Олимон омили дуюми хатари марги бармаҳалро ошкор карданд

Июнь 29, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ифлосшавии ҳаво баъд аз бемории фишорбаландӣ дуввумин омили хатарноки дучор шудан ба марги бармаҳал дар соли 2021 будааст, — чунин омадааст, дар ҳисоботи созмони байналмилалии Пажуҳишгоҳи омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба саломатӣ ва Пажуҳишгоҳи омӯзиши нишондодҳо ва арзёбии саломатӣ (Health Effects Institute и Institute for Health Metrics and Evaluation). Ҳисоботи мазкур дар ҳамкорӣ бо созмони байналмилалии ЮНИСЕФ омода ва пешниҳоди Созмони Миллали Муттаҳид шудааст, — иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии РИА «Новости».

Дар санади мазкур маълумот оид ба ҳолат ва сифати ҳаво ва таъсири он ба саломатии одамон дар тамоми ҷаҳон оварда шудааст.

Натиҷаҳои тадқиқот нишон додааст, ки соли 2021 ифлос шудани ҳаво боиси марги 8,1 миллион одамон гаштааст. Аз ҷумла марги 700 ҳазор кӯдакони то 5-сола бинобар сабаби ифлосшавии ҳаво мебошад. Аз ин шумора фавти 500 ҳазор кӯдаки то 5-сола бар асари ифлосшавии ҳаво (заҳролудшавии ҳаво) дар макони истиқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Сифати пасти ҳаво дар рӯйхати омилҳои хатари дучор шудан ба марги бармаҳал дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ҷойи аввал бемории фишорбаландӣ, дар ҷойи дуюм ифлосшавии ҳаво, дар ҷойи сеюм сигоркашӣ, дар ҷойи чорум гуруснагӣ нишон дода шудаанд.

Дар байни кӯдакони то 5-сола омили дучор шудан ба марг дар ҷойи дуюм қарор дорад, баъд аз гуруснагӣ, ки дар ҷойи якум меистад.

Олимон исбот карданд, ки ифлосшавии ҳаво тавоноии организмро барои мубориза бурдан ба муқобили инфексияҳо заиф мегардонад, ки ин дар навбати худ ба вирусҳо имкон медиҳад, ки вориди организми одам шаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 29, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад