Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо НБО-и «Норак» шинос шуд

Июнь 15, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июн Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Норак» шинос шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни шиносоӣ Президенти Бонки исломии рушд иброз намуд, ки боиси ифтихори сокинони Тоҷикистон аст, ки сарбанди аз сангу шағал бунёдгардидаи Неругоҳи барқи обии «Норак» бо баландии 300 метр то имрӯз дар дунё ҷойи аввалро ишғол намуда, зиёда аз 50 сол самаранок фаъолият намуда истодааст. Баъди боздид ӯ дар китоби хотироти меҳмонон дастхати хотиравӣ гузошт.

Ҳамчунин 12 июн Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба ноҳияи Данғара сафар намуд.

Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер нахуст бо Қасри фарҳанг ва Осорхонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос шуда, иброз намуд, ки аксу хотираҳои айёми ҷавонӣ дар осорхона воқеан аз созандакору ободкор будани Пешвои миллат то имрӯз дарак медиҳад.

Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо бинои нави Маркази саломатии ноҳия ва ҳолати амалишавии лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара шинос шуда, афзуд, ки Бонки исломии рушд барои татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон саҳмгузорӣ намудааст.

Дар идома доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯсфандҳои хушзоти тоҷикӣ шинос шуд.

Президенти Бонки исломии рушд баъди сафар ба ноҳияи Данғара таассуроти неки худро аз меҳмоннавозии сокинон баён намуда, иброз дошт, ки ноҳия дорои беҳтарин имкониятҳо барои рушди ҳама самтҳо мебошад.

Инчунин 12 июн доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба боғи гелос дар хоҷагии деҳқонии «Мавлонобобои Шоҳонӣ», ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, рафт.

Боғи хоҷагии деҳқонии «Мавлонобобои Шоҳонӣ» дар масоҳати умумии 8 гектар ҷойгир буда, асосан дар он навъҳои гуногуни меваҳои гелос, олу, зардолу ва себ парвариш карда мешаванд.

Доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер гуфт, ки лаззати шаҳдбори навъҳои гуногуни меваҳои гелоси аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки дар шароити мусоиди иқлими Тоҷикистон мерӯяд, назираш дар дунё дида намешавад.

Ёдовар мешавем, ки 11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки исломии рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 15, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд