ОМИЛИ РУШДИ ДАВЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ. Дар Вазорати нақлиёт ҳамоиши идона баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони вазорат, намояндагони идораҳои зертобеи он, фаъолон ва собиқадорони соҳа бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва таъмини ваҳдати миллӣ на танҳо омили наҷоти миллати тоҷик гардид, балки ҳамчун як сабақи омӯзандаи таърихӣ ва таҷрибаи нодири ҳалли мухолифату низоъҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ эътироф карда шуд.
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иброз дошт, ки «сиёсати ободгаронаи Сарвари давлат Тоҷикистонро баъд аз соли 2000-ум ба арсаи созандагию бунёдкорӣ табдил дод. Дар тӯли қариб чоряк аср, садҳо иншооти муҳим дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат бунёд ва ба истифода дода шуданд. Илова ба Неругоҳи барқии обии Роғун, ки сохтмонаш идома дорад, неругоҳҳои барқии амалкунанда навсозӣ шуда истодаанд. Дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардиданд, ки дар натиҷа Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт».
«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи сиёсати бунёдкоронаи худро аз сохтмони роҳу пулҳо ва иншооти роҳдорӣ оғоз намуданд. Сохтмони роҳҳо ба Чин ва тавассути Афғонистон ба Покистон ва ҳамин тариқ барои баромадан ба ҳавзаи уқёнуси Ҳинд яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Сарвари давлатро ташкил дод. Дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ, 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардида, дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ кормандони соҳаи роҳу нақлиёт, роҳсозону роҳдорон, лоиҳасозон, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдидли роҳҳои мамлакат саҳми бориз гузоштаанд»,-афзуд вазир.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо бо дастгирӣ ва роҳнамоии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 623 миллиону 246 ҳазор доллари амрикоӣ мавриди татбиқшавӣ қарор доранд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






