ПЕШГИРИИ ҲАР ЯК БЕМОРӢ АЗ ТАБОБАТИ ОН ОСОНТАР АСТ. Барои гирифтор нашудан ба бемории мавсимии дарунравӣ чӣ бояд кард?

Июнь 21, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бо фарорасии фасли  тобистон  бемории мавсимии дарунравӣ (диарея), хусусан дар байни  кӯдакон меафзояд. Мувофиқи  маълумоти  Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,  ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 1,5 миллион кӯдаки синнашон то 5 — сола аз дарунравӣ талаф меёбанд. Дар ҷумҳурӣ мо низ дар ин фасл байни калонсолон ва хӯрдсолон афзоиши гирифторӣ ба бемории дарунравӣ ба мушоҳида мерасад. Вобаста ба пайдоиш, пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо табиби Маркази саломатии шаҳри №8-и пойтахт  Ҳамидулло Исматов суҳбат кард, ки фишурдаи онро манзури хонандагон менамоем.

АМИТ «Ховар»: Омили гирифтор шудани инсонҳо ба бемории дарунравӣ дар чист ва чаро кӯдакон бештар ба он  гирифтор мешаванд?

Ҳамидулло Исматзода: Сабабгори асосии дарунравӣ ин микробҳое мебошанд, ки дар наҷосат ҷойгир шуда, ба организм ба воситаи даҳон дохил мешаванд. Микробҳо асосан аз риоя накардани қоидаҳои гигиенӣ ва истеъмоли ғизои нодуруст мебошад. Бояд гуфт, ки ғизое, ки истеъмол мекунем, ҷисми моро бо моддаҳои барои фаъолияти организм зарур таъмин менамояд. Инчунин дар баъзе ҳолатҳо ношуста истеъмол намудани меваю сабзавот низ метавонад сабабгори пайдо шудани дарунравӣ гардад.

Барои он кӯдакон бештар ба ин беморӣ бештар гирифтор мешаванд, ки аксари  онҳо ба ҷои шири модар ҳар гуна ғизоҳои сунъӣ истеъмол менамоянд. Синамаконӣ имкон медиҳад, ки кӯдакон камтар ба дарунравӣ дучор гарданд. Шири модар ин манбаи беҳтарини моеъ ва ғизо барои кӯдакони мубталои дарунравӣ мебошад, зеро серғизо буда, барои баланд бардоштани дараҷаи сироятнопазирии кӯдак ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин кӯдакон назар ба инсонҳои калон ҷисмашон нозук мебошад. Фавти кӯдакон аз ин гуна бемориҳо дар ҷои аввал меистад. Бинобар ин волидайнро мебояд, ки ҳангоми мушоҳидаи аввалин ҳолати дарунравии  кӯдак сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд.

АМИТ «Ховар»: Нишонаҳои бемории  дарунравӣ кадомҳоянд?

 Ҳамидулло Исматзода:  Бемории дарунравӣ бо чунин нишонаҳо оғоз мешавад: — бо дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез. Ранги наҷосат сабзи сиёҳтоб бо парда ва дар бемории исҳоли хунин бошад бо парда ва хун, дар дигар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда наҷосат тез-тез 10-15 маротиба меафзояд. Ҳарорати бадани кӯдак баланд шуда, аз хӯрок хурдан даст мекашад.  Инчунин  фишори хун паст мешавад, набз тез- тез мезанад. Даҳон, лабон ва пӯсти бемор хушк мешавад. Дар вақти мушоҳидаи ин гуна аломатҳо ҳатман доруи регидронро истифода баред ва ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед.

АМИТ «Ховар»: Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан чӣ бояд кард?

Ҳамидулло Исматзода: Дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои болозикргардида чи дар кӯдак ва шахси калон ҳатман ба духтур муроҷиат намоед. Зеро ин беморӣ дар се марҳила мегузарад. Дар марҳилаи аввал табибон ба бемор истифодаи дурусти регидронро бо иловаи дигар доруҳо тавсия медиҳанд, ки дар ин ҳолат  беморӣ ба зудӣ ё сабук мегузарад. Марҳилаи дуюм дар он аст, ки бемор оби бадани худро то ҳадде кам кардааст. Дар ин ҳолат табибон маслиҳат медиҳанд, ки додани регидрон ба ин гуна бемор зиёд карда шавад. Агар бемор ҳолаташ вазнин бошад онро дар беморхона таҳти назорат мегирад ва барои муолиҷа ба хона тавсия намедиҳад. Дар маҳилаи сеюм бемороне ҳастанд, ки ҳолати нохуш доранд. Зеро онҳо аз ҷониби оилаи худ ба худтабобаткунӣ машғул буданд. Ин гуна беморон ҳатман таҳти назорати ҷиддӣ гирифта мешаванд.

Бояд як нуктаро иброз дошт, ки додани регидрон қоидаҳои махсуси худро дорад. Барои ин худсарона ба истеъмоли дору машғул нашавед ва ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат намоед.

Ҳамчунин косаю табақи ӯро ҷудо кунед. Агар духтури ҷойи зист тавсияи дар беморхона бистаришавӣ диҳад, рад накарда, табобати статсионарӣ гиред. Тозагии худ ва гирду атрофи хонаатонро риоя кунед. Ҳама вақт дастонатонро бо собун шӯед. Бештар оби  ҷӯшонидашуда истифода баред. Ба кӯдакони синнашон то 6 моҳа тез – тез шабу рӯз шири сина макондан лозим. Оби ҷӯшонидаи ширгарм додан ҳатмӣ аст. Зеро кӯдакон оби баданашон кам мебошад.

Тарзи тайёр кардани маҳлули омода кардани регидрон чунин аст: Як халтачаи онро кушода, хокаи онро ба банкаи 1 литра андозед ва 1 литр оби ҷӯшонидашудаи ширгармро илова кунед. Онро то ҳал шудани хока омехта кунед. Маҳлули тайёршударо  фақат то 24 соат истифода баред. Регидронро ба кӯдак то қатъ шудани дарунравӣ додан лозим аст.  Дар таркиби регидрон дар як воя 20 гр глюкоза, 3,5гр хлориди натрий, 2,9 гр лимӯи турши натрий, 2,5 гр бикарбонати натрий ва 1,5 гр хлориди калий мавҷуд аст. Як воя (пакет) барои дар як литр оби ҷӯшонидашудаи ширгарм маҳлул намудани он пешбинӣ шудааст.

Ҳангоми дастрас набудани регидрон дар хона онро чунин омода намоед: дар як литр оби ҷӯшонидашудаи ширгарм чор қошуқчаи майда шакар, ним қошуқчаи майда намаки оширо омехта намоед.  Ҳангоми тайёр намудани ин маҳлул таркиби онро дуруст ҳисоб намудан лозим аст, зеро истифодаи шакари зиёд шиддати дарунравиро зиёд мегардонад. Намаки зиёд бошад барои кӯдак заранок аст.

Пешгирии ҳар як беморӣ аз табобати он осонтар аст. Дар хотир дошта бошед, ки агар тозагиро риоя намоед ва тарзхи ҳаёти солимро пеша намоед, бемор намешавед.

ФирӯзаДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 21, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ ВА ҲИФЗИ ТЕХНИКИИ ИТТИЛООТ. Роҳбарони дастгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ такмили ихтисос намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Долонаи Ашт мактаб ва бунгоҳи тиббӣ сохта мешавад
Дар Душанбе вобаста ба нақши қонунҳои миллӣ дар таъмини зиндагии шоистаи мардум конференсияи илмӣ — назариявӣ доир гардид
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Заминсоз» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаи ошкорсозӣ ва бақайдгирии гепатитҳои вирусӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Туркия бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамкориро тақвият медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд