Президенти Бонки исломии рушд бо унвони «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сарфароз гардид

Июнь 14, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рафта, бо ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ ва иқтисодшиносони мамлакат мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Меҳмони олиқадрро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода хайрамақдам гуфта, ба Президенти Бонки исломии рушд барои дастгирии сармоягузории бунёди Маркази рушди касбият ва хизматрасонии филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба маблағи 5,3 миллион доллари амрикоӣ ва ворид намудани лоиҳаҳои нави донишгоҳ ба барномаи сармоягузории бонк миннатдории самимӣ баён намуд.

Дар идомаи мулоқот раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ҳамкории пайваста ва саҳми арзанда дар рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии лоиҳаҳо дар самти таҳкими инфрасохтори Донишгоҳ Президенти Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассерро бо қарори Шурои олимони муассиса бо унвони ифтихории «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳ сарфароз гардонид.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Июнь 14, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд