РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. «Воқеияти маҷозӣ» — муаррифи иқтидори обию энергетикӣ ва манзараҳои дилфиреби Тоҷикистон ба меҳмонон
ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар “Кохи Сомон” гӯшае таҳти унвони «Воқеияти маҷозӣ» ташкил гардид, ки ҳадафаш тавассути технологияи муосир муаррифии иқтидори обию сайёҳии Тоҷикистон, манзараҳои дилфиреби он ва иншооти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон мебошад.
Тавре дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ассистенти Барнома оид ба обтаъминкунӣ ва беҳдошти Бунёди байналмилалии атфоли Созмони Милали Муттаҳид /ЮНИСЕФ/ дар Тоҷикистон Таҳмина Назарова иброз намуд, барнома бо дастгирӣ ва кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо таҳия ва пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд. Бисёре аз меҳмонон зимни тамошои манзараҳои ҷолибу дилфиреб ва нотакрори Тоҷикистон, аз ҷумла кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир, Зарафшон, Ҳисор, кӯли Сарез, дарёи Сиёма, неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак» ва олами бойи набототу ҳайвонот, ки тавассути барнома пешниҳод гардиданд, ба ваҷд омада, аз тамошои манзараҳои нотакрори Тоҷикистон ангушти ҳайрат газиданд.
Тавре ҳамсуҳбати мо таъкид намуд, чунин гӯша ду сол муқаддам дар доираи Конфронси дуюми оби оби Душанбе- моҳи июни соли 2022 созмон ёфта буд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






