натиҷаи кори конференсияи мазкур ба ҷаҳониён нишон дод, ки дарёҳои фаромарзӣ воситаи табиии пайвандии ногусастании кишварҳо мебошанд ва давлату ҳукуматҳоро новобаста аз иродаи сиёсияшон ба ҳам мепайванданд. Ин ҳолат зарурати ҳамкориро ба вуҷуд меорад, на заминаи ихтилофу низоъро. Аз ин рӯ, кишварҳои дорои дарёҳои фаромарзӣ ва ҳавзаи ягонаи обиро зарур аст, ки дар доираи ҳусни ҳамҷаворӣ ҳамкории мутақобилан судмандро барои истифодаи муштараку мусолиҳатомези захираҳои оби чунин дарёҳо ба роҳ монанд. Конференсия замина барои муайян намудани ҷойгоҳ ва мавқеи дарёҳои фаромарзӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардид.

Ҳамзамон дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 27-29 июни соли 2008 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табии марбут ба об доир гардид. Дар доираи ин конференсия ҷонибҳои иштироккунанда дарёфти роҳҳои натиҷабахши пешгирӣ ва паст кардани хавфи офатҳои табиии марбут ба обро таҳлилу баррасӣ намуданд. Дар кори конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда, гуфтанд, ки бехатарии об, аз ҷумла ҳимоят аз офатҳои табиии марбут ба об ба ҳалли проблемаҳои ҷиддитарини экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

Дар ҳама гуна шароит бе муқаррар намудани муносибатҳои мушаххас ба проблемаҳои ҳимоят аз рӯйдодҳои хавфноки геодинамикии вобаста ба об ва ҳалли самарабахши онҳо ноил гардидан ба рушди устувор комилан имконнопазир аст. Таҳлили раванди ҳалли проблемаҳои оби давлатҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки минтақа ба таҳия намудани ҳуҷҷати дахлдори асосноку доманадор, яъне ба истилоҳ доктринаи истифодаи об ниёз дорад, ки принсипҳои фарогири сиёсати обро бо дарназардошти коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ марбут ба об, манфиатҳои ҳамаи истифодабарандагон ва истеъмолкунандагони он дар шароити афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон, зарурати пурзӯр намудани ҳифзи муҳити зист ва умуман кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди устувор инъикос карда тавонад.[5]

Тавре маълум аст, офатҳои табиии марбут ба об аз мушкилоти мураккабтарини идоранашаванда маҳсуб шуда, дарёфти роҳҳои коҳиш додани онҳо ва паст кардани пайомадҳои манфии чунин ҳодисаҳо яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ҳеҷ як кишвари дунё аз офатҳои табиӣ, махсусан офатҳои табиии марбут ба об эмин буда наметавонад. Пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои манфии чунин ҳолатҳо ҳамкории густурда ва фаврии тамоми давлатҳо ва созмону ташкилоти минтақавию ҷаҳониро тақозо менамояд. Ҳарчанд созмону ташкилоти кумакрасон дар ин самт дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон вуҷуд доранд, аммо бо назардошти сол то сол зиёд гардидани шумораи офатҳои табиии марбут ба об андешидани тадбирҳои иловагӣ ва муттаҳидии имконияти байналмилалиро дар ин самт тақозо менамояд, то фаврияти пешгирӣ, коҳиш доданд ва расонидани кумак ба ҳамдигар дар чунин ҳолатҳо таъмин карда шавад.

Дар ин радиф, об дар баробари он, ки барои ҳастии ҳаёт аҳамияти аввалиндараҷа дорад, инчунин дар сурати дуруст идора карда натавонистани он метавонад манбаи хатар барои ҳаёти ҷомеа бошад. Аз ин рӯ, Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиии марбут ба об дар шаҳри Душанбе тавонист кӯшишу талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар ин самт муттаҳид созад ва аҳамияту зарурати воқеии масъаларо ба самъи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонад.

Аз 8 то 10 июни соли 2010 бо мақсади арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» пешбинигардида дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Шарҳи миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи татбиқи фаъолият дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 баргузор мегардад. Чорабинии мазкур заминаи мусоидро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи об ба вуҷуд овард ва байни намояндагони кишварҳо ва созмону ташкилотҳои иштироккунанда  мубоҳисаҳои муштарак анҷом дода шуд. Доир ба ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи об ва тақвияти дипломатияи об Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон иброз намуданд, ки тағйирот ва равандҳои глобалии даҳсолаҳои охир ба манбаъҳои обӣ таъсири бузург расониданд ва вобаста ба ин об ба яке аз масъалаҳои асосии муносибатҳои байналмилалӣ ва сулҳ табдил ёфта истодааст. Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки ҳамаи тарафҳо дар ҷараёни танзими захираҳои об руҳияи ҳамкорӣ, сабру таҳаммул, шаффофият ва эҳтироми ҳамдигарро риоя кунанд. Чунин роҳи осоишта ба даст овардани рушди устуворро таъмин хоҳад кард.

Идораи оқилонаи захираҳои об дар ҳавзаи дарёҳои сарҳадгузар бояд бо назардошти истифодаи одилона ва мутақобилан судманди на танҳо захираҳои обӣ, балки захираҳои дигари табиӣ доир шавад. Танҳо чунин муносибат метавонад рушди устувори кишварҳои мо ва ҳифзи муҳити атрофро барои наслҳои оянда таъмин намояд. Рушди дипломатияи обӣ дар ин самт аҳамияти калон дорад.[6] Дар баромади худ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2012 Соли байналмилалии дипломатияи об эълон карда шавад ва итминон аст, ки он барои таҳкими ҳамкорӣ ва гуфтушунидҳо, дарёфти роҳҳои нави танзими муносибатҳои обӣ миёни кишварҳои соҳили дарёҳо мусоидат намуда, ҳамдигарфаҳмии истифодабарандагони обро дар ҳамаи сатҳҳо беҳтар хоҳад кард.

Дар заминаи пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи № 65/154 аз 20.12.2010 «Дар бораи эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро қабул менамояд.

Дар заминаи пешбурди муколамаи об ва Раванди оби Душанбе соли 2010 Эъломияи Душанбе қабул карда мешавад, ки уҳдадориҳои тамоми ҷонибҳои иштирокчиро дар роҳи татбиқи ҳадафҳои гузошташуда мушаххас месозад.

Соли 2011 низ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе раванди ҳамгироии байналмилалӣ доир ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об идома меёбад. Аз 19 то 20 октябри соли 2011 Конференсияи омодагӣ «Ба сӯи Конференсияи СММ оид ба рушди устувор (Рио+20): Ҳамкорӣ дар соҳаи об» баргузор гардид.

Дар ин конфронс тақрибан 140 нафар мутахассисони соҳаи об ва намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба се масъала равона карда шуд: Таҳкими ҳамкорӣ ва муколама барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола; Муаррифии таҷрибаи пешқадам аз саросари ҷаҳон дар партави ҳамкорӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва санитария ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи об барои рушд ва ҳифзи муҳити зист; Тавсияҳо ва ҳуҷҷати роҳнамое, ки дар анҷоми конфронс қабул шудаанд, дар барномаи Конфронси Рио+20, ки аз 20 то 22 июни соли 2012 дар Рио-де-Жанейро баргузор гардид, пешниҳод карда шуд. Дар чаҳорчӯби Форуми 6-уми ҷаҳонии об дар Марсел барои рӯшан кардани ин барнома як нишасти сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар доираи он соли «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» расман эълон карда мешавад.

Дар доираи ҳадафҳои гузоштаи «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва татбиқи амалии онҳо 20-21 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур таъкид шуд, ки ҳадафҳои асосии Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро таҳкими муколама ва якдигарфаҳмӣ, рушду тавсеаи ҳамкориву шарикӣ дар асоси муносибатҳои бисёрзина ва маҷмуӣ ба ҳалли масъалаҳои об ташкил медиҳад. Дар кори конференсияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки «имрӯз дар шароити таъсири афзояндаи равандҳои глобалӣ ба захираҳои об ва якбора зиёд гаштани истеъмоли об барои эҳтиёҷоти одамон, иқтисоду низомҳои экологӣ фақат бар асоси эътимоди тарафайн, баҳисобгирии одилонаи эҳтиёҷоту талабот ва иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, дарёфту ба таври доимӣ беҳтар намудани муколама ва шарикӣ оид ба масъалаҳои об роҳандозӣ намудани ҳамкории самарабахшу оқилона дар соҳаи об ба эҷоди рушди устувор, коҳиши камбизоатӣ ва рафъи нобаробарӣ, нигаҳдории тавозун ва устувории экологӣ ва, умуман, таъмини сулҳу амонӣ мусоидат хоҳад кард.

Боварӣ  дорам, ки Конфронси Душанбе оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба фаъол сохтани ҷаҳду талошҳо дар ин самтҳо такони нав хоҳад бахшид.

Тоҷикистон минбаъд низ ният дорад дар баробари дигар ҷанбаҳои масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун ҳамкорӣ дар соҳаи обро фаъолона густариш бахшад ва дар ин иртибот якҷо бо ҷонибҳои манфиатдор дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи обро таъсис диҳад».[7] Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки бо истифода аз фурсат баррасии имкони эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалиро оид ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об пешниҳод менамоям ва чунин мешуморем, ки даҳсолаи нав бояд ба саъю талошҳо дар ҳамаи сатҳҳо такони нав дода, дар давраи баъди соли 2015 ба рушду тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об хизмат намояд.[8]

Маҷмуи чорабиниҳои дар доираи Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об амалигардида ба рушди ҳамаҷонибаи дипломатияи об мусоидат намуда, заминаҳои мусоидро дар ин самт фароҳам овард. Бори нахуст дар сатҳи ҷаҳон маҳз дар шаҳри Душанбе дипломатияи об ҳамчун самти нави муносибатҳои дипломатӣ ва байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дода шуд ва он дар доираи сатҳи олии сиёсӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина, моҳият, мазмун, зарурат ва ногузир будани дипломатияи об дар шароити муосир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда шуд. Ҳамзамон, дарки моҳият ва зарурати дипломатияи муосири об аз дарки анъанавии он мавриди арзёбӣ қарор гирифта, дипломатияи муосири об ҳамчун шарти зарурии ҳаёти осоишта дар сайёра дониста шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дипломатияи обро фаъолона амалӣ намуда, дар назди худ ҳадаф гузоштааст, ки дар арсаи ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти марбут ба об нақши фаъол дошта бошад. Дар доираи ин дипломатия ва дар партави ташаббусҳои созанда дар соҳаи об, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст, татбиқи ташаббусҳои нав дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом инъикоси зарурат ва ҳамкории созанда дар ҳалли мушкилоти об ба манфиати ҳифзи ҳаёт ва рушди устувори башарият мебошад. Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани нақши созандаи кишвар дар масъалаҳои об дар минтақа ва арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба ормонҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад.[9]

Соли 2015 низ Раванди оби Душанбе ба таври мутаассил идома ёфта, дар доираи ҷамъбаст гардидани чорабиниҳои марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 9-11 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 баргузор карда шуд.

Дар кори конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки ҳадафи асосии эълони Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» мусоидат ба саъю талоши ҷомеаи байналмилалӣ ба хотири то соли 2015 иҷро намудани уҳдадориҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба захираҳои об буд.[10] Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки маҳз дар заминаи амалкардҳои муштарак ва ҳамоҳангшуда вобаста ба татбиқи ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ муайяншудаи соҳаи об, алалхусус дастёбӣ ба ҳадафҳои марбутаи рушди ҳазорсола, яъне то ду маротиба коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдошт дастрасӣ надоранд, натиҷаҳои назаррас ҳосил гардид. Даҳсолаи мазкур ва ҳадафҳои дар заминаи он амалигардида имкон доданд, ки сатҳи огоҳӣ ва дониши ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба масоил об ба маротиб баланд гардад, ҳамёрӣ дар сатҳҳои миллию минтақавӣ ва байналмилалӣ тавсеаи бештар пайдо кунад ва ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ тақвият бахшида шавад. Инчунин ҷалби доираи васеи ҷомеа, алалхусус занону ҷавонон, намояндагони илму маориф, соҳибкорон ва сармоягузорон ба раванди баррасӣ ва ҳаллу фасли мушкилоту чолишҳои марбут ба мудирияти захираҳои об нақши фаъол бозид.

Имрӯз раванди амалисозии тадриҷии ибтикороти эълоншуда равшану возеҳ ба мушоҳида мерасад, ҳамгироии масъалаи об бо барномаву нақшаҳои рушд сурат мегирад, муттаҳидии ҳарчи бештари саъю талоши ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор дар роҳи расидан ба ҳадафҳои муштарак оид ба об ба вуқӯъ мепайвандад.[11]

Ҳамзамон, бо ёдоварӣ аз таъсири манфии раванди тағйиёрбии иқлим ба захираҳои об ва мураккаб гардидани масъалаи таъминот бо об дар пайи рушди босуръати демографӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ таъкид сохтанд, ки “чунин вазъ аз мо ҷаҳду талоши ҳарчи бештар муттаҳидона ва андешидани ҳам тадбирҳои оҷил ва ҳам чораҳои дарозмуҳлатро тақозо мекунад. Маҳз ба ҳамин мақсад дар чаҳорчӯбаи Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об ман ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нави Тоҷикистонро иброз намудам. Ва имрӯз бори дигар мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба ин ташаббус ҷалб карда, пешниҳод намоям, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон шавад, зеро он, ба андешаи мо, бояд василаи муҳимми мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардад.

Итминон дорам, ки Даҳсолаи нав дастовардҳои Даҳсолаи қаблии «Об барои ҳаёт»-ро таҳким бахшида, ҷиҳати мутамарказ гардидани саъю талоши мо оид ба ҳаллу фасли минбаъдаи масъалаҳои об дар давраи баъд аз соли 2015-ум заминаи хубе фароҳам месозад”.[12]

Доир ба нақши Тоҷикистон дар ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзуи обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ пайгиронаву фаъолона пуштибонӣ менамояд. Тоҷикистон ташаббускори асосии қабул гардидани аксари қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид марбут ба об мебошад ва онҳо ҷиҳати дарки амиқи масъалаҳои вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ ва зарурати ҳалли онҳо ба хотири дастёб гардидан ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини амнияти экологӣ, сулҳу субот ва дар маҷмуъ пешрафту тараққиёти муназзам нақши созгор бозиданд.

Бо пешбурди Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт» Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро дар роҳи ҳалли мушкилот ва дигар масъалаҳои вобаста ба об муттаҳид созад ва иқдомоти натиҷабахшро амалӣ намояд. Бо муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ Раванди оби Душанбе ҳамчун платформаи сиёсати ҷаҳонии об дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши ҳалкунанда гузошт.

Дар ин доира, соли 2016 низ Раванди оби Душанбе идома ёфта, 9-10 августи соли 2016 дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – «Таъмини дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт» баргузор гардид. Дар кори Симпозиум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маъруза баромад намуда, доир ба ҳадафи шашуми рушди устувор, ки ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст, таъкид менамоянд, ки ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. Қисмати марбут ба оби Ҳадафҳои рушди устувор вазифаҳои алоҳидаеро, ки ҳамгироии ҳадафи 6-умро бо дигар Ҳадафҳои рушди устувор таъмин менамоянд, муқаррар кардааст ва бо ин мудирияти захираҳои об дар Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд  ҷойгоҳи калидиро касб менамояд.[13]

Мазмуни аслии Ҳадафҳои рушди устувор ҳамгироии вазифаҳои вобаста ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ бе таъсири манфӣ ба муҳити зист ва ҳифзи гуногунии биологӣ дар сайёраи Замин мебошад. Тавре маълум аст, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан рушди саноат дар ҷаҳон боиси коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ, пайдоиши мушкилоти мураккаби экологӣ ва ноустувор гардидани муҳити зист шудааст, ки хатари ҷиддиро барои ояндаи ҳаёт дар сайёра ба вуҷуд овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъоли татбиқкунандаи ҲРУ ба ҳисоб рафта, пояҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар заминаи принсипҳои ҲРУ ба роҳ монда, дар роҳи ҳифзи захираҳои об ва таъмини дастрасии ҳамагон ба он, инчунин шароити хуби беҳдошт фаъолияти амалии худро ба роҳ мондааст.

Дар маърузаи худ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаи об дар Осиёи Марказӣ таъкид менамояд, ки дар минтақа захираҳои об асосан дар қаламрави ду кишвар ташаккул меёбанд, вале истифодаи он дар кишварҳои дигар сурат мегирад. Чунин ҳолат ҳамкории боэътимодро дар соҳаи мудирият ва истифодаи захираҳои об ба нафъи рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми кишварҳои минтақа тақозо менамояд. Дар ин баробар ҳанӯз имкониятҳои зиёди истифоданашуда дар самти ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати истифодаи муштарак ва оқилонаю одилонаи захираҳои об ва энергетика вуҷуд доранд. Истифодаи комили ҳамаи ин имкониятҳо воситаи муассири татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа мебошад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори истифодаи оқилона ва одилонаи захираҳои об буда, дипломатияи обро василаи муассири расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор медонад. Дар ин самт Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи ҷонибҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монад.

Бо назардошти он ки роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор доманадор аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо иқдомҳо ва ташаббусҳои худро пайгирона идома медиҳад. Дар ин доира бо ташаббуси Тоҷикистон 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи 71/222 оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул намуд.

Бо мақсади таъмини татбиқи амалии ҳадафҳои дар доираи Даҳсолаи мазкур пешбинигардида дар доираи Раванди оби Душанбе 20-21 июни 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, баргузор карда шуд. Дар конференсияи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маърӯза баромад намуда, таъкид месозанд, ки дар ҷаҳон талабот ба захираҳои об бо суръати баланд афзоиш меёбад ва ин, дар навбати худ, боиси шиддат гирифтани муносибатҳо миёни соҳаҳои иқтисод мегардад.

Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар шароити афзоиши камбуди об метавонад ҳатто дар дохили як кишвар пайомадҳои манфиро ба бор орад. Маҳз ҳамин ду омил – тағйироти глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчӯба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард.[14]

Дар конференсияи мазкур Эмомалӣ Раҳмон доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти истифодаи муштараки захираҳои оби фаромарзӣ низ дахл намуда, онро яке аз шартҳои асосии расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор арзёбӣ менамоянд. Таъкид карда шуд, ки ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи об аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим буда, ҳамгироӣ ва ҳамкории натиҷабахш ва ба манфиати тарафайн дар соҳаи об заминаи асосиии рушди муштараки кишварҳои дорои ҳавзаҳои ягонаи обӣ мебошад. Мисоли возеҳи ҳамкории созанда дар соҳаи об Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар ин минтақа новобаста аз нобаробар ҷойгир шудани захираҳои об байни кишварҳо  фаъолияти муштараки барои ҷонибҳо судманд дар соҳаи об ба роҳ монда шудааст.

Ҳарчанд байни кишварҳои болооб ва поёноби минтақа солҳои тӯлонӣ ихтилофҳо ва гуногунандешиҳо дар самти истифодаи муштараки захираҳои об ҷой дошт, аммо бо иродаи олии сиёсӣ ҷонибҳо тавонистанд ба ҳам биёянд ва дар доираи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои ҳасана ин мушкилотро ҳал кунанд ва ба марҳилаи нави ҳамкории самарабахш ҷиҳати рушди устувори ҳамаи кишварҳои шомили минтақа гузаранд.

Вобаста ба сиёсати минтақавии Тоҷикистон дар соҳаи об Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки ҳалли масъалаҳои мубрами иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақа ҳадафи асосии сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи об ташкил менамояд. Тоҷикистон ҳамеша омодааст захираҳои бузурги оби нӯшокии худро ба нафъи умум мавриди истифода қарор диҳад.

Дар маҷмуъ дар рафти конференсияи мазкур ҳадафҳои дар доираи Даҳсола пешбинигардида мавриди таҳлилу баррасии ҳамаи ҷонибҳои иштирокчӣ қарор дода мешавад ва аз натиҷаи он вазифаву уҳдадориҳои минбаъда муайян мегарданд.

Ҷиҳати татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои дар доираи Даҳсолаи мазкур пешбинишуда 30 январи соли 2020 дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ва аграрӣ (СҶОА) дар шаҳри Рими Италия ҷаласаи дуюми Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе баргузор гардид. Ҷаласаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Созмони ҷаҳонии озуқаворӣ ва аграрӣ барои баррасии масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор намуд. Тибқи қарори ҷаласаи мазкур бояд 18-20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе дар доираи Раванди оби Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор мегардид. Аммо бо сабаби паҳншавии бемории сироятии фарогири COVID-19 конференсияи мазкур дар  соли 2022 гузаронида  шуд.

Бо мақсади идомаи Раванди оби Душанбе 17 декабри соли 2021 ҷаласаи 5-уми Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе барои мусоидат ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур қарорҳои дахлдори ҷонибҳои манфиатдор оид ба ташкили якҷояи панелҳои мавзуӣ, интерактивӣ, форумҳо, конфронсҳо, инчунин чораҳои минбаъда оид ба омодагӣ ва баргузории Конфронси дуюми байналмилалии Даҳсолаи об дар шаҳри Душанбе қабул карда шуданд. Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон 6-9 июни соли 2022 Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баландро дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 таҳти унвони «Тақвияти амалҳо ва тавсеаи шарикӣ барои ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор намуд.

Конференсияи мазкур ба сифати ҳалқаи асосии пайвастани занҷираи чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ дар раванди омодагӣ ба баргузории Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати иҷрои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар соли 2023, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Ҳолланд ҳамраисӣ шуд, баргузор гардида, қарорҳои зарурӣ қабул карда шуданд. Дар ин чорабинии байналмилалӣ роҳу воситаҳои муассири ҳамшарикии гуногунарасаи кишварҳо, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои таркибии он, ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ниҳодҳои молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмию таълимӣ, ҷамоатҳои маҳаллӣ ва ҷонибҳои дигари алоқаманд дар раванди татбиқи вазифаҳо ва ҳадафҳои марбут ба захираҳои об ба самъи иштирокчиён расонида шуда, ҳадафҳои асосии он пешниҳод карда шуданд.

Бо назардошти воқеияти ҳолати захираҳои об ва мушкилоти об ҳадафҳои конференсияи мазкурро ба даст овардани натиҷаҳои нисбатан назаррас, пешниҳоди маълумот доир ба фаъолияти амалӣ вобаста ба татбиқи нишондодҳои Эъломияи ниҳоӣ ва хулосаи ҳамраисон ва шарикии Конференсияи якуми Душанбе доир ба татбиқи Даҳсолаи мазкур, тақвияти дастёбӣ ба ҳадафҳои мувофиқашудаи сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва миллӣ, қабули қарорҳои илман асоснокшуда, шарикии муваффақ, таҳкими дониш, таҳсилот, табодули таҷрибаву иттилоот, ҳамкории гуногунсатҳҳа тавассути пешбурди муколама ташкил намуданд.

Баррасии ҳамбастагии захираҳои об ва раванди тағйирёбии иқлим, ҳифз ва рушди захираҳои об ҳамчун заминаи асосии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани пайомадҳои манфии он дар конференсияи мазкур ҷойгоҳи махсус дошт. Дар асоси барнома, конференсияи мазкур дар доираи ду ҷаласаи умумӣ, дувоздаҳ панели мавзуӣ ва интерактивӣ, форумҳои махсус, намоишгоҳ, фестивали об, марафон ва дигар чорабиниҳои вобаста ба об баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз ду ҳазор иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, роҳбарони зерниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, мудирони кулли созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносони соҳавӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои алоқаманд ширкат намуданд.[15] Панелҳои конференсия дар се гурӯҳ баргузор карда шуданд, ки мавзӯъҳои асосии онҳоро об барои саломатӣ ва одамон, об барои воситаҳои зиндагӣ ва рушди фарогир, об, муҳити зист ва устувории иқлим ташкил намуданд. Дар панелҳо вобаста ба абзорҳои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва дигар ҳадафҳои марбут ба об тамаркуз карда шуд.

Форумҳои дар доираи қабл аз конференсия баргузоршуда бо фарогирии занону ҷавонон, кӯдакону наврасон, дигар қишрҳои асосии ҷомеа ва ҷалби манотиқи мухталиф бо мақсади иловатан фароҳам овардани майдони васеъи муколама доир ба масъалаҳои марбут ба об миёни ҷонибҳои манфиатдор баргузор карда шуданд. Яке аз мавзуъҳои дар доираи форумҳо пайгиришуда татбиқи амалии натиҷаҳои Конференсияи якуми Душанбе мебошад, ки ҷонибҳои иштироккунанда доир ба он дар сатҳи миллӣ дар мисоли кишварҳои алоҳида мулоҳизарониҳои зиёд намуда, роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти вобаста ба обро дар заминаи таҷрибаҳои бадастомада иброз доштанд.

Ҳамзамон, қабл аз конфронси мазкур нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим баргузор гардид, ки дар он мушкилоти гуногуни вобаста ба об ва таъсири манфии раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои об мавриди таҳлилу баррасии ииштирокчиён қарор гирифт. Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, тағйирёбии иқлим назар ба пешгӯиҳои коршиносон суръати бештар ва пайомадҳои мураккабтар дошта, тибқи оморҳои расмӣ он метавонад даҳсолаҳои наздик мушкилоти обро дар ҷаҳон ба маротиб вазнин гардонад. Дар ин нишаст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки «низоми ҳамгироишудаи ҳалли масъалаҳои об ва иқлим барои Тоҷикистон низ хеле муҳим аст, зеро захираҳои об дар рушди устувори кишвари мо нақши калидӣ доранд. Вале дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим имрӯз зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд. Мо аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ борҳо оид ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд сухан гуфтаем. Тибқи Гузориши Панели байниҳукуматӣ оид ба тағйироти иқлим дар бораи уқёнусҳо ва криосфера, то охири садсолаи равон сеяки пиряхҳои ҷаҳон метавонанд аз байн раванд. Дар Тоҷикистон танҳо дар якчанд даҳсолаи охир беш аз як ҳазор пирях аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мусаллам аст, ки идомаи ин раванд, бо назардошти афзоиши босуръати талабот ба об бар асари зиёд шудани шумораи аҳолӣ ва рушди иқтисод, ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад. Яке аз намунаҳои возеҳи ин гуфтаҳо вазъи таъмини об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Агар дар солҳои шастуми асри гузашта таъминоти об ба сари ҳар як нафари аҳолӣ дар минтақа солона зиёда аз ҳашт ҳазор метри мукаабро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда имрӯз зиёда аз чор баробар кам гардидааст. Омили дигари вобаста ба раванди мазкур ин афзоиши босуръати теъдоди аҳолии кишварҳои минтақа мебошад. Акнун ин рақам дар як сол ҳамагӣ аз ду ҳазор метри мукааб иборат аст. Табиист, ки ин масъалаи доғи рӯз бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта бошад».[16]

Бо назардошти ҳолати мазкур пешниҳод ва ташаббусҳои нави ҷониби Тоҷикистон дар конференсияи мазкур эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», муайян намудани санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» ва таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» буд, ки пеш аз ҳама, барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҳифз ва пешгирии шиддати коҳишёбии босуръати пиряхҳо мебошад, ки онҳо сарчашмаи асосии оби тозаи нӯшокӣ маҳсуб меёбанд ва барои Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқи ҳаммонанд бо он асоси ҳаёт маҳсуб меёбанд.

Дар ифтитоҳи конференсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва маъруза намуда, таъкид карданд, ки идораи ҳамгироёнаи захираҳои об, аз ҷумла ҳамбастагии об бо масъалаҳои энергия, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист яке аз абзорҳои асосӣ дар рафъи мушкилоти марбут ба об дониста мешавад. Мо ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем, зеро ҳамкории фаромарзӣ, хусусан, дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар соҳаи обу энергетика дар ҳалли бисёр масъалаҳо нақши калидӣ доранд. Тоҷикистон, ки дар қаламрави он 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, ҳамеша хостори истифодаи самараноки онҳо ба манфиати кулли кишварҳои минтақа мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди ҳамкории фаромарзӣ дар доираи раёсати худ дар Фонди байналимилалии наҷоти Арал авлавият додаем. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш, мо якҷо ба ҳамсояи наздикамон – Ҷумҳурии Узбекистон ба татбиқи муштараки лоиҳаи сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон бо иқтидори умумии 320 мегаватт (МВт) оғоз бахшидем, ки намунаи барҷастаи гуфтаҳои боло мебошад.[17]

Зарфияти асосии чорабинии мазкур аз чорабиниҳои баргузоршавандаи ҳаммонанди он дар кишварҳои дигар дар он маҳсуб меёбад, ки иштирокчиёни он тавассути ташкили сайёҳат аз захираҳои пиряхҳо, ҳолати дарёҳои фаромарзӣ, иншооти соҳаи гидроэнергетика бевосита дидан намуда, ба мушкилоти захираҳои об дар Тоҷикистон аз наздик шинос карда шуданд. Бо пешбурди чунин усули кор Тоҷикистон тавонист натанҳо ба таври назариявӣ, ҳамзамон дар амалия воқеияти мушкилоти обро ба иштирокчиёни конфронси мазкур нишон диҳад ва таваҷҷуҳи бештари онҳоро ба ҳамгироӣ ва дарёфти абзорҳои муассири ҳалли мушкилоти об ҷалб созад.

Дар конфронси мазкур ҷониби Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки раванди иҷрои воқеии ҳадафу вазифаҳои гузошташуда дар самти таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, танҳо барои дастрасии ҳамагонӣ ба оби ошомиданӣ ва шароити зарурии беҳдошт талаботи ҳарсола тақрибан 114 миллиард долларро ташкил медиҳад. Мусаллам аст, ки кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ чунин имкониятҳои молиявиро надоранд. Аз ин лиҳоз, бе кумаки кишварҳои пешрафта, институтҳои молиявӣ ва бахши хусусӣ дар таъмини ҳадафҳои рушд дучори мушкилоти зиёд хоҳанд буд. Тавсеаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои асосӣ дар ин замина ба ҳисоб меравад, ки барои ҷалби сармояи иловагӣ ба соҳаи об ва инфрасохтори он имкониятҳои нав фароҳам меоварад. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва шарикӣ, аз ҷумла бо дигар шарикони рушд ва бахшҳои берун аз соҳаи об, истифодаи технологияҳои муосир, навоварӣ ва таҳқиқоти илмиву фанновариҳои нав зарур мебошад. Ин иқдом аз ҷумлаи омилҳое ҳастанд, ки метавонанд ба ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ба таври муассир мусоидат намоянд.[18] Масъалаи мазкур, алалхусус дар Осиёи Марказӣ бо назардошти вобастагии куллии байнидавлатии кишварҳои минтақа дар соҳаи об мубрам маҳсуб ёфта, амалкардҳои муштараки мутахассисону пажӯҳишгарони давлатҳои минтақаро ҷиҳати дарёфти навовариҳои умумисоҳавии пешбурди муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаи об талаб месозад. Дар ин радиф талоши ҷониби Тоҷикистон низ дар доираи Раванди оби Душанбе ва баргузор намудани силсилаи чорабиниҳои сатҳи баланд дар соҳаи об маҳз ба ҳамин самт равона гардидаанд.

Дар заминаи пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон дар конференсияи мазкур Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  14 декабри соли 2022 Соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 мартро «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ва таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро бо Қатъномаи А/77/443 тасдиқ намуд.

Ҳадаф аз ташаббуси нави Тоҷикистонро дарёфти роҳу василаҳои муассири ҳифзи пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи асосии захираҳои об, алалхусус оби тозаи ошомиданӣ ташкил менамояд.

Тавре маълум аст, дар раванди тағйирёбии иқлим маҳз пиряхҳо аз ҳама осебпазир буда, коҳишёбии онҳо оқибатҳои фалокатборро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пай дорад. Бо назардошти ҷойгиршавии ҷуғрофӣ пиряхҳоро метавонем ба ду гурӯҳ ҷудо намоем: пиряхҳои маҳфуз дар об (уқёнуси яхбастаи шимолӣ) ва пиряхҳои маҳфуз дар хушкӣ (асосан дар баландкӯҳҳо ҷойгир мебошанд).

Дар раванди тағйирёбии иқлим пиряхҳои маҳфуз дар хушкӣ, ки сарчашмаи асосии захираҳои оби ошомиданӣ ва кишвоварзӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбанд ба маротиб коҳиш ёфта, қисми зиёди онҳо аз байн мераванд ва ин ҳолат буҳрони ҷаҳонии обро ба вуҷуд оварда, таъмини амнияти обро душвор мегардонад.

Бо назардошти ҳолати мазкур дар заминаи ташаббуси навбатии байналмилалии ҷониби Тоҷикистон дар доираи Раванди оби Душанбе соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар ин конференсия ҳадафу уҳдадориҳои ҷонибҳои манфиатдор дар самти ҳифзи пиряхҳо мушаххас карда шавад.

Дар маҷмуъ дар доираи Раванди оби Душанбе аз соли 2003 то соли 2022 9 конференсия, 1 форум ва 1 симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардидааст, ки роҳбарон ва намояндагони кулли кишварҳои дунё ва созмону ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба ҳам овардааст. Дар доираи тамоми чорабиниҳои байналмилалии Раванди оби Душанбе дабирони кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофе Анан, Пан Ги Мун, Антонио Гутереш бевосита иштирок намудаанд.

Раванди оби Душанбе тавонистааст дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва ба ҳам овардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар арсаи байналмилалӣ нақши ҳалкунанда бозад. Дар ин замина Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешоҳанг дар самти пешбурди сиёсати ҷаҳонии об эътироф гардида, чор ташаббуси байналмилалии он дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул ва эътироф гардидааст.

Қисми таркибии ҳадафҳои Раванди оби Душанберо дастгирии рушди устувор ва идоракунии маҷмуии захираҳои об, мусоидат ба ҳамкорӣ ва шарикӣ дар самти дастгирии ноил шудан ба мақсадҳо ва ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об, аз ҷумла ҳадафҳо ва вазифаҳои Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ташкил менамояд.

Дар робита ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадор шудааст, ки талошҳои худро ҷиҳати фароҳам овардани заминаи муколама оид ба сиёсат, шарикӣ ва амал дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ дар доираи татбиқи Даҳсола идома дода, бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон конфронсҳои сатҳи баланд баргузор намояд. Бо назардошти ин, ҳар 2 сол дар шаҳри Душанбе конференсияҳои сатҳи баланди байналмилалӣ ҷиҳати арзёбии раванди татбиқи ҳадафҳои гузошташуда баргузор карда мешаванд.

Конфронсҳои дусола дар доираи «Раванди оби Душанбе» имкони саривақтӣ ва арзишмандро барои фароҳам овардани фазои мусоид ва платформа барои дастгирии амал, тавсеаи шарикӣ, ворид шудан ба муколамаи сиёсӣ, баррасии рафти татбиқи Даҳсола ва рушди робитаҳо бо дигар равандҳои дахлдорро фароҳам меорад.

Ҳамин тавр, Раванди оби Душанбе ба платформаи байналмилалии масъалаҳои вобаста ба об табдил ёфтааст ва дар пешбурди дипломатияи об ва ҳамгироӣ дар соҳаи об ҷойгоҳи махсусро касб намудааст.

Раванди оби Душанбе шароити мусоидро барои дар доираи сиёсӣ –илмӣ омӯзиш ва баррасӣ намудани масъалаҳои вобаста ба об фароҳам сохта, силсилаи чорабиниҳои дар доираи он баргузоршуда, тамоми ниҳодҳои миллию минтақавӣ ва ҷаҳонии пешбаранда ва татбиқкунандаи сиёсати обро ба ҳам муттаҳид намуд ва заминаи фарохи омӯзиши масъалаҳои вобаста ба обро дар сатҳи олии сиёсӣ ба вуҷуд овард.

«Ҳамкории кишварҳои мо, бешубҳа намунаи возеҳи он аст, ки чӣ тавр об метавонад ҷонибҳои гуногунро аз минтақаҳои болообу поёноб, куҳсору водӣ, кишварҳои пешрафта, рӯ ба тараққӣ, камтараққӣ ва дигарон ба ҳам оварад».[19]

Аз таҳлил хулоса намудан мумкин аст, ки дар доираи Раванди оби Душанбе институти дипломатияи об ба вуҷуд омада, заминаҳои ташаккули он дар шароити муосир таҳким бахшида шуд.

Имрӯз Тоҷикистон таҷрибаи бойи пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обро доро гардидааст ва бо доштани шароитҳои мусоиди табиӣ, аз ҷумла захираҳои азими обӣ макони мусоиди ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар соҳаи об мебошад. Тоҷикистон имконият дорад дар заминаи силсилаи чорабиниҳои дар доираи Раванди оби Душанбе баргузоршаванда на танҳо ба таври назариявӣ, инчунин дар амалия ҷомеаи ҷаҳониро бо мушкилоти ҷаҳонии об, аз ҷумла таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои об – коҳишёбии маҷрои оби дарёҳои фаромарзӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, зарурати бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва ҳифзи захираҳои об аз наздик шинос намояд. Чунин амал метавонад иштирокчиёни Раванди оби Душанберо бо воқеияти мушкилоти об аз наздик шинос намояд ва доираҳои олии сиёсиро ба қабул ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои дахлдор водор созад. Махсусан, чунин амалкард метавонад боиси бештар гардидани маблағгузории соҳаи об шавад, ки яке аз роҳҳои асосии ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон мебошад.

Зарур аст, ки бо истифода аз натиҷаҳои бадастомада, Раванди оби Душанбе ҳамчун ниҳоди доимоамалкунандаи сатҳи байналмилалӣ ва платформаи ҳамгироии байналмилалӣ доир ба пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об эътироф карда шавад ва доираи фарогирии он аз баргузорнамудани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба пешбурди лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ дар соҳаи об ва таҳқиқотҳои муштараки илмии сатҳи ҷаҳонӣ дар соҳаи об васеъ карда шавад.

Тоҷикистон дорои шароити комилан мусоиде мебошад, ки дар фосилаи ҳар ду соли миёни конференсияҳои байналмилалии дар доираи Раванди оби Душанбе баргузоршаванда бо ҷалби мутахассисони ҷаҳонӣ тамоми мушкилоти вобаста ба об – мушкилоти гидроэкологӣ, коҳишёбии захираҳои об, обшавии босуръати пиряхҳо, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, офатҳои табиии марбут ба об мавриди омӯзиши илмӣ қарор гиранд ва натиҷаҳои он дар конференсияҳо пешниҳоди иштирокчиён гарданд. Зарур аст ин раванд аз ҷониби ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ мавриди маблағгузорӣ қарор дода шавад.

Сайдулло ҚУВВАТЗОДА,
мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

___________

[1] Ниг.: Душанбинский водный процесс [Электроный ресурс] Источник: www.dushanbewaterprocess.org (дата обращения: 05.01.2022).

[2] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар маросими кушодашавии Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза, ш.Душанбе, 30.08.2003 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 11.04.2021).

[3] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар маросими кушодашавии Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза, ш.Душанбе, 30.08.2003 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 11.04.2021).

[4] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конфронси байналмилаӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзӣ, ш. Душанбе, 30 май – 1 июни соли 2005 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 12.04.2021).

[5] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конференсияи байналмилалӣ оид ба коҳиш додани хавфи офатҳои табии марбут ба об, ш.Душанбе, 27-29 июни соли 2008 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 12.04.2021).

[6] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Шарҳи миёнамӯҳлати ҳамаҷонибаи татбиқи фаъолиятҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ш. Душанбе, 8-10 июни соли 2010 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 15.04.2021).

[7] Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, шаҳри Душанбе, 20-21 августи соли 2013 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 18.04.2021).

[8] Дар ҳамон ҷо.

[9] Ниг.: Худоёрова М. Б. Водная дипломатия во внешнеполитическом приоритете Республики Таджикистан [Электроный ресурс]//  Источник: mo.tnu.tj/ru/vodnaja-diplomatija-vo-vneshnepoliticheskom-prioritete-respubliki-tadzhikistan/ (дата обращения: 20.06.2022).

[10] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ш. Душанбе, 09-11 июни соли 2015[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 20.04.2021).

[11] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ш. Душанбе, 09-11 июни соли 2015[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 20.04.2021).

[12] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ш. Душанбе, 09-11 июни соли 2015[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 20.04.2021).

[13] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – «Таъмини дастрасии ҳамагон ба об ва беҳдошт», ш. Душанбе, 09-10 августи соли 2016[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 25.04.2021).

[14] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ш. Душанбе, 20-21 июни соли 2018[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/ (санаи воридшавӣ: 27.04.2021).

[15] Ниг.: Душанбинский Водный Процесс. Вторая Международная конференция высокого уровня по Международному десятилетию действий «Вода для устойчивого развития», 2018-2028, 6-9 июня 2022 года [Электроный ресурс] Источник: www.dushanbewaterprocess.org/?lang=ru (дата обращения 11.06.2022).

[16] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу  иқлим, 04 июни соли 2022 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/node/28464 (санаи воридшавӣ: 10.06.2022).

[17] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ш. Душанбе, 06-09 июни соли 2022 [Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/node/28485 (санаи воридшавӣ: 10.06.2022).

[18] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ш. Душанбе, 06-09 июни соли 2022[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/node/28485 (санаи воридшавӣ: 10.06.2022).

[19] Ниг.: Раҳмон Э. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҷаласаи Раиси Маҷмаи Умумии СММ оид ба омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2023, ш. Душанбе, 25 октябри соли 2022/[Манбаи электронӣ]// Сарчашма: http://president.tj/node/29424 (санаи воридшавӣ: 26.10.2022).

Июнь 6, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
«Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд