Роҳҳои осон ва мувофиқи интиқоли маблағ барои муҳоҷирон

Июнь 13, 2024 13:28

ДУШАНБЕ, 13.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамён»-и «МегаФон Life» барои зуд ва осон интиқол додани воситаҳои пулӣ ба наздикон ҳангоми қарор доштан дар мамлакати дигар кумак менамояд. Барои ин танҳо телефон бо замимаи фаъолкардашуда лозим аст.

«Ҳамён» дар замимаи «МегаФон Life» барои анҷомдиҳии садҳо амалиёти гуногуни молиявӣ имконият медиҳад. Маъмултарини онҳо дар байни муҳоҷирон-интиқоли маблағ ба хона, пардохти ҳисобномаҳои ХМК ва пур кардани тавозуни телефони наздикон мебошанд. Муҳим он аст, ки пеш аз сафар тартиби мушаххаскунӣ (идентификатсия)-ро дар толори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ё идораҳои Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» гузаред. Ин барои озодона идора кардани маблағҳои худ имкон медиҳад.

Барои интиқол — масалан, аз Русия ба Тоҷикистон, аввал бояд корти бонкии русиягӣ ба замимаи «МегаФон Life» пайваст карда шавад. Пас аз ин, дар ҳисоби корбар маблағ барои интиқол пайдо мешавад. Баъдан бояд дар саҳифаи асосии «Ҳамён» дар қисми «Интиқол ва кортҳо» тасвири «Интиқоли маблағ»-ро пахш кунед ва Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати қабулкунанда интихоб намоед. Сипас, нишон диҳед, ки интиқол ба куҷо анҷом дода мешавад — ба корти «Корти Миллӣ» ё «Ҳамён»-и шахси қабулкунанда дар «MeгаФон Life». Вобаста ба ин, рақами корт ё «Ҳамён», маблағ ва ҳисобномаи пардохт ворид карда мешаванд («Ҳамён»/корт). Баъд аз ин сатри «Интиқол додан» пахш карда шуда, равзана барои воридкунии рамзе, ки тавассути СМС ирсол мегардад, пайдо мешавад. Баъди воридкунии рамз маблағ ба шахси қабулкунанда фиристода мешавад. Тамоми раванд якчанд дақиқа вақтро мегирад, ки нисбат ба рафтан ба шуъбаи бонк ё ҷустуҷӯи банкомат хеле зудтар ва осонтар аст. Меъёри моҳона ҳангоми интиқоли маблағ аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон барои як қабулкунанда — 700 000 рублро ташкил медиҳад.

Дар «МегаФон Life» инчунин smart-интиқоли маблағ бо рақами телефон тариқи паёмрасон дастрас аст. Бо ин роҳ маблағҳо танҳо ба рақамҳои муштариёне фиристода мешаванд, ки онҳо низ «Ҳамён» дар «МегаФон Life» доранд. Барои интиқол тавассути паёмрасон бояд дар феҳристи асосӣ бандҳои «Зангҳо» — «Чатҳо»-ро гузашта, тамоси дилхоҳ интихоб карда шавад, нишони «TJS» пахш гардида, пин-рамзи «Ҳамён» ворид ва бо истифода аз клавиатураи пайдошуда маблағи интиқол нишон дода шавад. Пулро аз ҳисоби «Ҳамён», корти бонкии ба замима вобасташуда ё корти кредитии фаъолшудаи «Орзу» фиристода метавонед. Маблағи камтарини интиқол — 1 сомонӣ, маблағи зиёдтарин — 5 759 сомониро ташкил медиҳад. Меъёри моҳона – 125 999 сомонӣ.

Қабулкунандагони маблағҳо дар Тоҷикистон метавонанд онҳоро дар банкоматҳо тариқи хизматрасонии «Cash Out» ва бо роҳи муроҷиат ба толори алоқаи «МегаФон Тоҷикистон» нақд кунанд. Хизматрасонӣ ба ҳамаи дорандагони кортҳои низоми «Корти Миллӣ», новобаста аз бонки хизматрасон дастрас аст. Комиссия ҳамагӣ 1% аст. Дар як рӯз то 10 000 сомонӣ аз як идора гирифтан мумкин аст.

Замимаи «МегаФон Life»-ро боргирӣ карда, аз тамоми имконияти он, ҳатто ҳангоми қарор доштан дар хориҷа истифода баред!

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Июнь 13, 2024 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд