РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба он ҳамоиш доир шуд

Июнь 1, 2024 13:44

ДУШАНБЕ, 01.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамоиши фарҳангӣ – фароғатӣ  ва озмуни «Рассоми беҳтарин байни кӯдакон» доир гардид. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи академия Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «воқеан кӯдакон давомдиҳанда ва номбардори падару модар ба ҳисоб рафта, мо насли калонро мебояд фарзандонро дар фазои орому осоишта, дар шароити мусоид бо меҳру муҳаббати бепоёни инсонӣ парварида, мутобиқ ба руҳу равони онҳо амал намуда, онҳоро дар руҳияи дӯст доштани волидон, Ватан, табиат, ҷамъият, арзишҳои миллӣ тарбия намоем, то кӯдак оянда дар ҷамъият мавқеи худро пайдо карда тавонад».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ин сана ба мо, калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мо аст. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббатамонро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Дар доираи озмуни «Рассоми беҳтарин байни кӯдакон» кӯдакон бо шавқу ҳаваси бепоён дар рӯи замин расмҳои дӯстдоштаи худро кашиданд. Онҳо дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рассомӣ намуда, аз ҳунару истеъдоди худ волидон ва дигар иштирокдорони ҳамоишро воқиф намуданд. Дар озмун кӯдакон расмҳои ватандӯстонаашонро пешкаши ҳозирин намуданд.

 АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июнь 1, 2024 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд