ҶОМИ ҶАҲОН-2026.Чиптаҳои бозии интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон ба фурӯш гузошта шуданд
ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон аз 4 июн фурӯши чиптаҳои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро оғоз намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар баёнияе, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифааш гузоштааст, чунин омадааст:
«Ба иттилои ҳаводорон ва мухлисони футбол, ки мехоҳанд дар шаҳри Душанбе дар бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон иштирок кунанд, расонида мешавад, ки чиптаҳои бозӣ дар хазинаҳои Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастрас ҳастанд. Нархи як чипта 30 сомонӣ мебошад. Чиптаҳоро аз платформаи echipta.tj низ харидан мумкин аст».
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Покистон 11 июн, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






